Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 23 июни 2020, сешанбе
2430

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз қувваву нерӯятон дучанд гашта, аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Обрӯву мавқеятонро дар байни ҳамкорон мустаҳкам сохта метавонед. Агар муносибататон бо нафаре аз онҳо бад бошад, бо тамоми ҳамкорон робитаатонро қатъ накунед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон оқилонаву нозукона рафтор намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз рафтори саросемаи шуморо дар мавриди истироҳат кардан дӯстону наздикон хуш қабул намекунанд. Вақти бештари худро бо нафароне гузаронед, ки дар ҳузурашон худро роҳат ҳис мекунед. Дар сурати бемор шудан, зуд аз пайи табобат шавед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Имрӯз дар масъалаҳои нави корӣ эҳтиёткориро пеша намоед. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Аз ҳама гуна амалиётҳои пурмоҷаро худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ барои рафъ намудани мушкилоти оилавӣ ва рӯзгор қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ҷодаи касбу кор ва ҳаёти шахсӣ ягон дасисаву фитна рух намедиҳад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва сафари роҳи дур. Ҳангоми иҷрои корҳои рӯзгор, хусусан кор бо асбобҳои бурандаву нӯгтез эҳтиёткориро пеша намоед. Наздиконатон ниёз ба ғамхориву дилсӯзии шумо доранд.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Ҳар кореро, ки дар ин рӯз оғоз мекунед, бобарор анҷом ёфта, ба пешравиҳоятон мусоидат мекунад. Бо нафарони воломақом баҳс карданро тавсия намедиҳем, вагарна дар ҳалли масъалаҳои молиявӣ сахт душворӣ мекашед. Ба маслиҳати шахси дӯстдоштаатон бепарвоӣ зоҳир накунед, дӯстро аз душман фарқ кунед. Асабро эҳтиёт кунед, вагарна нотоб шуданатон имконпазир аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз қобилиятҳои ҳозирҷавобӣ ва дар баҳсу мунозираҳо ғолиб омаданатон зиёд мегардад. Меҳру муҳаббататон ба ҳолати руҳӣ бетаъсир намемонад. Бо мушкили фарзандон ва хешовандони бемор машғул шуданатон лозим меояд. Ташвиш накашед, шумо барои ҳама кор вақт пайдо карда метавонед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи хубест барои пайдо кардани сарчашмаҳои нави даромад. Обрӯву нуфузатон нисбатан боло меравад. Бадбахтиҳо аз каноратон мегузаранд. Нафаре кӯшиши ба шумо зарар расониданро мекунад, вале худаш зарар мебинад. Чизи ягонае, ки табъатонро хира мегардонад, ин муноқиша бо яке аз наздиконатон аст.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Аз субҳи саҳар худро нотоб ҳис карда, эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Дилатон худ ба худ эҳсоси хавотирӣ меорад, вале образи душман танҳо дар тахаюлоти шумо вуҷуд дораду халос. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилие сар зада, боиси руҳафтодагиятон мегардад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Беҷуръатиятон сади роҳи баромадан аз вазъияти рухдода мегардад. Аз монеаҳои пайдошуда наҳаросед. Барои муносибатҳои ошиқона давраи мусоид аст. Қавсҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро меёбанд. Барои саломатӣ рӯзи созгор нест. Табъатон худ ба худ вайрон гашта, асабхаробӣ эҳтимол дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Аз фиребу найранги дӯстон огаҳ гашта, азоби руҳӣ мекашед. Яку якбора гуноҳи ҳамаро фош насозед, беҳтараш роҳи дигари қасосро ҷӯед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои аҷиб ё тағйиротҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Аз муносибатҳои ошиқона табъатон болида ва ба худ эътимод пайдо мекунед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз бо коре машғул шавед, ки табъатонро болида сохта тавонад. Ҳангоми гуфтор бо атрофиён эҳтиёт бошеду ботаҳаммул, вагарна нофаҳмиву муноқиша имкон дорад. Сафари берун аз шаҳр вақту қувваи зиёдатонро ишғол мекунад. Бегоҳирӯзӣ вохӯрии ошиқона эҳтимол дорад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз табъатон яку якбора нохуш гашта, худро нотоб ҳис мекунед. Нимаи аввали рӯз бе ягон сабаб ғаму андуҳ ба дилатон роҳ меёбад. Асабониятатон зиёд гашта, мардумгурез мегардед. Барои ба худ омадан ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шуда, маҳси бадан намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД