Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз нисбати хабарҳое, ки аз нафарони дурӯғгӯй мешунавед, боэҳтиёт бошед. Ба касе қарз надиҳед, ҳатто агар ваъда диҳанд, ки онро дар кутоҳтарин фурсат бармегардонанд. Баръакс, худи шумо имрӯз ба кӯмаки молиявӣ ниёз пайдо мекунед. Нисбат ба саломатии худ беаҳамиятӣ накунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар соҳаи тиҷорат вақти худро ба корҳои майда-чӯйда сарф накунед, балки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои бузургтаре камар бибандед. Бе ранҷ ба даст овардани ганҷ ғайриимкон аст. Даромади иловагӣ дар назар нест, аммо аз бепулӣ низ азоб нахоҳед кашид. Шом кӯшиш кунед, ки дар ҳалқаи оилаи худ бошед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Вақти он расидааст, ки ба дӯстдоштаатон на аз дур, балки аз наздик изҳори муҳаббат намоед. Барои қабули қарорҳои муҳим, ки ояндаатон аз онҳо вобастагӣ дорад, шитоб накунед. Агар шунидед, ки шуморо ғайбат мекунанд, ба дил нагиред ва тавре рафтор кунед, ки гӯиё чизеро нашунидаеду намедонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки фармонфармоӣ накунед. Ҳарчанд инро мехоҳед, аммо тавре вонамуд кунед, ки гӯиё фикрҳои худро ба сари касе бор карданӣ нестед. Бисёре аз саратонҳо дар роҳи ишқу муҳаббат дучори ноумедӣ мешаванд. Ба бадиҳо бо хубӣ ҷавоб гардониданро омӯзед, ҳарчанд кори осон нест.
Асад (23 июл-22 август)
Корҳои худро ба ҳеҷ ваҷҳ ба рӯзи дигар ба таъхир нагузоред, вагарна дигар фурсати мувофиқ пайдо карда наметавонед. Рӯйдодҳои имрӯз аз он вобастаанд, ки шумо ба кадом самт равона ҳастед. Танқидро ба дурустӣ қабул намуда, аз пайи ислоҳи камбудиҳои худ шавед. Вазъи саломатиатон хуб аст.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки ба корҳои шахсии худ диққати махсус диҳед. Корҳои анҷомдодаатонро дубора санҷида бароед, зарар нахоҳад дошт. Наздиконатон хотири шуморо шод карда, дар ҳама кор дастгириатон мекунанд. Шумо бошед, дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳо, хотири онҳоро бо туҳфае шод кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои мулоқот, сафар ва суҳбат бо дӯстон рӯзи хубу бобарор аст. Агар ҳис мекунед, ки нафаре ба шумо гапи дурӯғ гуфта истодааст, фавран чора андешед. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед, зеро эҳтимоли захмӣ шуданатон вуҷуд дорад. Аз иштирок дар эътирозҳои гурӯҳӣ худдорӣ намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар дар сар идеяҳои амалинашуда дошта бошед, имрӯз аз пайи дар амал татбиқ кардани онҳо шавед. Дар ҷойи кор бо сардоратон гапатон мегурезад, аммо шумо аз ин кор ҷилавгирӣ карда метавонед. Барои масрафи маблағи калон саросема нашавед. Чизи даркориатонро ба наздикӣ бо нархи арзонтар мехаред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯз барои вохӯриҳои корӣ, муҳокимаи нақшаҳои дарозмуддат ва гуфтушунидҳо мувофиқ аст. Ҳатто дар ин рӯз коре, ки бароятон ғайриимкон буд, ба осонӣ иҷро хоҳад шуд. Ба кӯмаку дастгирии наздикон умед баста метавонед. Қавсҳои фарзанддор бояд хотири кӯдакони худро бо туҳфае шод намоянд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз то ҷои кор пойи пиёда биравед, ба саломатӣ фоида хоҳад дошт. Агар табъатон болида бошад, ба дӯстдоштаатон лаҳзаҳои нотакрору ҷолибро ҳадя созед. Яку якбора кӯшиши иҷро кардани чанд корро накунед, вагарна корҳоятон бебарор анҷомида, ноумед мешавед ва вақтро беҳуда талаф медиҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ин давра барои истироҳат ва васеъ кардани доираи ҷаҳонбинӣ хеле мувофиқ аст. Агар дӯстдоштаатон ҳамроҳатон бошад, истироҳат тамоман ранги дигар мегирад. Аз муошират бо нафароне, ки сабаби асабонияти шумо мешаванд, даст кашед. Ҳатман истироҳат карда, асабонияти худро рафъ созед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз мушкилиҳои ночиз ба амал омада метавонанд, аммо ҳодисаҳои нимаи дувуми рӯз ҳама чизро ба самти беҳтар тағйир хоҳанд дод. Орзуҳои худро фаромӯш накунед, зеро вақти он фаро расидааст, ки ай пайи амалӣ кардани орзуи деринаи худ шавед. Бо нафарони ҷолиб вомехӯред. Барои харид рӯзи хуб аст.