formula feb 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
2299

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз корҳоятон барор мегиранду ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед ва дигарон ин дастовардҳои шуморо қадр мекунанд. Ба оне ки дӯсташ медоред, туҳфаи хурдакак, вале боарзишеро тақдим кунед, то ки меҳраш ба шумо афзун шавад. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед, эҳтимоли захм бардоштанатон зиёд аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз эҳсоси аҷибу олиҷанобе дар роҳи ишқу дӯстӣ шуморо фаро мегирад. Вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон дур аз хона, масалан, дар боғ ё ҷои дигаре сипарӣ кунед. Даромади кам, вале ногаҳонӣ шуморо хурсанд мекунад. Аммо имрӯз ба шумо харидории ин ё он чизро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Муносибати хуби худро бо атрофиёнатон вайрон накунед. Дар корҳои молиявии худ бодиққат бошед. Барои сайругашт ва ором кардани асабҳо рӯзи мусоид аст. Агар дилатон ширинӣ хоҳад, худдорӣ накунед. Ба нафаре, ки бо душмани шумо робита дорад, дарди дил накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар бисёр ҳолатҳо ба худ такя мекунед, аз ин рӯ, ба худ боварии комил дошта бошед. Ба корҳои дигарон ва мушкилоте, ки ба шумо дахл надорад, кордор нашавед. Бо касе баҳс мекунед ва аз иҷрои баъзе супоришҳо саркашӣ мекунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз имконияти хуберо барои ба даст овардани маблағи начандон калон пайдо мекунед. Кӯшиш кунед, ки дар ҳалқаи дӯстон бошед ва ба маконҳои дилхушӣ равед. Дар баъзе масъалаҳои зиндагӣ шумо набояд бар зидди ҷараёни об ҳаракат кунед, аз рӯйи вазъият амал кардан беҳтар аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз аз иҷро намудани корҳое, ки бар дӯши шумо гузошта шудаанд, дурӣ наҷӯед. Дар мавриди тиҷорат ҳоло қарори ниҳоӣ қабул накунед. Шуморо зарур аст, ки таҳкурсии худро мустаҳкам кунед ва баъдан ба тиҷорат машғул шавед. Худро ба корҳои хона андармон кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз мизонҳо ҳама монеаҳоро убур карда, ба мақсад мерасанд ва аз ҳар гуна вазъият роҳи халосӣ пайдо карда метавонанд. Ба худ иҷозат надиҳед, ки хаста шавед. Бештар хоб ва истироҳат карданатон зарур аст. Дар мавриди корҳое, ки ба зудӣ анҷом додан мехоҳед, дақиқан фикр кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз кореро анҷом медиҳед, ки якранг ва дилгиркунанда аст, аммо он корро касе аз шумо беҳтару хубтар иҷро карда наметавонад. Ба масъалаҳои пулӣ ва иқтисодӣ диққати бештар диҳед. Кӯшиш кунед, ки ғаму андӯҳро аз худ дур созед, зеро муддати дароз аз чунин ҳолат берун шуда наметавонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Нақшаи корҳои имрӯзаи худро тавре тарҳрезӣ кунед, ки аз ҳодисаҳои номатлубу дилгиркунанда раҳоӣ ёфта тавонед. Аз ҷангу ҷидол дар хона худдорӣ кунед, зеро дар сари қаҳру ғазаб ҳатто бо волидон ё наздикон муноқиша карда метавонед. Оилаатон шуморо дӯст медоранд ва ҳамеша дар интизори шумоянд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шуморо зарур аст, ки корҳоятонро аз будаш зиёдтар иҷро кунед. Сирри одамони дигарро ба касе нагӯед, зеро ин ба ғайбат ва шӯру ғавғо оварда мерасонад, ки баъдан боз доштанаш кори машкил аст. Ҳамсаратон ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ дорад, нисбат ба ӯ бедиққатӣ зоҳир накунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Вақти иҷрои корҳои муҳимтаре фаро расидааст. Ҳоло барои ҳалли масъалаҳои марбут ба саломатӣ вақти мусоид аст. Дар масъалаҳои ҳаётӣ бошад, ба дили худ гӯш гунед ва аз пода пеш чанг набардоред. Каме даромади иловагӣ ба даст меоред, зиракиро аз даст надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ҳутҳо корҳояшонро саросема ва бе дилгармӣ ба сомон мерасонанд. Ҳеҷ кореро ба нақша нагиред, балки вақти худро барои истироҳат ҷудо кунед. Агар дар назди худ ҳадафи дуруст гузоред, ба он расидан осонтар аст. Аз бемориҳои сироятӣ худу наздиконатонро ҳифз кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД