Муаллима Равшаноро Акрамова пас аз танбеҳ сазовори унвони «Аълочии маориф» гашт
Равшаноро Акрамова, омӯзгори забони русии мактаби №72-и ноҳияи Ёвон, ки моҳи гузашта барои истифодаи телефон ҳангоми дарс танбеҳ гирифта буд, бо нишони «Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардид.
Ин нишонро рӯзи, 3-юми октябр, дар маросими таҷлил аз Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Душанбе муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба ӯ тақдим карданд.
Дар ин маросим дар маҷмӯъ 571 корманди соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва 10 нафар бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илм» қадрдонӣ шуданд.
Номи Равшаноро Акрамова моҳи гузашта пас аз паҳн шудани навори сарзаниши як хонандаи 10-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуда буд. Дар навор омӯзгор аз хонандаи синфи сеюм бо садои баланд мепурсад, ки дафтараш куҷост. Духтар бо тарс ба муаллима нигоҳ карда, хомӯш мемонад.
Вазорати корҳои дохилӣ баъдан гуфт, ки омӯзгор хонандаро ба далели бе лавозимоти зарурии хониш ба дарс омаданаш ба навор гирифта ва наворро барои «бартараф кардани камбудиҳо» ба модари ӯ фиристодааст. Аммо навор баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.
Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон низ эълон карда буд, ки аз омӯзгор тавзеҳот гирифта шудааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда набудааст. Ҳамзамон, Равшаноро Акрамова барои истифодаи телефон дар вақти дарс танбеҳ гирифтааст.
Бо гузашти тақрибан як моҳ, ҳамин омӯзгор имрӯз дар қатори кормандони соҳаи маориф бо яке аз нишонҳои ифтихории соҳавӣ қадрдонӣ шуд.