Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи номусоид аст. Нохуб шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Хусусан мардҳо аз дарди сар ва дарди зонувон азият кашида, бемориҳои музмин хуруҷ мекунанд. Ҳангоми харид кардан бодиққат бошед, маблағи калон сарф карданатон имкон дорад. Муносибатро бо наздикон ба низом дароред, хусусан агар вақтҳои охир муноқиша мекарда бошед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ ва дар касбу коратон нобарорӣ имкон дорад. Заҳмати зиёду давомнок, эҳтиёткорӣ дар гуфтор шуморо аз нохушиҳо эмин медорад. Баъди нисфирӯзӣ ба фиребу иғво дода нашавед. Инчунин аз обҳои лойолуд ва утоқҳои торик дурӣ ҷӯед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рӯзи номусоид аст, фиреб хӯрдану ба туҳмат гирифтор шуданатон имкон дорад. Бо сабаби сабукандешӣ пули зиёдро аз даст медиҳед ё дар касбу коратон нобарорӣ дида мешавад. Душманон дар роҳатон монеаҳои пинҳонӣ мегузоранд. Ҷавзоҳои муҷарраде, ки имрӯз пешниҳоди издивоҷ мекунанд, дигар аз фикрашон гашта наметавонанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Меҳнати тӯлонӣ барор оварда, маблағи хуби пулӣ ба даст меоред. Пешниҳоди хуби кориро аз даст надиҳед. Бо сабаби сар задани мушкилиҳои хурди мувақатӣ ҷойи коратонро иваз накунед. Рӯзҳои наздик ҳамааш хуб мешавад. Некандешӣ ва истодагарии шумо ҳатто душманонро дар ҳайрат мегузорад.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи вазнин аст. Эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Аз сафарҳои корӣ худдорӣ намоед, хатари рух додани садама ё аз даст додани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Мушкилиро дар ҷое, ки вуҷуд надорад, ҷӯё нашавед. Асадҳои муҷарраде, ки дар ҷустуҷӯи бахти худ қарор доранд, бояд хеле бодиққат бошанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ҷое, ки фаъол будану ташаббус нишон доданатон лозим нест, хомӯшона амал намоед. Бештар ба амри дил гӯш андозед, хусусан ҳангоми шиносоии ошиқона. Сунбулаҳои оиладор ҳам қаҳрӣ мешаванду ҳам оштӣ. Тавре мегӯянд: «Ба ҷанги зану шавҳар погаҳи дар хандидааст». Пули худро захира кунед, рӯзҳои наздик ба пул ниёзатон бештар мегардад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Яку якбора шахсеро, ки дӯст медоштед, аз қалби худ берун месозед. Ба саросемагӣ роҳ надиҳед, ҳама чизро нағзакак андеша намоед. Нафаре, ки дар зиндагии шумо пайдо шудааст, бароятон хеле муҳим аст. Дар ин рӯз мушкилиҳоеро рафъ месозед, ки қаблан ба назар ҳалнашаванда менамуданд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Бо хешовандон каме низоъ мекунед. Шумо ҷангу ҷанҷолро дӯст намедоред, аз ин лиҳоз, ҳама чизро мустақилона рафъ намоед. Дар ин рӯз қарз гирифтану қарз додан хуб нест. Муносибати ошиқонае, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, бароятон дилхунукӣ меорад. Аз ҷароҳат бардоштану гум кардани чизи қиматбаҳоятон эҳтиёт шавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ҳаёти шахсиятон давраи душвор фаро мерасад. Муносибати дӯстдоштаатон сарду бепарвоӣ зоҳир намуда, ба шумо, ки зотан шахси зиндадил ҳастед, сахт алам мекунад. Барои беҳбудии саломатӣ витамин истеъмол карда, аз рӯи реҷа хӯрок хӯред. Дар масъалаҳои молиявӣ бо зеҳни тез бурд мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба ҳар як кори майда-чӯйда диққат диҳед. Айни замон ҳамёнатон холӣ гаштааст, зудтар аз пайи пайдо намудани даромади иловагии пулӣ шавед. Эҳтимоли фиреб хӯрдану ба туҳмат печиданатон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз бо касе шинос нашавед, баъзе шиносҳои наватон тамоми умр ба шумо «дарди сар» мешаванд. Рӯзи хубест барои сафари дарозмуддат ва ба хонаи нав кӯчидану таъмир кардан. Эҳтимол ба дағаливу нофаҳмӣ дучор мегардед. Ҷанҷоли хурд ба муноқишаи калон мепечад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Агар дар ин рӯз сафари роҳи дурро ба нақша гирифта бошед, он бароятон тақдирсоз мегардад. Нафаре, ки шуморо дӯст медорад, аз ташвишҳо раҳо мебахшад. Ба маслиҳатҳои ӯ гӯш андохта, бурд мекунед. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед.