Ҳамал (21 март - 20 апрел)
Имрӯз ба умеди касе нашуда, худатонро тасаллӣ диҳед ва аз ҳар гуна ҳолатҳои ногувор берун оред. Бо нафароне, ки муддати дароз вонахӯрда будед, имрӯз дидорбинӣ мекунед. Агар нафари пешрафта будан мехоҳед, пас худро таккон бидиҳед ва ба пеш ҳаракат кунед.
Савр (21 апрел - 20 май)
Имрӯз дар роҳи ишқу муҳаббат сюрпризҳои гуворо шуморо интизоранд. Саврҳои танҳо барои худ ҷуфти муносиб пайдо мекунанд. Ба мардум бештар эътимод кунед, ин як андоза кори шуморо сабук мекунад ва бори вазнин аз дӯши шумо меафтад. Барои худ монеа эҷод накунед.
Ҷавзо (21 май - 21 июн)
Имрӯз ҷавзоҳои танҳо имкон доранд, ки аз пайи ҷустуҷӯи нафари арзанда шаванд. Нисбати саломатии худ бепарво набошед. Зиёдтар об нӯшед ва сабзавот истеъмол кунед. Хароҷоти беҳударо тавсия намедиҳем, зеро то охири моҳ ва гирифтани моҳона ҳанӯз вақти зиёд аст.
Саратон (22 июн - 22 июл)
Имрӯз дар тақдири шумо ҳеҷ тағйироти ҷиддӣ ба назар намерасад. Аз рӯйи хоҳиш амал накунед, вагарна зарар диданатон аз эҳтимол дур нест. Имкониятҳои худро барои боло рафтан дар зинаҳои мансаб самаранок истифода кунед ва худро ҳеҷ гоҳ дар назди касе паст назанед.
Асад (23 июл - 22 август)
Имрӯз субҳи шумо бо рӯҳияи болида оғоз мешавад. Оромӣ ва осоиштагии оилаатон кафолат медиҳад, ки ҳар қадар нисбати онҳо хушмуомила бошед, ҳамон қадар аз ҷониби онҳо дастгирӣ меёбед. Кӯшиш кунед, ки ба корҳои ҷиддӣ даст назанед, вагарна анҷом доданашон бароятон душвор мешавад.
Сунбула (23 август - 23 сентябр)
Имрӯз шумо худбовар ва нисбат ба рӯзҳои гузашта дағал мешавед. Бо ваҷоҳати имрӯза ягон нафар аз наздикони худро хафа карда ҳам метавонед. Дар ҷои кор барои анҷом додани баъзе супоришҳо аз маслиҳати мутахассисони варзида наҳаросида истифода баред.
Мизон (24 сентябр - 23 октябр)
Имрӯз шуморо гардишҳои ҷолиб ва пешгӯинашавандаи тақдир интизор аст. Агар маблағи кофӣ дошта бошед, як қисмашро масраф кунед. Дар ин ҳолат мушкилии молӣ пеш нахоҳад омад. Имрӯз зиёдтар қаҳва бинӯшед. Асабатонро ором ва рӯҳатонро болида нигоҳ доред.
Ақраб (24 октябр - 22 ноябр)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Кор тамомшавӣ надорад ва шумо ҳар вақти дигар барои ба анҷом расонидани корҳоятон вақт меёбед. Агар ба нафаре ваъда дода буд, пас вафо карданатон лозим аст. Барои ба ҳадаф расидан дурӯғ нагӯед, зеро рӯзе фош мешавад.
Қавс (23 ноябр - 21 декабр)
Имрӯз шумо бинобар надоштани эҳсос ба касеву чизе, рӯҳияи худро баланд бардошта наметавонед. Танҳо худро ба коре андармон карда, аз чунин ваъзият раҳо ёфтан мумкин аст. Дар ҷойҳое, ки бо одамон муошират кардан зарур аст, худро тағйир надиҳед. Хоксор бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр - 20 январ)
Имрӯз барои анҷом додани коре мушкилӣ пеш меояд. Аз кӯмаки мутахассисон истифода карданро ба шумо тавсия медиҳем. Аз пеши худ ба коре даст назанед. Ба гузаштаи худ назар карда, ба оянда бо назари дигар бингаред. Ба коре маҷбуран даст назанед, вақтро беҳуда талаф медиҳеду халос.
Далв (21 январ - 18 феврал)
Имрӯз шуморо вохӯриҳои ҷолиб ва рӯйдодҳои гуворо интизор аст. Дар иҷрои корҳои шахсӣ ва тиҷоратӣ фаъол мешавед. Барои зуд ба анҷом расонидани коре шитоб накунед, вақташ ояд, худаш ба анҷом мерасад. Бегоҳирӯзӣ кӯшиш кунед, ки ба варзиш машғул шавед.
Ҳут (19 феврал - 20 март)
Имрӯз барои таҳкими муносибатҳои шахсӣ рӯзи хуб аст. Кӯшиш кунед, ки вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон паси сар кунед. Бо ҳавову ҳавас ва фиребу найранг кӯшиши сохтани оиларо накунед. Эҳтимол, ҷароҳат мебардоред ва вазъи саломатиатон нохуб мешавад.