Ҳамал
Дар ин рӯз кӯшиш намоед корҳои бештареро ба нақша гиред. Бо нафароне дидорбинӣ намоед, ки бароятон қадрдонанд, вале бо сабабҳои гуногун кайҳо боз якдигарро надидаед. Харидани ашёи даркорӣ табъатонро болида месозаду хоби бароҳат боиси бардамӣ мегардад.
Савр
Имрӯз сараввал амал намуда, баъдан андеша намоед. Ҳар қадаре бисёр фикру таҳлили зиёд намоед, ҳамон андоза коратон дӯлоб гашта, сарҳисоби корро гум мекунед. Ба нуқтаи назари атрофиён кам гӯш дода, беҳтараш бо амри дили худ амал намоед.
Ҷавзо
Бо корҳои муҳим ва вохӯриҳои дилписанд машғул шавед. Ягон лаҳзаи худро беҳуда нагузаронед. Аз маъракаҳои дилхушкунанда низ дурӣ наҷӯед. Ҳар қадаре заҳмат кашидед, ҳамон андоза фоидаашро ба даст меоред. Фикри фардоро карда, як қисми маблағи дар даст доштаатонро сарф накунед.
Саратон
Рӯзи бобарор аст. Бо табъи болида меҳнати зиёд карда, истироҳат мекунед. Сайругашти бегоҳирӯзӣ хобатонро бароҳат месозад. Ба дӯстоне, ки аз шумо дасти кӯмак мепурсанд, рад накунед. Хасташавӣ боиси пастшавии масунияти бадан ва сар задани фишори руҳӣ мегардад. Барои истироҳат ҳатман вақт пайдо намоед.
Асад
Ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Вақти истироҳат ва ором сохтани асабҳоятон фаро расидааст. Агар чунин имкон надошта бошед, танҳо корҳои муҳимро иҷро кунеду уҳдадориҳои зиёдро ба дӯш нагиред. Аз маъракаву вохӯриҳо дурӣ наҷӯед, дар зиндагиятон нафаре пайдо мешавад, ки нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.
Сунбула
Дар ин рӯз ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Қобилияти ба гап дароварда тавонистани ҳамсуҳбати худро аз даст медиҳед ва чанд муддат таҳти таъсири нафарони бегона қарор гирифта метавонед. Мушкилоти шахсиро шитобкорона рафъ накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед.
Мизон
Дар ин рӯз ба гирдоби ҳодисаҳо ворид мегардед. Гуфтушунидҳои зиёди аҷиб натиҷаҳои ногаҳонӣ медиҳанд. Дар суҳбат фишор наоред, агар ҳамсуҳбататон дар посух гуфтан омода набошад, нисбаташ дағалӣ накунед. Ҳар як инсон ҳуқуқи таваққуф намуданро дорад.
Ақраб
Имрӯз шумо шуълаяки хурдеро мемонед, ки бо гармии худ на танҳо атрофиёнро гарм мекунед, балки ба дилҳо фараҳу шодӣ мебахшед. Дар ҷодаи муҳаббат лаҳзаҳои хотирмони ошиқона ва шиносоиҳои судманд имкон дорад. Даромади пулӣ ва дастгирии наздиконро интизор шавед.
Қавс
Айни замон дар вазъияти душвор қарор гирифта метавонед. Аз як тараф корҳои зиёдатон барор мегираду аз ҷониби дигар дар муносибат бо шахси наздик душворӣ сар мезанад. Аз муноқишаву ҷанҷол дурӣ ҷуста, сабру таҳаммулро пеша намоед. Ба хобҳои пурҳаяҷон диққат диҳед.
Ҷаддӣ
Нақшаи корҳоятонро тартиб дода, аз пайи корҳои нисбатан муҳим шавед, имрӯз бароятон бобарор мегардад. Корҳоятон зиёду сабру таҳаммул ва меҳнатдӯстиятон ба шумо нерӯ мебахшад ва бе ягон душворӣ аз уҳдаи кори зиёд мебароед. Қарзҳоятонро дар ин рӯз бояд баргардонед.
Далв
Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани ягон ҳодисаи манфӣ имкон надорад. Баръакс гардишҳои аҷибу ногаҳонии қисмат ояндаи шуморо беҳтар месозанд. Бештар бо атрофиён дар робита бошед, зеро маҳз бо кӯмаку дастгирии шиносони нав дари муваффақиятро боз карда метавонед.
Ҳут
Дар ин рӯз ҳушёриро пеша намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед. Бо нафароне, ки ҳамкорӣ кардан мехоҳед, забон ёфтанатон муҳим аст. Аз ҳолатҳое, ки боиси фишори руҳӣ ва ҷароҳат бардоштанатон мегарданд, дурӣ ҷӯед. Нисбати дӯстдоштаатон меҳру муҳаббати худро бештар зоҳир намоед.