Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
1785

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо сабаби серкорӣ каме нотоб шуданатон имконпазир аст. Эҳтимоли зиёди ба даст овардани даромади иловагӣ вуҷуд дорад. Ҳатто нафароне, ки дар соҳаи савдо таҷриба надоранд, бурд мекунанд. Лимӯчой ва оббозӣ дар оби гарм ба шумо фоида мерасонад. Нафароне, ки бо дӯстдоштаашон қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз метавонед, ки бо дили пур ба бозору мағоза биравед. Сафарҳои ғайринақшавӣ бобарор анҷом меёбанд. Дар муносибат бо нафари дӯстдошта бо сабру таҳаммул бошед ва муноқиша накунед. Барои кӯмак ба дигарон рӯзи мувофиқ аст. Парҳез саломатии шуморо хубтар мекунад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар нияти харид карданро дошта бошед, барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи хуб аст. Бо амри дил амал кунед, он гоҳ даромади иловагӣ ба даст меоред. Субҳгоҳон ба варзиши сабук машғул шавед. Корҳои нотамом шуморо ором намегузоранд, аммо барои тамом кардани онҳо маблағи бештаре лозим аст, ки онро ҳоло надоред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Баъзеҳо дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд. Овозаҳои дурӯғро рад кунед, вале ҳақиқатро пинҳон накунед. Баъзе атрофиён бо шумо муносибати ноадолатона доранд. Чизи гаронбаҳоеро гум карда, бар ивазаш даромади пулӣ ба даст меоред. Барои он ки корҳоятон хуб ҷараён гиранд, аз рӯйи нақша амал кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Аввали рӯз корҳои нисбатан муҳимро ба нақша нагиред. Нимаи дувуми рӯз корҳоятон он қадар барор мегирад, ки дигарон ҳатто рашк мекунанд. Вазъи саломатӣ аз хушҳолӣ ва болидарӯҳӣ низ вобастагӣ дорад. Дӯстдоштаатон ба меҳрубонии шумо эҳтиёҷ дорад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бо шарофати дурандешӣ роҳи беҳтар сохтани зиндагиро пайдо мекунед. Атрофиён аз шумо кӯмак мепурсанд. Ёрӣ расонидан хуб аст, аммо иҷозат надиҳед, ки шуморо ба фоидаи худ истифода баранд. Аз корҳои вазнин худдорӣ намуда, саломатиро аз даст надиҳед. Хароҷоти беҳуда накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бояд таҷрибаву кордонии худро ба дигарон ҳам нишон диҳед. Дӯстдоштаи шумо танҳо будан мехоҳад, ба ӯ фишор наоред ва шубҳа ҳам накунед. Дар ғами саломатӣ набошед, зеро кори вазнин шуморо баръакс болидарӯҳ мекунад. Истироҳат карда наметавонед, беҳуда кӯшиш накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Миёни шумову атрофиён нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд. Ҳатто бо дӯстони наздикатон забон ёфта наметавонед. Баъзеҳо аз гуфтаҳои худ пушаймон мешаванд. Кори муҳимро фаромӯш карданатон мумкин аст. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Ҳар субҳ машқи бадан кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба он суолҳое, ки вақтҳои охир азиятатон медод, посух пайдо мекунед. Бо наздиконатон муноқиша мекунед, аммо ба ҷанҷоли калон роҳ надиҳед. Ба дарди сар гирифтор мешавед. Бепарвоӣ накарда, ба духтур муроҷиат кунед. Маҳс гирифтан ба шумо фоида дорад. Дӯстдоштаатонро ранҷониданатон имкон дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар робита бо нафарони калонсоли оила нофаҳмӣ ба миён меояд. Муносибатҳои ошиқонае, ки имрӯз сар мезананд, то тӯю ақди никоҳ рафта мерасанд. Аз истеъмоли хӯрокҳои вазнин худдорӣ намуда, бештар меваю сабзавот хӯред. Аз надоштани пул ташвиш накашед, вазъият хуб хоҳад шуд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нуқтаи назари худро баён намуда, бисёриҳоро аз худ меранҷонед. Ҳатто бо нафарони воломақом баҳс карда, ба худ душман мехаред. Аз бехобӣ азият мекашед ва асабонӣ мешавед. Бо нафароне робита кунед, ки буданашон боиси болидарӯҳиятон бошад. Меҳрубониро танҳо ба дӯстдоштаи худ раво бинед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар ба мақсад расидан хоҳед, кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед. Бо ҳамкорон муноқиша ва бо дӯстон баҳсу мунозира мекунед. Нимаи дувуми рӯз мулоқоти ошиқонаро ба нақша гиред. Пойафзоли пошнабаланд напӯшед, эҳтимоли афтида, ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД