Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2023
3500

Ҳамал  ( 21 март-20 апрел)
Имрӯзро рӯзи бебарор гӯем, хато намекунем, зеро рӯйдодҳои гуногун мушкилиҳоро пеш меорад. Пеш аз чизе гуфтан аввал хуб фикр кунед ва аз маслиҳату мадади дӯстонатон истифода намоед. Нимаи дуюми рӯз вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Агар аз уҳдаи кор бароед, даромади калони пулӣ ба даст оварданатон мумкин аст.

Савр (21 апрел – 22 май) 

Агар чолокӣ кунед, маблағи пулӣ ба даст оварда метавонед. Аз омад кардани корҳоятон хушҳол гашта, беҳуда пулҳоятонро ба чор тараф пош надиҳед. Саломатиатон шуморо ба изтироб меорад. Кӯшиш кунед, ки дар муддати кўтоҳ қувваю мадоратонро барқарор намоед. Шахси наздикатон ба маслиҳату кумаки шумо ниёз дорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Вазъи иқтисодии ҷавзоҳо якбора хуб мешавад.  Қарзи додаатонро бармегардонанд ё мукофотпулӣ мегиред. Нимаи дувуми рӯз имкони хариди калонро пайдо мекунед. Умуман, имрӯз ситораҳо пуштибону дӯсти беҳтарини зодагони бурҷи ҷавзо хоҳанд гашт. Кўшиш кунед, ки фурсати муносибро ғанимат дониста, имкониятҳоро пурра истифода баред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз масъалаи муҳиме, ки кайҳо баҳри ҳаллаш роҳу восита меҷустед, худ ба худ ҳал мешавад. Даромади пулӣ табъатонро болидаю дилатонро шод хоҳад намуд. Аммо бо хариду фурўши хона, мошин ва дигар чизҳои гаронбаҳо машғул шуданро ситораҳо ин рӯз ба зодагони бурҷи саратон маслиҳат надодаанд. Ҳунари худро дар ҷои кор нишон бояд дод.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар коргоҳатон мушкилиҳои вобаста ба ахбороте, ки шумо медонед, сар мезанад. Тамоми сирру асрори медонистаатонро пинҳон дореду худро зери хатар нагузоред. Нимаи дувуми рӯз вазъи иқтисодиатон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Бо мадади дӯстон ё аз кори нав даромади хуби пулӣ ба даст оварда метавонед. Ҳангоми имзо намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ эҳтиёт бошед. Асадҳое, ки мошин меронанд, беҳтараш аз сафар ба роҳи дур даст кашанд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ба зиндагии хушбахтонаи шумо хатаре таҳдид намекунад, ба шарте ки бо амалу рафтори беандеша вазъиятро худатон душвор насозед. Нимаи дувуми рӯз зарурати харҷи маблағи калон пеш меояд. Маблағро боақлона сарф намоед, то ба азоби бепулӣ гирифтору хунҷигар нашавед. Сунбулаҳои муҷаррад дар фикри ҷуфт кардани сарашон меафтанд, вале дар интихоб дудилаанд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Пул имрӯз аз сарчашмаҳои гуногун ба дастатон мерасад. Мизонҳо бо қувваю фикрҳои нав ба пеш ҳаракат мекунанд. Агар серҳаракаттар бошед, тамоми нақшаҳоятонро амалӣ хоҳед кард. Табъи хуш боиси ривоҷ гирифтани коратон дар тамоми самтҳои зиндагӣ хоҳад гашт. Барои рафъи хастагӣ аз маҳс истифода баред.

Ақраб  ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти шахсиатон дар назар аст.  Нимаи дувуми рӯз андаке маблағ ба даст меоред. Аз дўстонатон туҳфаи гаронбаҳо ё мукофот мегиред ва ё қарзатонро бармегардонанд. Аз нигоҳи муносибатҳои ошиқона рӯз чандон бобарор нест. Аниқтараш, онҳое ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки писандатон нестанд. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед.

Қавс  (23 ноябр- 21 декабр)

Анҷом додани як амалиёт дар коргоҳатон обрӯи шумо дар миёни коргарон меафзояду ҳам даромади хуби пулӣ ба даст меоред. Барои вохӯрӣ ва ҳама гуна корҳои ба тиҷорат вобаста хуб аст. Қавсҳои танҳо дӯстдоштаи худро вомехӯранд, вале аз пешниҳоди издивоҷ метарсанд. Дар муносибат бо ҳамкорон эҳтиёткор бошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар коргоҳатон рӯйдодҳои хуб ва манфиатовар дар назар аст. Кӯшиш кунед, ки ҳунари худро нишон диҳеду мансаби баландеро соҳиб шавед. Баланд шудани маош айни ҳол дар назар нест, ҳангоме, ки роҳбариятро бо кордониатон қоил намудед, дури мақсуд ба каф меояд. Вазъи иқтисодиатон охири рӯз хуб мешавад. Имкони харидани ашёи орзукардаатон пайдо мешавад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Атрофиён роҳҳои гуногуни бо шумо дўст шуданро меҷўянд, то аз сирру асроратон огоҳ шаванд. Ба касе рози дил накарда, хомӯшона аз паи амалӣ намудани нақшаю лоиҳаҳои худ гардед. Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ ва пул кор кардан аст. Аз фурсати мувофиқу хандаи бахту тақдир боақлона истифода баред. Меҳру муҳаббататонро бар сари азизи дилатон ҳамчун марворид бедареғ бипошед ва дар ҷодаи ишқ шодком мегардед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Кори зодагони бурҷи ҳут дар тиҷорат низ барор хоҳад гирифт. Аммо дар робита бо шарикони корӣ бояд эҳтиёткор буд. Агар дили онҳоро ба даст биёред, мавқеи худро устувор месозед. Бахтатонро аз даст надиҳед. Аз шахсе, ки кайҳо ҳамнишастатон нест, хушхабаре мешунаведу шод мешавед.  Нофаҳмие байни шумо ва маҳбубаи шумо сар мезанад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД