Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
1777

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз нафароне пайдо мешаванд, ки шуморо таҳқир карда, ба торҳои асабатон нохун мезананд. Масъаларо ба таври умумӣ баҳогузорӣ накунед, зеро оқибати хуб надорад ва ба муноқиша оварда расониданаш имкон дорад. Дар муносибатҳои оилавӣ низ миёни шумову ҳамсаратон нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи бобарор аст, барои амалӣ кардани орзуву ниятҳои худ бештар кӯшиш намоед. Корҳои муҳим ва вазифаи худро саривақт иҷро кунед. Зиёдтар об нӯшед, ин ба организми шумо фоида дорад. Ба сафар баромаданатон эҳтимол дорад, дар роҳ бо нафарони ношинос эҳтиёткор бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нафарони танҳо имрӯз нимаи дувуми худро пайдо мекунанд ё дар дилашон эҳсоси аҷибе нисбати ягон нафар пайдо мешавад. Танбал ва бепарво мешавед, аммо дониста монед, ки ҳеҷ каси дигар кори шуморо иҷро намекунад. Ба ҳамин хотир, серҳаракат бошеду аз пайи кор шавед. Имрӯз ҳатто ба кӯчактарин ҳарфи дурӯғ бовар накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Фикру андешаҳои шахсии худро миёни дигарон, ҳатто дар пеши наздиконатон нагӯед. Ҳамаи инро бар зидди худатон истифода бурда метавонанд. Аз оне ки кори иловагиро ба дӯш мегиред, дар ҳарос набошед. Агар мушкилӣ пеш ояд, бо мутахассисон машварат кунед. Барои аҳли оила ва саломатиатон ҳам вақт ҷудо кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Вақти бештари худро ба коре сарф кунед, ки дӯсташ медоред. Охири ҳафта бояд ба истироҳат равед ва нақшаи инро ҳанӯз дар аввали ҳафта тарҳрезӣ карда монед, то баъдан овора нашавед. Ҳамсаратон шуморо дӯст медораду эҳтиром мекунад. Шумо низ бо ӯ мисли худаш меҳрубон бошед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои ҳал кардани масъалаҳои оилавӣ ва тағйир додани ороиши дохили хона рӯзи мусоид аст. Баъзе корҳое, ки ба нақша гирифта будед, иҷро намешаванд, аммо рӯҳафтода набошед. Мунтазир набошед, ки кай ба шумо баҳои баланд медиҳанд. Ба худ боварӣ карда, ба пеш ҳаракат кардан гиред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз қисми зиёди мушкилиҳои шумо худ ба худ ҳал мешаванд, ба ҳамин хотир, кӯшиши беҳуда накунед. Қоидаҳои бехатариро дар ҷои кор риоя кунед, вагарна фалокатеро ба вуҷуд меоред. Бештар истироҳат намоед. Кӯшиш кунед, ки зиёдтар хоб кунед. Бонувонро лозим аст, ки ба нигоҳубини рӯйдиққат диҳанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба ҳиссиёти худ аз ҳад зиёд бовар накунед, зеро фиреб хӯрда метавонед. Кӯшиш кунед, ки бо нафарони дорои хислату рафтори хубу намунавӣ муносибат дошта бошед. Як гурӯҳ дӯстонатон рӯҳияи шуморо болида мегардонанд ва шумо бо хоҳиши дучанд ба иҷрои кори худ камар мебандед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз рух додани ҳодисаи хуш хурсанд мешавед. Ҳамин, ки имконият ба даст омад, зуд истифода баред, зеро Худо медонад, ки дигарбора чунин имкониятҳо кай ба даст меоянд. Корҳои калонро ба нақша нагиред, чун агар аз ӯҳдаашон набароед, рӯҳафтода мешавед. Аз истеъмоли хӯрокҳои тез худдорӣ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Қисми зиёди вохӯриҳое, ки шумо интизор ҳастед, ба шумо вобастагӣ надоранд. Маслиҳату машварати онҳоеро, ки ба шумо хубӣ мехоҳанд, нодида нагиред, зеро онҳо дили поку рост доранд. Ба одамон бовар кунед, аммо ҳамеша сафедро аз сиёҳ фарқ карда тавонистанатон лозим аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои бастани ақди никоҳ ва созишномаҳои шарикӣ рӯзи мувофиқ нест. Бинобар ин, ошиқон ва онҳое, ки нияти оиладоршавӣ доранд, беҳтараш ин корро ба таъхир гузоранд. Агар хатоҳои пешинаатонро ислоҳ кардан хоҳед, бе маслиҳати дигарон кор кунед. Ҳалли масъалаҳои хурд шуморо аз мушкилиҳои бузург наҷот медиҳад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз ҷангу ҷидол дурӣ ҷӯед, зеро ин кирдорҳои бад ба шумо ҳеҷ гоҳ хушбахтӣ намеоранд. Баъди нисфирӯзӣ дар ҷойи кор асабӣ ва хаста мешавед, аммо ин гузаранда аст. Шуморо лозим аст, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар оила босабр ва пурбардошт бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД