Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи хубу бе ташвиш аст. Имрӯз ҳар коре ба дастатон меафтад, ба осонӣ анҷом медиҳед. Агар танбалӣ бар шумо ғолиб наояд, ба натиҷаҳои бузург мерасед. Аммо эҳтиёт шавед: эҳтимоли фиреб хӯрданатон аз ҷониби шахси боваринок вуҷуд дорад. Беҳтараш дурӯғгӯро ба ҷояш шинонед, вагарна шояд обрӯятон зери хатар монад. Дар ҳамин шабу рӯз аз шамолкашӣ эҳтиёт шавед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз шояд бетаҳаммул шавед, ки метавонад боиси овозаҳо дар атрофи номатон гардад. Кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред ва ба воқеаҳо аз дидгоҳи дигар нигоҳ кунед. Шумо баъзан аз ҳад зиёд бесабрӣ мекунед, бояд худро ба даст гиред. Шумо ба оромӣ ва истироҳат ниёз доред. Агар намехоҳед хароҷоти зиёд кунед, беҳтараш харидҳоро ба охири ҳафта гузоред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Беҳтарин роҳ барои шумо дар ин рӯз бетарафиро нигоҳ доштан аст. Аз баҳсҳо, махсусан байни наздикон, дурӣ ҷӯед. Кӯшиши фаҳмидани сабабҳо танҳо саргардонатон мекунад. Беҳтар аст ба роҳҳои даромади иловагӣ диққат диҳед, шояд имкони хубе пеш ояд. Шумо монеаҳоро бо талафоти кам паси сар мекунед. Дӯстдоштаатон ба таваҷҷуҳи шумо ниёз дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар бораи одамон бар асоси гапи дигарон хулоса набароред. Беҳтар аст шахсан онҳоро шиносед. Беҳуда нагуфтаанд, ки шунидан кай бувад монанди дидан. Ҳеҷ гоҳ ба гапу овозаҳое, ки мешунавед, бовар накунед. Вақти муносиб барои ишқу ошиқӣ нест, шикасту ноумедӣ эҳтимол дорад. Агар дар фикри иваз кардани ҷойи кор бошед, вақти мусоид аст.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи серкорӣ аст, дар масъалаҳои оилавӣ ташвиши зиёд имкон дорад. Бо ҳар нафаре, ки кору робита мекунед, ба осонӣ ба шумо эътимод мекунанд. Рӯзи хубест барои хариди муҳиме, ки метавонад барои солҳо ба кор ояд. Агар шумо муҷаррад бошед, вақте расидааст, ки оила бунёд кунед. Ошиқон дар ин рӯз ба меҳрубонӣ ниёз доранд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Аз барангехтани низоъ дар хона ва ҷои кор худдорӣ кунед. Як муноқишаи оддӣ метавонад ба муноқишаи тӯлонӣ мубаддал гардад. Агар нақшаи тиҷорат доред, дастгирии дӯстон ва шиносонро ҷалб кунед. Шояд вақти он расидааст, ки ба таъмири хона машғул шавед, ин сарф беҳуда намешавад. Нафарони муҷарраде, ки фарзанд доранд, бо сабаби норозигии фарзандон оиладор шуда наметавонанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз давраи мусоиди амалӣ кардани нақшаҳо фаро расидааст. Энергия ва неруи кофӣ доред. Вале эҳтиёткор бошед, ба касе ваъдаҳои беандешона надиҳед, шояд иҷрояшон аз шумо вобаста набошад. Гуфтугӯ бо шахси сарватманд хуб мегузарад ва мушкилиҳои пулиятонро рафъ мекунед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз корҳои шумо бештар ба масоили молиявӣ рабт доранд. Шояд масъалаи ба хонаи нав кӯчидан пеш ояд. Ба коре, ки дигарон дар он ноком шудаанд, машғул нашавед, тағйир додани вазъият душвор хоҳад буд. Дар муошират бо ҳамкорон эҳтиёт шавед: ҳарфи зиёдатӣ метавонад бар зараратон бошад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи хубест барои дидор бо дӯстону наздикон. Вақти муносиб аст барои шурӯи корҳои нав - саёҳат, шиносоии нав ва машғулиятҳои варзишӣ. Имрӯз метавонед бе дудилагӣ хариди деринтизорро анҷом диҳед. Як сухани пурмуҳаббати дӯстдоштаатон тамоми ғаму андуҳи дилатонро тоза мекунад. Агар танҳо бошед, ба ҷустуҷӯи бахт шитобед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳсосоти шумо метавонад тағйир ёбад, ки боиси норозигӣ ва нофаҳмӣ бо дигарон мегардад. Хусусан бо ҳамкорон дағаливу ихтилофот эҳтимол доранд. Эҳтиёткор бошед ва мулоқотҳои муҳимро ба рӯзи дигар гузоред, то вазъиятро беҳтар идора кунед. Нисбати дӯстдоштаатон низ якравӣ накунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Рӯзи хуб барои вохӯриҳои корӣ аст. Шиносоии нав метавонад на танҳо таҷриба, балки дӯстони хуб низ бахшад. Беҳтарин вақт барои анҷом додани як хариди гаронбаҳост. Агар нияти харидани хонаву мошин ё мебелро дошта бошед, дар ҳамин шабу рӯз харидҳоро анҷом диҳед. Агар бо дӯстдоштаи худ маслиҳат кунед, беҳтар аст.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Вақти он расидааст, ки имкониятҳои худро бознигарӣ кунед. Ин ба шумо кумак мекунад, ки аз хастагии равонӣ эмин монед. Ҳамзамон, дар интихоби дӯстон эҳтиёт кунед: нафароне ҳастанд, ки фақат барои манфиати шахсии худ бо шумо муносибат мекунанд. Шумо худатон ин нафаронро хуб мешиносед, беҳтараш худро аз онҳо дур гиред.