arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
3648

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар атрофиёнро моту маҳбут кардан хоҳед, бояд ақлу заковати худро ба кор баред. Барои онки сафи душманонатон зиёд нагардад, аз дағалӣ худдорӣ намоед. Муносибатҳоятонро вайрон кардан нахоҳед, аз аспи ҷаҳл фароед. Хусусан, дар муносибатҳои ошиқона меҳрубонтару самимӣ бошед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нуқтаи назари худро нисбати нафаре аз нав дида бароед. Далелҳоеро ба даст меоред, ки ба дуруст буданашон шубҳа кардан номумкин аст. Барои онки дар ҳоли ногувор намонед, ба қабул кардани хабари ногаҳонӣ омода бошед. Ба дӯстдоштаатон бовар карданро омӯзед, вагарна байнатон ҷудоӣ меафтад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ба дили атрофиён ба зудӣ роҳ меёбед. Ҳар гапу кори кардаатонро наздикон ба хушӣ қабул менамоянд. Агар нақшаи бо нафаре ҳамкорӣ кардану забо як карданро дошта бошед, имрӯз бароятон хеле мусоид аст. Барои мулоқоти ошиқонаву робитаи телефонӣ рӯзи хуб аст. Эҳтимол, каме нотоб шавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бе ягон душворӣ бо нафарони даркорӣ вохӯрӣ ташкил намуда, бо чолокӣ ба дилашон роҳ меёбед. Робитаҳое ки айни замон барқарор менамоед, хеле муфиданд, аз ин лиҳоз, робитаро бо ҳар нафаре, ки шинос мегардед, канда насозед. Ба хабаре, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз аз рафтори атрофиёнатон дилозурда нагардед. Дар масъалаҳои мушкилоти рӯзгор ва харидорӣ молҳои қимматбаҳо маблағи зиёд сарф кардани наздикон боиси асабхаробиятон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ андаке нотоб гаштанатон имкон дорад, вале беморӣ тӯл намекашад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи пур аз ҳодисаву рӯйдод аст. Бо шарофати пухтакориву корчаллонӣ даромади хуб меёбед. Ҳатто корҳои хатарнок даромади хуб меоранд, ба шарет ки дкдилагӣ накарда, зуд аз пайи кор шавед. Толеъ ёратон мегардад, вале баъди нисфирӯзӣ муноқишае рух дода, таюъатон нохуш мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз бояд хеле ҳушёр бошед, то ки ба хатогиҳо роҳ надиҳед. Маблағҳои худро дар ҳолати саросемагӣ сарф накунед. мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, дар оянда душвориҳои зиёдеро эҷод мекунанд. Ҳар хабаре, ки мешунавед, то кадо мандоза ҳақиқат доштанашро муайян намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз сари қарори муҳиме омадану масъулияти худро нишон доданро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимоли фиреб хӯрданантон зиёд аст. Қабл аз амалӣ намудани нақшаву ниятҳое, ки дар мадди аввал ҷолиб менамоянд, ба саросемагӣ роҳ надода, чанд рӯз таваҷҷуф намоед. Нафаре кайҳо боз ошиқи зоратон гаштааст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз гапи шунидаатонро бо дӯстон муҳокима накунед, зеро хабари гуфтаатон нодуруст баромада, шарманда мешавед. Барои минбаъд ба чунин ҳолатҳо гирифтор нашудан, зудбовар нашавед. Саломатии худро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Вақтк имконияти ислоҳ кардани ғалату камбудиҳоятон фаро расидааст. Ҳам дар масъалаҳои кориву ҳам рӯзгор ва ҳатто муносибатҳои шахсӣ ислоҳ шавед. Албатта, ба гардан гирифтани хатогиҳо кори осон нест, вале фаромӯш насозед, ки дар дунё шахси бекамбудӣ нест. Вазъи саломатиатон аз худатон вобастагӣ дорад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз саломатиатон нохуб гашта, худро бад ҳис мекунеду нисбати атрофиён дағал мегардед. Кореро ба анҷом расонидан намехоҳед. Нафароне, ки бо ҳуҷҷатҳои муҳим сару кор доранд, хурдагириву кунҷкобӣ карданашон хуб аст, вагарна ба ғалатҳои ислоҳнопазир роҳ дода, ташвишашон зиёд мегардад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз натанҳо аз ӯҳдаи тамоми корҳои душвор мебароед, балки имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо мекунед. Меҳнати кардаатон самараи нек медиҳад. Ҳутҳое, ки бо якравӣ дӯстдоштаи худро меранҷонанд, сахт пушаймон мегарданд. Истироҳатро фаромӯш накунед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед.

Кароматуллоҳи Имомалӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД