Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
4924

Ҳамал

 

Дар ин рӯз қувваву нерӯятон дучанд гашта, аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Обрӯву мавқеятонро дар байни ҳамкорон мустаҳкам сохта метавонед. Агар муносибататон бо нафаре аз онҳо бад бошад, бо тамоми ҳамкорон робитаатонро қатъ накунед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон оқилонаву нозукона рафтор намоед.

 

 

 

Савр

 

Дар ин рӯз рафтори саросемаи шуморо дар мавриди истироҳат кардан дӯстону наздикон хуш  қабул намекунанд. Вақти бештари худро бо нафароне гузаронед, ки дар ҳузурашон худро роҳат ҳис мекунед. Дар сурати бемор шудан, зуд аз пайи табобат шавед.

 

 

 

Ҷавзо

 

Имрӯз дар масъалаҳои нави корӣ эҳтиёткориро пеша намоед. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Аз ҳама гуна амалиётҳои пурмоҷаро худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ барои рафъ намудани мушкилоти оилавӣ ва рӯзгор қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд.

 

 

 

Саратон

 

Дар ҷодаи касбу кор ва ҳаёти шахсӣ ягон дасисаву фитна рух намедиҳад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва сафари роҳи дур. Ҳангоми иҷрои корҳои рӯзгор, хусусан кор бо асбобҳои бурандаву нӯгтез  эҳтиёткориро пеша намоед. Наздиконатон ниёз ба ғамхориву дилсӯзии шумо доранд.

 

 

 

Сунбула

 

Дар ин рӯз қобилиятҳои ҳозирҷавобӣ ва дар баҳсу мунозираҳо ғолиб омаданатон зиёд мегардад. Меҳру муҳаббататон ба ҳолати руҳӣ бетаъсир намемонад. Бо мушкили фарзандон ва хешовандони бемор машғул шуданатон лозим меояд. Ташвиш накашед, шумо барои ҳама кор вақт пайдо карда метавонед.

 

 

 

Мизон

 

Рӯзи хубест барои пайдо кардани сарчашмаҳои нави даромад. Обрӯву нуфузатон нисбатан боло меравад. Бадбахтиҳо аз каноратон мегузаранд. Нафаре кӯшиши ба шумо зарар расониданро мекунад, вале худаш зарар мебинад. Чизи ягонае, ки табъатонро хира мегардонад, ин муноқиша бо яке аз наздиконатон аст.

 

 

 

Ақраб

 

Аз субҳи саҳар худро нотоб ҳис карда, эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Дилатон худ ба худ эҳсоси хавотирӣ меорад, вале образи душман танҳо дар тахаюлоти шумо вуҷуд дораду халос. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилие сар зада, боиси руҳафтодагиятон мегардад.

 

 

 

Қавс

 

Беҷуръатиятон сади роҳи баромадан аз вазъияти рухдода мегардад. Аз монеаҳои пайдошуда наҳаросед. Барои муносибатҳои ошиқона давраи мусоид аст. Қавсҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро меёбанд. Барои саломатӣ рӯзи созгор нест. Табъатон худ ба худ вайрон гашта, асабхаробӣ эҳтимол дорад.

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Аз фиребу найранги дӯстон огаҳ гашта, азоби руҳӣ мекашед. Яку якбора гуноҳи ҳамаро фош насозед, беҳтараш роҳи дигари қасосро ҷӯед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои аҷиб ё тағйиротҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Аз муносибатҳои ошиқона табъатон болида ва ба худ эътимод пайдо мекунед. 

 

 

 

Далв

 

Дар ин рӯз бо коре машғул шавед, ки табъатонро болида сохта тавонад. Ҳангоми гуфтор бо атрофиён эҳтиёт бошеду ботаҳаммул, вагарна нофаҳмиву муноқиша имкон дорад. Сафари берун аз шаҳр вақту қувваи зиёдатонро ишғол мекунад. Бегоҳирӯзӣ вохӯрии ошиқона эҳтимол дорад.

 

Ҳут

 

Дар ин рӯз табъатон яку якбора нохуш гашта, худро нотоб ҳис мекунед. Нимаи аввали рӯз бе ягон сабаб ғаму андуҳ ба дилатон роҳ меёбад. Асабониятатон зиёд гашта, мардумгурез мегардед. Барои ба худ омадан ба машқҳои ҷисмонӣ  машғул шуда, маҳси бадан намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Гулхарам 2023-06-23, 07:06
Нохияи ёвон чамоати хаёти нав
Посух
Бону 2023-06-23, 13:30
Чаро бурчи Асад нест?
Посух
Бону 2023-06-23, 13:31
Чаро бурчи Асад нест?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Гулхарам 2023-06-23, 07:06
Нохияи ёвон чамоати хаёти нав
Посух
Бону 2023-06-23, 13:30
Чаро бурчи Асад нест?
Посух
Бону 2023-06-23, 13:31
Чаро бурчи Асад нест?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД