arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3227

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамалҳо бояд дар фикри меҳнати ҳалол ва пур намудани ҳамёнашон бошанд. Аз сабаби серкорӣ ба саломатиатон зарар расида, хурӯҷ намудани дарди куҳна имкон дорад. Кӯшиш кунед, ки фавран ба табиб муроҷиат намоед. Беаҳамиятӣ нисбати саломатӣ метавонад боиси сар задани мушкилоти ҷиддӣ гардад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Зодагони бурҷи савр метавонанд шартномаҳои муфид баста, соҳиби даромади калон шаванд, ба шарте ки донишу заковати зотиашонро ба кор бубаранд. Ҳисси нобовариро аз дилатон дур кунед, вагарна ба решаи ниҳоли бахтатон бо дасти худ теша заданатон имкон дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар коргоҳатон мушкиле пеш меояд, ки дар танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳаллаш баромада наметавонед. Аз дӯстонатон мадад пурседу корро кашол надиҳед. Агар идеяҳоятонро дар амал татбиқ кунед, соҳиби даромади калон гаштанатон имкон дорад. Дар сарф намудани маблағҳоятон саросема нашавед. 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз қисми зиёди мушкилоти ҳалталабро паси сар менамоеду аксар масъалаҳоро ба фоидаи худ ҳал мекунед. Сафари корӣ зодагони бурҷи саратонро дар пеш аст. Тамоми донишу малакаатонро ҷамъ карда, барои оғози кори нави тиҷоратӣ тайёрӣ бинед. Ин рӯз барои саратонҳои корчаллон беҳтарин аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Шумо бояд ояндаи худро фикр кунеду баҳри обод кардани кошонаи бахт камари ҳиммат бандед. Мушкилоти вобаста ба ҳаёти шахсиятонро бо мадади Худованд ва кӯмаки дӯстон ҳал хоҳед кард. Сарчашмаи нави даромадро аз ҳама пинҳон кунед, вагарна чашми бад расида, барор аз шумо рӯй мегардонад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз гуфтани суханҳои носазо худдорӣ кунед, вагарна дӯсти ҷониатонро бо осонӣ аз даст медиҳед. Заҳматҳоятонро ба назар гирифта, роҳбарият вазифаи баландтареро бар дӯшатон мегузоранд. Душманони ҳасудхӯр барои шуморо сиёҳ кардан ба ҳар кор қодиранд, эҳтиёт бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз фикру хаёлатон ба дӯстдоштаатон банд мешавад. Бо ёди ошиқатон тамоми мушкилиҳои дигарро фаромӯш мекунед. Ҷанҷолҳое, ки бо айби худи шумо сар зада буд, сабаби асосии марги боварӣ ва бахт мегардад. Кӯшиш кунед, ки феълу атворатонро дигар намуда, хатои худро ислоҳ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст занед, бо осонӣ ва муваффақона анҷом хоҳад ёфт. Меҳнат кунеду қудрату тавоноиятонро нишон диҳед, дер ё зуд заҳматҳоятон самар медиҳанд. Сазовори ҳурмату эҳтироми беандоза мегардед ва кордатон ҳам болои равған мешавад, танҳо сабр бояд кард.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар коргоҳатон моҷарое сар мезанаду гуноҳи нокардаро ба саратон бор мекунанд. Суханҳои сахт асабҳоятонро хароб мекунанд, вале ба ҷои ҷанҷол кардан, оромона ва бо далелҳо бегуноҳиатонро исбот намоед, беҳтар аст. Дӯсти наздикатон кӯмаки пулӣ мепурсад. Кӯшиш кунед, ки каме ҳам бошад, кӯмаки худро дареғ надоред.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз шумо бодиққатӣ ва эҳтиёткорӣ талаб карда мешавад. Беҳтараш кори навро оғоз накунед, вагарна шарики тиҷоратӣ ва дӯсти наздикатон шуморо дар ҳолати ногувор мемонад. Бо роҳбаратон баҳсу мунозира накунед, дар акси ҳол хавфи аз вазифа сабукдӯш гаштанатон зиёд аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Хабари нохуш нимаи дуюми рӯз табъатонро хира мекунад. Пеш аз пода чанг наандозеду ягон қарори қатъӣ қабул накунед, вагарна кору тиҷорататон валангор хоҳад гашт. Ишқе, ки тӯли чандин сол боз давом дораду мисли дарахти бемева ҳосил намедиҳад, ба дилатон мезанаду пешниҳоди ҷудоиро мекунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба эҳсосот дода нашавед, шубҳаю гумон ва рашки тақдирсӯзро ба дил роҳ надиҳед. Эҳтиёт бошед, вагарна нобоварию рашк метавонад ба решаи муҳаббататон теша занад. Даромади пулӣ ҳутҳоро хурсанд хоҳад кард. Баландравии вазифа ҳутҳои дар сари қудрат бударо водор месозад, ки масъулиятшинос бошанд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД