arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025
2125

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Қобилиятҳои ташкилотчигии шумо имрӯз дар авҷ аст. Сардорон метавонанд боэътимод шуморо ба роҳбарии лоиҳаҳои муҳим, мисли идоракунии гурӯҳ ё ташкил кардани чорабинӣ вобаста кунанд. Дар хона низ эҳтимол аст, ки худи шумо пешниҳод кунед, ки вақти худро бо шавқу завқ гузаронед. Барои баъзеҳо ин маънои тоза кардани куллии хона бо ҳамдастии аъзои оиларо дорад, барои дигарон - ташкил кардани зиёфати дӯстона ё рафтани якҷоя ба кино. Чунин аст интихоби фароғати шумо! Бо вуҷуди ин, каме вақтро танҳо гузаронед, то фикрҳоятонро ҷобаҷо кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Барои шумо имрӯз рӯзи татбиқи нақшаҳои бузург нест, махсусан агар дар зиндагӣ ҳама корро дар танҳоӣ ба анҷом мерасонида бошед. Агар шумо ба ин маслиҳат гӯш надиҳед, имкони дар миёнароҳ мондани корҳо ё ноком шудан вуҷуд дорад. Имрӯз ҳар гуна ибтикорот дар беҳтарин ҳолат барои шумо ташвишовар хоҳанд буд. Пас, магар беҳтар нест, ки рӯзи дигарро интизор шавед ва хато накунед? Фаромӯш накунед, ки шумо на бояд ҳамаро шод гардонед ё ба талаботу меъёрҳои дигарон мувофиқ бошед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои шумо имконияти хубе ҳаст, ки хатоҳо ва мушкилоти кӯҳнаро ислоҳ кунед. Шояд ин бо ҳалли масъалаҳое, ки муддати тӯлонӣ шуморо ба мушкилот дучор мекарданд, алоқаманд бошад. Ҳатто агар вазъият зидди шумо бошад ҳам, шумо метавонед дар он манфиати худро пайдо кунед. Шавқу ҳавас ва хушбинӣ имрӯз сармояи асосии шумо хоҳанд буд! Ба нуқтаи назари дигарон гӯш надиҳед ва имкон надиҳед, ки қарорҳои шуморо дигар кунанд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бештар ба масъалаву мушкилоти молиявии худ диққат диҳед. Имрӯз шумо қодир хоҳед буд, ки буҷаи худро ба тартиб дароред ва дар ҳисобҳо иштибоҳҳоро пайдо кунед. Беҳтараш, имрӯз захираҳои худро оқилона идора карда, роҳҳои нав барои сарфаи маблағ ё сармоягузорӣ пайдо кунед. Амалҳои андешидашуда шуморо ба муваффақият мебаранд. Фаромӯш насозед, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Вақту соати худатонро интизор шавед!

Асад (23 июл-22 август)

Барои шумо ин рӯз на барои беандеша амал кардан аст ва на барои таваккал кардан. Барои муваффақ шудан, ҳар як қадаматонро бодиққат санҷед. Дар акси ҳол, эҳтимолияти нофаҳмиҳо ва мушкилоти ғайричашмдошт зиёд аст. Ҷасорат дошта бошед, аммо боварии комилро фаромӯш накунед. Саломатии шумо боиси изтироби наздиконатон мегардад, беҳтараш сари вақт бемориҳои сарзадаро пешгирӣ намоед. Ба касе дарди дил накунед, ҳатто ба дӯсти назиктарини худ!

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Эҳсосот ва ҳиссиёти шумо имрӯз дар сатҳи баланд қарор дорад, аммо хушбахтона, он таҳти назорат ва дар тавозун мебошад. Ин тавозуни эҳсосӣ ба шумо имкон медиҳад, ки бо диди нозук вазъиятро таҳлил карда, аъмоли атрофиёнро дуруст дарк кунед. Шумо имрӯз ҳатто метавонед илҳом ва шавқе пайдо кунед, ки шояд монанд ба қобилияти хондани фикрҳои дигарон бошад. Ин имкониятро барои фаҳмидани вазъиятҳои муҳим ва шинохтани ҳадафҳо истифода баред. Эҳтимол аст, ки шахси ба шумо наздик эҳсосоти худро бо шумо ошкоро нақл кунад, ё шояд шумо роҳи ҳалли мушкилоти душворро пайдо кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Барои шумо имрӯз эҳтиёткорӣ дар муносибатҳо бо атрофиён бисёр муҳим аст. Шумо бояд аз шахсоне, ки ба шумо бо онҳо шиносоии наздик надоред, дурӣ ҷӯед. Имрӯз мумкин аст, ки атрофиён нафаҳмида ба шумо зарар расонанд, ё шояд касе бар зидди шумо қасд кунад. Беҳтарин роҳ барои пешгирӣ аз чунин мушкилот ин зиракӣ ва диққати доимӣ аст. Боварӣ ҳосил кунед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эҳтиёт мекунед ва ба дигарон сабаби эҳсоси нофаҳмиро намедиҳед. Агар шумо ин маслиҳатро риоя кунед, рӯз ором ва бобарор хоҳад гузашт. Ҳар як мукшили дар роҳатон омада сабабе дорад, шояд барои таҷриба гирифтан ё лаззат бурдан.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз шумо метавонед нисбати худ ва атрофиён талаботҳои сахт дошта бошед. Ин талаботҳо метавонанд боиси нофаҳмиҳо шаванд. Шумо кӯшиш мекунед, ки нақшаҳоятон бо дақиқӣ иҷро шаванд, ва ҳар гуна тағйиротро ҳамчун шикасти шахсӣ қабул мекунед. Ин шиддати эҳсосӣ ба атрофиён ва ҳатто ба худи шумо зарар мерасонад. Ба худ иҷозат диҳед, ки рӯйдодҳоро табиӣ қабул кунед ва фаҳмед, ки на ҳама чиз зери назорати шумо аст. Бо ин равиш, шумо на танҳо ҳисси оромӣ пайдо мекунед, балки рӯзро бо эҳсосоти мусбат пушти сар хоҳед кард. Баъзан чизе кардан лозим аст, ки диламон мехоҳад, на он чизе ки бояд маҷбуран иҷро кунем.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Рӯзи шумо бо имкониятҳои олӣ пур шудааст. Имрӯз беҳтарин вақт аст, ки дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон қадамҳои муҳим гузоред. Агар шумо мехоҳед эҳсосотатонро изҳор кунед ё нақшаҳои муштаракро муҳокима кунед, ҳоло вақти муносиб аст. Ғайр аз ин, рӯз барои барқарор кардани алоқаҳо, оғози дӯстии нав ва ҳамкориҳои судманд мусоид аст. Ҳар гуна ибтикорот дар ин самтҳо оянда натиҷаи мусбат хоҳанд дод. Бо чунин рӯҳияи кушод ва мусбӣ, ҳар чӣ ки имрӯз оғоз мекунед, самараи бузург хоҳад дошт. Шумо аллакай ҳама чизро дуруст анҷом медиҳед. Ба худ вақти истироҳат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Рӯзи пур аз шиддат ва эҳтимоли сар задани муноқиша аст. Ҳодисаҳо метавонанд сабаби нофаҳмӣ дар муносибатҳои шахсӣ ва корӣ шаванд. Дар робита бо ҳамкорон ё аҳли оила, эҳтимолан баҳсҳое ба миён меоянд, ки метавонанд аз рақобат ё нофаҳмӣ сарчашма гиранд. Барои пешгирии ин гуна вазъиятҳо, беҳтар аст, ки сабрро пешаи худ созед ва эҳтиёткор бошед. Ба асабоният дода нашавед ва кӯшиш кунед, ки бо хунсардӣ ҳар гуна баҳсро ҳал кунед. Агар шумо рӯйдодҳоро бо оромӣ қабул кунед, рӯз метавонад барои шумо муваффақ гардад. Фаромӯш насозед, ки ҳар як мушкилоти ҳаётӣ барои мо як дарси нав аст.

Далв (20 январ-18 феврал)

Барои шумо, имрӯз як санҷиши ҷиддии ирода ва устуворӣ хоҳад буд. Рӯзи шумо метавонад пур аз баҳсҳо, ҳалли мушкилот ва ҳимояи манфиатҳо бошад. Эҳтимол бо роҳбарият, ҳамкорон ё ҳатто шиносҳо баҳс кунед. Дар чунин ҳолатҳо, муҳим аст, ки эҳсосотро идора кунед ва бо сабру тоқат роҳҳои дурусти муоширатро пайдо кунед. Дар баҳсҳо бо ақл амал кунед ва далелҳоро бо эҳтиром пешниҳод намоед. Агар шумо оромиро нигоҳ доред, ҳатто душвортарин вазъиятҳоро ҳал карда метавонед. Дар фикри кӯмак ба дигарон ҳеҷ гоҳ худро фаромӯш накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои шумо имрӯз рӯзи шодӣ ва имкониятҳои нав аст, аммо эҳтимол аст, ки онҳо инро ҳис накунед. Ҳатто рӯйдодҳои мусбат метавонад шуморо бетафовут гузоранд, шояд аз он сабаб, ки шумо аз рӯйдодҳои қаблӣ хаста шудаед ё эҳсосоти шумо суст шудаанд. Барои дубора эҳсос кардани нерӯи худ, ба худ иҷозат диҳед, ки истироҳат кунед ва ба хурсандӣ ва хушбахтӣ кушода бошед. Рӯз пур аз сюрпризҳо аст ва шояд онҳо зиндагии шуморо равшан кунанд. Ба ҳисси ботинии худ эътимод кунед, зеро он беҳтарин роҳнамо барои шумо хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД