Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
2701

Ҳамал

Дар ин рӯз аз фаъолнокӣ худдорӣ намоед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, нағзакак фикр карда, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Рафту муҷаррад бошед, аз маъракаҳои дилхушкунанда дурӣ наҷӯед. Вохӯриҳои тақдирсоз имкон доранд. Рӯзи хубест барои илмомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбият.

Савр

Дар ин рӯз ҳодисаи ногуворе рух намедиҳад. Қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем. Барои васеъ сохтани сатҳи ҷаҳонбиниятон рӯзи мусоид аст, хусусан агар шумо бо шахси дӯстдоштаатон бошед. Хабари дар ин рӯз шунидаатонро овоза накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед.

Ҷавзо

Ҳар сухане, ки ба забон меоред, сад бор андеша карда, баъдан гӯед. Нохушиҳои зиёде, ки бо шумо рух медиҳанд, маҳз бо сабаби гуфтори беандешаатон ба амал меоянд. Беҳуда нагуфтанд, ки «даҳони пӯшида сад тилло». Ба ҳар кори майда-чӯйда диққат дода, асаби худро вайрон накунед.

Саратон

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо шиносҳои наватон хеле эҳтиёткор бошед. Таваҷуҳи нафарони бадкирдорро ба худ кашиданатон имконпазир аст. Қабл аз он ки дар назди бегонагон дарди дил мекунед, нағзакак андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаи худ баҳсу мунозира накунед.

Асад

Дар ин рӯз бо баҳсу мунозира, рафъ намудани мушкилиҳои баҳсталаб ва оштишавӣ машғул нашавед. Агар бо шахсе шинос шавед, ки бо як дидан дилатонро ба ларза оварад, ӯ дар зиндагиятон нақши муҳимро мебозад. Аз ногувориҳои ба саратон омада ноумед нашавед, гузаштаро фаромӯш кунед.

Сунбула

Айни замон муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем, хусусан бо нафаре ки дӯсташ медоред, дилранҷонӣ накунед. Дар ин рӯз қаҳру ғазабатон чунон зиёд мегардад, ки ба ҳарфи касе гӯш додан намехоҳед. Дар дигар ҷодаҳои зиндагӣ шуморо комёбӣ интизор аст.

Мизон

Ягон тағйироти ҷиддиву манфӣ дида нашавад. Бо корҳои нав машғул шуда, қарзҳои куҳнаро бармегардонед. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва мулоқоти ошиқона. Нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед. Дар ин рӯз бо мошин ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем.

Ақраб

Ҳар кореро, ки дар ин рӯз оғоз мекунед, бобарор анҷом ёфта, ба пешравиҳоятон мусоидат мекунад. Бо нафарони воломақом баҳс карданро тавсия намедиҳем. Ба маслиҳате, ки имрӯз мешунавед, бепарвоӣ зоҳир накунед, вагарна ба ғалат роҳ медиҳед.

Қавс

Корҳои ҷиддиву маъракаҳоро ба нақша гирифта метавонед, дар ин рӯз аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ мебароед. Ба мулоқоти ошиқона ва дилхушиву истироҳат ниёз доред. Бо шарофати табъи хуш ва болидаруҳӣ ба шахси дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои зиёди хотирмонро ҳадя месозед.

Ҷаддӣ

Муносибататон бо атрофиён муътадил ҷараён мегирад. Аз шумо на ташаббус талаб мекунанду на гузашт карданро. Ҳам ҷисман ва ҳам руҳан худро хуб эҳсос мекунед. Ба нафаре дасти кӯмак дароз карда, болидаруҳ мегардед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.

 

 

 

Далв

Агар аз уҳдаи коре баромада натавонед, бори дигар аз паяш шавед. Имкони хуби дар чанд ҷода мувафақ шуданатон вуҷуд дорад. Таърифу тавсифи наздикон ва ҳамкорон шуморо пару бол мебахшад. Барои рафъ намудани асабоният ба корҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Рашки беасосро аз худ дур намоед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз барои анҷом додани коре кӯшиши зиёд карданатон лозим меояду барои рафъи монеаҳо бодиққат бояд бошед. Айни замон саломатиятон нохуб мегардад, барои он ки бемор нашавед, аз рӯи фармудаҳои табибон амал кунеду аз одатҳои бад даст кашед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД