Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 22-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2021
3065

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз таъмири хона, харидани асбобҳои техникӣ ва либоси навро маслиҳат намедиҳем. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед ва либосҳои гармро ба бар кунед. Баро ба сафар баромадан ва бо дӯстон ба меҳмонӣ рафтан рӯзи қулай аст. Ин рӯзи истироҳатиатон фаромӯшанашаванда хоҳад буд.

Савр (21 апрел-22 май)

Аз робита бо нафарони бемор ва ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Дар муносибатҳои ошиқона беҳбудӣ дида мешавад, вале хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки дӯстдоштаи худро фаромӯш мекунед. Даромади хуби пулӣ эҳтимол дорад. Саломатиатон хуб аст ва онро мебояд эҳтиёт кард.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз корҳои худро бо маслиҳат ва миёнаравии дӯстон ба анҷом мерасонед. Эҳтимол бо ишқи деринатон вомехӯред. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед, вагарна даромади пулии ночиз ба даст меоред. Саломатии худро фаромӯш накунед, асабонияти пайваста ба саломатиятон зарар мерасонад, як қисми уҳдадориҳои худро ба дӯши атрофиён гузоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз уҳдадориҳои навро ба дӯш нагиред. Корҳои муҳим боиси он мегардад, ки шахси дӯстдоштаро фаромӯш мекунед. Даромади пулӣ имкон дорад, вале табъатон худ ба худ тағйир ёфта, эҳтимоли бо шахси дӯстдошта муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Бо нафарони ношинос суҳбат накунед, вагарна дучори мушкилиҳо мегардед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Рӯзи душвор аст. Имкониятҳои худро ба назар гирифта амал кунед, аз робитаҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли сарфи беҳудаи пул вуҷуд дорад, бо сабабҳои бароятон номаълум имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре аз хешовандон ё аъзоёни оила муноқиша имкон дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо фикру андешаҳои худ дар танҳоӣ ва оромӣ будан мехоҳед. Рӯзи хубест барои ба анҷом расонидани корҳои ба таъхирмонда. Хобҳоятон амалӣ мешавад, қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед, аз ин рӯ бо амри дил амал кунед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи мушкил аст. Ба маслиҳату миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом умед набандед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Хоҳиши бароҳат сохтани манзили зист боиси сарфи пули зиёд мегардад. Аз ҳад зиёд дил бастан ба ширинӣ боиси фарбеҳ шуданатон мегардад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз аз натиҷаи кори якҳафтаинаи худ қаноатманд намегардед. Эҳтимол нақшаву ниятҳоятон оид ба истироҳат амалӣ намешаванд. Бо наздикони худ ошкоро бошед. Дар масъалаҳои пулӣ сарфакор шавед. Банду буғумҳои худро аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт кунед. Хусусан пойҳоятонро аз латхӯрӣ ҳифз намоед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз аз сафар кардану робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Фориғболӣ нисбати саломатӣ ё кори фишоровар боиси асабхаробӣ ё бемории дигар мегардад. Дар ҷодаи касбу кор маблағи калони пулиро аз даст медиҳед. Агар нияти бо нафари воломақоме шинос шуданро дошта бошед, ин корро ҳамин рӯз ба анҷом расонед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз кори хона қувваи зиёдатонро талаб мекунад. Босабру таҳаммул бошед, зеро мушкилиҳои молиявӣ сар мезананд. Меҳнатдӯстӣ ва иродаи мустаҳкаматон ҳодисаҳои манфии рӯзро кам месозанд. Хариде карданатон лозим меояд, ки тамоман дар нақша надоштед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои молиявӣ бобарор анҷом меёбанд. Сафару саёҳатҳо бобарор мешаванд. Ба мушкилиҳои ночиз диққат додану хавотир шуданро маслиҳат намедиҳем. Либоси нав харидан ва ба назди табиби дандонпизишк рафтанатон хуб нест. Эҳтимоли бо зане муноқиша карданатон вуҷуд дорад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз эҳтимоли фаромӯшхотир шудану ба фориғболӣ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Бемор шуданатон имконпазир аст. Барои табобат ба мутахассиси ботаҷриба муроҷиат кунед. Табобатро ба таъхир нагузоред, беморӣ худ ба худ рафъ намегардад. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД