Sebiston new 2024 october
 ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ НОЯБРИ СОЛИ 2021
3957

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз тасодуфан бо шахсе шинос мешавед, ки сабабгори куллан тағйир ёфтани зиндагӣ ва одатҳоятон мегардад. Боз як манбаи нави даромад пайдо мекунед, вале пулро сарфа накунед. Дар роҳ ҳангоми мошин рондан ва аз роҳ гузаштан хеле боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли ҷаримабандӣ вуҷуд дорад. Дар муносибатҳои ошиқӣ бурд мекунед.

 

Савр (21 апрел-22 май)

Ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, нағзакак таҳлил намоед, то ки баъдан атрофиёнро дар фиреб гунаҳкор накунед. Ҳавои охири тирамоҳ ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсир мерасонад, вале ба саросемагӣ роҳ дода, фикри оиладор шуданро накунед. Аз робита бо шахсони нодаркор худдорӣ намоед. Эҳтимоли фиреб хӯрдану хиёнат диданатон дида намешавад.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз чунон корҳоятон зиёд мешаванд, ки мушкилоти муҳими худро фаромӯш месозед. Бар замми ин, ҳодисае рух медиҳад, ки нақшаҳои худро тағйир доданатон лозим меояд. Аз нафароне, ки хуб намешиносед ё ба наздикӣ шинос шудаед, худро дур гиред. Рашк сабаби нофаҳмӣ бо дӯстдоштаатон мегардад. Ба аёдати дӯсти наздикатон равед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи беташвиш аст, ба шарте ки худатон монеаҳоро пайдо насозед. Нисбати нафароне, ки аз шумо кӯмаки молиявӣ мехоҳанд, меҳрубонӣ зоҳир намоед. Бо сабаби он ки бо кори зиёд машғул шуда, барои оила вақти кофӣ ҷудо намекунед, нофаҳмиву ташвишатон зиёд мегардад. Аммо меҳрубониҳои худро истифода бурда, муносибатро қавитар мекунед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар назди худ мақсадҳои дастнорас нагузоред, вагарна дучори монеаву душвориҳо мегардед. Дар ин рӯзҳои сард саломатиатонро ҳифз намоед. Аз ягон нафар қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Охири рӯз аз шахси наздик тӯҳфаи хотирмонеро интизор бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Тамоми нерӯи худро ба мушкилоти оилавӣ равона сохта, нофаҳмиҳои зиёдеро рафъ карданатон лозим аст. Агар пулҳои худро босуръат сарф кардан гиред, вазъи молиявиатон нохуб мегардад. Беҳтараш диққати худро ба вазъи саломатӣ равона сохта, аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Дар охири рӯз ба меҳмонӣ рафтанатон лозим меояд.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз бо нафаре вомехӯред, ки дар рафъи мушкилиҳои сарзада кумакаш мерасад. Бо сабаби зиёд шудани мушкилиҳои рӯзгор бо наздикон муноқиша мекунед. Тамоми душвориҳои сарзадаро бо амри дил ва майли худ рафъ намоед, вагарна умре зери таъсири дигарон мегардед. Бо ақлу заковати худ чун пештара дилхоҳ мушкилиро рафъ менамоед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ба барор гирифтани коратон умед бандед, зеро рӯзи бобарор аст. Дар масъалаҳои молиявӣ таваккал накунед. Нисбати шахсони аз худатон калонсол ва ботаҷриба боэҳтиром бошед. Бонувон бояд муҳаббати дар дилашон пайдошударо пинҳон намоянд. Маслиҳати дӯстону наздикон бароятон муҳим мегардад.Нафареро вомехӯред, ки метавонад ҳамсафари ҳаётиатон бошад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз вазъиятро тезутунд насозед, балки сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар масъалаҳои пулӣ ҳисобу китоби дақиқ лозим аст, вале дар муносибатҳои ошиқона ошкору самимӣ бошед. Фаъолнокии аз ҳад зиёд ва фориғболӣ ҳам дар рӯзгор ва ҳам ҳангоми ҳаракат дар роҳ бар зарари шумо аст.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз зиндагии орому осоиштаро ба сар баред. Хатари ҷароҳат бардоштанатон то бегоҳ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, боэҳтиёт бошед. Мушкилиҳои молиявиро дӯсти наздикатон рафъ месозад, дар танҳоӣ амал накунед. Дар ҳаёти шахсӣ б гуфтаи калонсолон гӯш дода амал намоед.  

 

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз дастатон ба ягон кор намечаспад, вале ба ҷои он ки рӯзро бо бекориву танбалӣ гузаронед, камбудиҳои дар оила сарзадаро рафъ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат ҳам ашки шодӣ мебинеду ҳам ноумедӣ. Бо нафаре вомехӯред, ки дар зиндагиятон мавқеи зиёдро ишғол мекунад. Хоби камро ба Шумо тавсия медиҳем.

 

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз бештар нисбати наздикони худ ғамхорӣ зоҳир намоед. Барои хариди калон, таъмиру тамизи хонаву дар рӯзи мусоид аст. Дар ҳаёти шахсӣ нисбати дӯстдоштаатон бепарво набошед, вагарна ин амалатон бахшида намешавад. Хабаре мешунавед, ки руҳатонро болида месозад. Шумо ба истироҳат ниёз доред.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД