arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
3344

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба шумо истеъмоли хӯрокҳои тезтайёрро тавсия намедиҳем, вагарна чанд рӯзи дигар аз дарди меъда азият мекашед. Як қисми пулҳоятонро барои рӯзи мабодо захира кунед. Нисбати дӯстдоштаатон дағалиро раво набинед. Роҳи муросоро пеш гиред, вагарна дучори муноқишаву зиддият мегардед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз дучори ҳодисаҳои ногувор шуда метавонед. Роҳбарияти коргоҳ пешравиҳои коратонро дида, ба моҳонаатон мукофоти пулӣ илова мекунанд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ба сифатҳои беҳтарини шахсе, ки дӯсташ медоред, бештар диққат диҳед. Саломатиатон имрӯз ташвиш нахоҳад дод.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Мушкилии асосии имрӯзаи шумо масъалаи молиявӣ аст. Агар ҳаҷми даромади моҳонаатон ҳамин тавр боқӣ монад, дар оянда азоби бепулӣ мекашед. Аз нафароне, ки замоне аз шумо рӯй гардонида буданд, ба ҳеҷ ваҷҳ кӯмак напурсед. Кӯшиш кунед, ки ба доми бадхоҳону хушомадгӯйҳо наафтед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Воқеаҳои имрӯза асабонияти шуморо бештар мекунанд. Ба хотири ба даст овардани маблағи зиёд ба корҳои хатарнок даст назанед. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат барои ба даст овардани дили нафаре, ки дӯсташ медоред, чорчӯбаро шикаста, тамоми кӯшишатонро ба харҷ диҳед. Маблағи дар даст доштаатонро сарфакорона истифода баред. 

Асад (23 июл-22 август)

Дар иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои худ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед. Аз ҷониби дигарон фишорро ҳис кардед ҳам, онҳоро хафа накунед, аммо хомӯш ҳам наистед. Мушкилиҳои молиявӣ бо мурури вақт ҳалли худро пайдо мекунанд. Аз рафтан ба ҳаммоми гарм худдорӣ намоед. Ба дӯстдоштаатон дурӯғ нагӯед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Вазъи молиявиро ҳамавақт дар мадди аввал гузоред. Аз имрӯз сар карда, кам-кам аз даромадҳои худ пасандоз кунед, дар оянда бо ин маблағи ҷамъшуда чанд коратонро ҳал мекунед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки имшаб аз муносибатҳои маҳрамона бо ҳамсаратон худдорӣ намоед, вагарна бемор мешавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар оилаи мизонҳое, ки ба қарибӣ оиладор шуда буданд, нофаҳмиҳо сар мезананд. Мушкилиҳои пай дар пайи рӯзгор асабҳои шуморо хароб ва ҳамсаратонро аз зиндагӣ дилсард месозанд. Роҳи муросоро зудтар пайдо карда, аз ин дарди сарҳо худу ҳамсаратонро халос кунед, вагарна оилаатон то ба пошхӯрӣ омада мерасад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ҷиддӣ набошед ва якравӣ ҳам накунед. Нафароне, ки бо онҳо ҳамкорӣ доред, аз дидани чеҳраи хандони шумо хушҳол мешаванд. Дар роҳи ишқу муҳаббат ба комёбиҳои осону муфт умед набандед. Дили дӯстдоштаатонро ба даст оварда, нисбаташ ҳамеша меҳрубон бошед ва ба ӯ дурӯғ нагӯед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар масъалаҳои корӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед ва дар иҷрои ҳар кор пешакӣ андеша кунед. Қавсҳои муҷаррад ҳарчӣ зудтар аз пайи издивоҷ шаванд, барояшон хубтар хоҳад буд. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли ба сафар баромаданатон вуҷуд дорад. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз маҳорати касбии худро аз даст надиҳед. Мушкилиҳои ба саратон меомада муваққатиянд, аз ин рӯ, зиёд фикр карда, рӯҳафтодаву озурдахотир нашавед. Ҷаддиҳои муҷаррад барои худ ҳамсари мувофиқ пайдо карда наметавонанд. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз дар муносибат бо оила дилсарду номеҳрубон мешавед, ки сабабашро ҳеҷ фаҳмида наметавонед. Агар дӯстдоштаатон аз шумо кӯмак пурсад, ба ӯ ёрӣ расонед. Вазъи молиявиатон шуморо муваққатан ташвиш намедиҳад, аммо ба ҳар ҳол камхарҷ бошед ва барои рӯзҳои мабодо захира намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз яке аз наздиконатон ба шумо кӯмаки молиявӣ мерасонад. Шуғли дӯстдоштаатон, ки ба он машғулед, даромади хуб меорад. Барои ба бозору мағоза рафтан рӯзи мусоид аст. Пеш аз ба бозор рафтан рӯйхати чизҳои лозимаро тартиб диҳед. Вазъи саломатӣ аз оромии асабҳо вобаста аст, пас асабҳои худро эҳтиёт кунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД