Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз нерӯи эҷодиятон баланд шуда, муошират бо дигарон рӯҳияро боло мебарад. Барои мулоқотҳои ошиқона рӯзи мувофиқ аст, вале дар доираи оила эҳсосотро идора кунед, то баҳс пеш наояд. Ба зудӣ имкониятҳои нави пешрафти касбӣ пайдо мешаванд. Дар масъалаҳои пулӣ бодиққат бошед ва маблағгузориро оқилона анҷом диҳед. Ҳатто корҳои душвор осон ҳал мешаванд. Фаъолият ва ҳаракат ба саломатӣ ва ҳолати рӯҳии шумо фоида меоранд.
Савр (21 апрел-21 май)
Кӯшиш кунед, ки ҳаёти шахсии худро махфӣ нигоҳ доред, то аз суханони нолозим эмин бошед. Ба саломатии наздикон аҳамият диҳед, сайругашт ё варзиши якҷоя фоидаовар аст. Бо роҳбарият боэҳтиёт муносибат кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ ҳар як маълумотро санҷед ва хароҷотро кам намоед. Эҳсосоти манфӣ метавонад ба саломатӣ таъсир расонад. Беҳтараш ба зиндагӣ бо нигоҳи нав нигаред ва аз чизҳои оддӣ хурсандӣ кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ноумед нашавед, ҳиссиёти гузаранда аҳамияти калон надоранд, муҳаббати ҳақиқӣ ҳанӯз дар пеш аст. Имрӯз нерӯи зиёд доред ва метавонед нақшаҳои муштаракро амалӣ созед. Аз гуфтани фикрҳои худ натарсед. Қарори дуруст дар кор мушкилотро ҳал мекунад. Даромади молӣ имконпазир аст, аммо ба он пурра такя накунед. Пӯшидани либосҳои рангашон равшан ба шумо нерӯи мусбат мебахшад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз эҳтимоли вохӯрии ошиқонаи ҳақиқӣ вуҷуд дорад, ҳатто дар ҷойҳои оддӣ. Оғози рӯз метавонад каме изтиробовар бошад, идора кардани эҳсосот душвор мегардад. Аз баҳсу муноқишаҳо худдорӣ намоед. Аз одатҳои худ берун бароед ва чизҳои навро санҷед. Агар вазъи молиявӣ каме суст бошад, сабр кунед, ба зудӣ беҳтар мешавад. Саломатӣ низ тадриҷан хуб мегардад. Аз одамони асабонӣ дурӣ ҷӯед.
Асад (23 июл-23 август)
Муҳаббат ва дастгирии наздикон ба шумо илҳом мебахшад. Кори имрӯзро ба фардо нагузоред, зеро ин метавонад муносибатҳоро бад кунад. Дар ҷои кор омӯзиш ва гирифтани таҷрибаи нав муфид аст. Барои бастани шартномаҳо ва корҳои молиявӣ вақти муносиб аст. Аммо дар машқҳои ҷисмонӣ эҳтиёт кунед, эҳтимоли дарди сутунмӯҳра ё буғумҳо вуҷуд дорад. Тавозуни байни кор ва истироҳатро нигоҳ доред, то саломатӣ осеб набинад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Якрангӣ метавонад муносибатҳоро сард кунад, бинобар ин бештар сайругашт кунед ва таҷрибаҳои нав гиред. Аз истифодаи робитаҳои хешутаборӣ барои манфиати шахсӣ худдорӣ намоед. Сафарҳои кӯтоҳи корӣ дар пешанд ва тартиби рӯзро каме тағйир медиҳанд. Дар масъалаҳои пулӣ бахт бо шумост, вале аз корҳое, ки шубҳаноканд, дурӣ ҷӯед. Барои беҳтар шудани ҳолати рӯҳӣ бештар муошират кунед ё худро ба кор машғул созед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шумо бо шахси ҷолиб ва ҳамфикр шинос мешавед. Агар сари либоси худро каме нав кунед, эҳтимоли оғози муносибат зиёд мешавад. Дар гуфтугӯ бо наздикон эҳтиёткор бошед, то касеро ранҷонед. Субҳ худро ба кори созанда омода кунед. Суҳбати муҳим дар пеш аст, боодобона, вале устувор рафтор кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: аз хастагӣ ва кори зиёдатӣ худдорӣ намуда, бештар истироҳат кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз эҳсосоти шумо қавӣ мешавад, вале бояд онро идора кунед. Хашми ногаҳонӣ метавонад мушкил эҷод кунад. Рӯзи хуб барои омӯзиш ва гирифтани донишҳои нав аст. Қобилиятҳои зеҳнии шумо беҳтар мешаванд. Ҳамзамон вақти анҷоми корҳои душвор ва баррасии қарзҳост. Варзиш ё ҳатто тозакунии хона ба шумо фоида меорад. Энергияи худро ба корҳои муфид равона кунед, то натиҷаи хуб ба даст оред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шахсони танҳо ё ҷудошуда метавонанд бо инсони ҷолиб шинос шаванд. Ба муносибатҳои шахсӣ бештар вақт ҷудо кунед ва аз кори зиёдатӣ каме дур шавед. Дар кор тағйирот имкон дорад, ба онҳо мутобиқ шавед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт кунед, имрӯз чандон мусоид нест. Аз қарорҳои хатарнок худдорӣ намоед. Сайругашт дар ҳавои тоза ба саломатӣ ва хоби шумо таъсири хуб мерасонад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти хуб имкон доранд, вале беҳтараш онҳоро махфӣ нигоҳ доред. Дар атрофи шумо одамони ҳасуд низ ҳастанд. Эҳсосоти худро бо наздикон мубодила кунед, то муносибатҳо мустаҳкам шаванд. Шумо омодаи таҷрибаҳои нав ва лоиҳаҳои ҷолиб ҳастед. Дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед. Бештар истироҳат кунед, зеро хастагӣ метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад ва нерӯи шуморо кам кунад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Ноустуворӣ дар муносибатҳои ошиқона метавонад боиси асабоният гардад. Имрӯз тағйироти ногаҳонӣ ва баҳсҳо имкон доранд. Барои беҳтар кардани шароити хона ва таъмир вақти хуб аст. Дар касбу кор ихтилоф бо роҳбарият имконпазир аст ва исбот кардани фикратон душвор мегардад. Бо вуҷуди ин, имконияти хубе пайдо мешавад, омода бошед, онро истифода баред. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва аз нӯшокиҳои зараровар худдорӣ намоед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Шитоб накунед ва эҳсосоти худро нигоҳ доред, то муносибатҳо устувор бошанд. Имрӯз масъалаҳои молиявӣ дар оила муҳокима мешаванд ва баҳсҳо имкон доранд. Шумо дар назди интихоби муҳим қарор мегиред ва бояд роҳи дурустро интихоб кунед. Маслиҳати дигаронро шунидан мумкин аст, вале қарор аз они шумост. Муомилаҳои корӣ метавонанд натиҷаи хуб диҳанд. Аз чизҳое, ки ба саломатӣ зарар мерасонанд, махсусан нӯшокиҳои спиртӣ, худдорӣ кунед.