arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
3292

Ҳамал

Рӯзи бобарор аст. Эҳтимол дӯстони дерин аз шумо кӯмак мепурсанд ё баръакс пешниҳодиҳои наву ҷолиб мекунанд. Дар ин рӯз бо кори идора ва тахт кардани ҳуҷҷатҳо машғул нашавед. Чунин машғулиятҳо аз шумо нерӯи зиёд талаб намуда, боиси асабхаробиятон мегарданд.

Савр

Дар ин рӯз бо корҳои душвор машғул шуданро тавсия намедиҳем. Бо коре машғул шавед, ки аз шумо машақати зиёдро талаб накунад. Дар баробари ин, аз вохӯриҳои корӣ ва гуфтушунидҳо рӯ нагардонед. Ба нуқтаи назари атрофиён гӯш андозед, хусусан агар бароятон қадр дошта бошанд, нисбати онҳо фориғболӣ накунед.

Ҷавзо

Корҳои дар ин рӯз ба нақшагирифта бобарор анҷом меёбанд. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки тавакал мекунед, бурд мекунед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйироти ҷиддӣ дида намешавад. Бо нафари бароятон азиз бо сабабҳои ночиз баҳсу мунозира накунед.

Саратон

Қабл аз кореро ба сомон расонидан, бо аъзоёни оила, ҳамкорон ё нафарони ботаҷриба маслиҳат кунед. Айни замон нерӯи худро ба фоидаи кор истифода баред. Қабл аз ҳарферо ба забон овардан нағзакак андеша намоед, эҳтимол нафареро сахт меранҷонед.

Асад

Дар ин рӯз аз баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед. Дар муноқишаҳои рухдода шумо ғолиб намеоед.  Воқеаҳои рӯзҳои наздик табъи дили шумо намегарданд ва шумо барои ислоҳи вазъият коре карда наметавонед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор нест.

Сунбула

Дар ҳаётатон ягон тағйироти ҷиддӣ дида намешавад. Бо нафарони руҳан носолим якҷоя нашавед. Бо аҳли оила ва дар канори шахси дӯстдоштаатон худро роҳат эҳсос намуда, касе ба шумо зарар расонида наметавонад. Кореро ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯши худ нагиред.

Мизон

Дар ин рӯз аз мушкилоти худ зиёд ҳарф назанед. Аз ғайбат кардани нафаре худдорӣ намоед. Бо ин амалатон нафареро сахт ранҷонида, бар зидди худ мешуронед. Барои он ки ба саломатиятон таъсири бад нарасад, аз вазъиятҳое, ки боиси фишори руҳӣ мегарданд, дурӣ ҷӯед.

Ақраб

Дар ин рӯз нисбати наздикони худ ғамхории бештаре зоҳир намоед. Айни замон эҳтимоли ранҷонидани нафареро доред, ки бар асари он хафагиҳои дерина рӯ мезананд. Табъи нохуши худро дар коргоҳатон нишон надиҳед. Эҳтимоли аз хӯрок заҳролуд шуданатон зиёд аст. Бегоҳирӯзӣ дар бораи дӯстдоштаатон хабари нав мешунавед.

Қавс

Имрӯз табъатон болидаву хотиратон шод мегардад. Барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи мусоид аст. Аз ҷониби нафаре, ки сидқан дӯсташ медоред, қаҳру ғазаб имкон дорад. Муҳим он аст, ки худро дар ҳама кор гунаҳкор наҳисобед, зеро барои хушбахтии ёратон ҳама кори аз дастатон омадаро кардаед.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз аз вохӯрӣ бо сардоратон роҳи гурез ҷӯед. Ба гумон аст, ки шумо ба мақсади худ бирасед. Дар коргоҳ ба нафароне, ки ба рӯятон механданд, бовар накунед, баъзеҳо ба пешравиҳои шумо ҳасад мебаранд. Барои ба беморхона рафтану сар кардани табобат рӯзи бобарор аст.

 

Далв

Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона. Ба нафароне, ки ҳанӯз ҳам бахти худро пайдо накардаанд, бодиққат буданро тавсия медиҳем. Рафту дӯстдоштаи худро ёфта бошед, бо ӯ вақтатонро хуш мегузаронед. Пулҳои захиракардаатонро барои хариди фаврӣ сарф карданатон лозим меояд.

 

 

Ҳут

Агар шумо ба наздикӣ аз дӯстдоштаатон ҷудо шуда бошед, ғамгин нагардед, шумо ҳеҷ гоҳ танҳо намемонед. Даромади пулӣ имкон дорад, вале ҳамаи пули ба даст овардаро сарф накунед. Сафари таъҷилӣ ва як занги телефонии роҳбарият нақшаҳои шуморо барбод медиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД