Ҳамал
Дар ин рӯз танқиди шахси дӯстдошта ба дилатон чун ханҷар мехалад. Беҳуда ба қаҳр наоед, шумо худ низ моҳи беайб нестед. Эҳтимол нафарони воломақом дар корҳоятон кӯмаки худро мерасонанд. Ба ҳар коре ки даст мезанед, аз шумо чандон қувваи зиёдро талаб намекунанд.
Савр
Дар масъалаҳои оилавӣ мушкилиҳои ҷиддӣ сар мезанад. Агар танбалӣ накарда, ба ғалатҳои пешинаатон диққат диҳед, мушкилоти зиёдеро паси сар мекунед. Ҳангоми ҳисобу китоби пул бодиққат бошед. Ҳар як қадами худро дониста гузоред, зудбовар нашаавед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз шуғли наву ҷолиб пайдо мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат бояд ақли солимро пеша намоед. Дар хотир доред, ки имкони ҳаёти худро бо шахси дилпур пайвастанро доред. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмонҳоро интизор бошед. Рашку хафагӣ имкон дорад.
Саратон
Дар ин рӯз на танҳо бо наздикон, балки бо ҳамсояву шиносҳоятон баҳсу мунозира имкон дорад. Саратонҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, бояд роҳҳои нави пешравиро ҷӯё шаванд. Баъди нисфирӯзӣ ба табъи нохуш дода нашавед, вагарна хобатон мепарад.
Асад
Имрӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Ҳар нафаре, ки бароятон азиз аст, хотирашро шод намоед. Дар оила нофаҳмӣ рух медиҳад, вазъиятро дӯсти наздикатон рафъ месозад. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред. Мулоимтар бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мегарданд.
Сунбула
Дар ин рӯз агар имкон дошта бошед, бештар истироҳат кунед. Барои харид кардану ба бозор рафтан рӯзи мусоид бошад ҳам, дар ин рӯз асаби худро хароб накунед. Ба бемории хурӯҷнамуда бедиққатӣ зоҳир накунед, беҳтараш сари вақт аз паси табобат шавед.
Мизон
Бо рақибон мубориза сар мешавад. Танҳо суҳбати рӯ ба рӯ вазъиятро ба фоидаи шумо ҳал мекунад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, метавонад маблағатонро дучанд гардонад. Андешаи худро ба касе нагуфта, мустақилона амал намоед. Барои оромии асаб истироҳат карданатон лозим аст.
Ақраб
Дар ин рӯз яке аз дӯстонатон бо амали беақлонаи худ шуморо меранҷонад. Асабонияту қаҳру ғазаби худро нигоҳ доштан душвор мешавад. Нафарони оиладор бо ҳамсари худ муноқиша карданашон имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷое рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Қавс
Хабарҳои аз роҳи дур расида аз субҳи содиқ табъатонро болида мегардонад. Дар масъалаи чӣ гуна зиёд сохтани маблағҳоятон бо хости дили худ амал намоед. Нафарони муҷаррад бегоҳирӯзӣ аз ҷониби нафаре, ки чанд моҳ дар оташи ишқаш месӯхтанд, пайғоми хуш мешунаванд.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз мушкили зиёде ба саратон меояд. Дар хона аз рӯйи фарзандон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бар мекунанд. Маблағи дар даст доштаро сарф накунед. Гум шудани иштиҳо аз таъсири асабоният аст.
Далв
Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳатон мегарданд, диққат надиҳед. Рӯзҳои наздик бе иштироки шумо низ ин мушкилиҳо рафъ мегарданд. Шахсе, ки аз шумо қарздор буд, пулро бармегардонад. Нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошеду ба қаҳру ғазаб дода нашавед.
Ҳут
Аксари мушкилиҳоро дар ин рӯз бо кӯмаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, зеро дардҳои дерина хуруҷ мекунанд. Барои аз даст надодани ёратон, мулоимгуфтору меҳрубон бошед.