Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ҳамалҳои кордону чаққон дар ин рӯз соҳиби кори нав ва маоши хуб мешаванд. Нафарони ошиқро зарур аст, ки дарди дили дӯстдоштаи худро гӯш кунанд. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамён ё ҷузвдони худро эҳтиёт кунед, то чизи қимматбаҳоеро аз даст надиҳед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз эҳтимоли шамол хӯрдану ба зуком гирифтор шуданатон зиёд аст, бинобар ин, либоси ғафс пӯшида, худро эҳтиёт кунед. Аз нафароне, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, дурӣ ҷӯед. Барои пайдо кардани даромади иловагӣ роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ намоед. Шаб хоби даҳшатнок мебинед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯз барои ташриф овардан ба кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳаммом хеле мувофиқ аст. Хастагиҳо рафъ шуда, куллан болидарӯҳ мегардед. Баъзе ҷавзоҳо агар ҳамин хел бепарво зиндагӣ кардан гиранд, бисёр шансҳоро аз даст медиҳанд ва ҳатто танҳо мемонанд. Нафарони муҷаррад бояд аз пайи бахти худ бошанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз рӯзи масъалаҳои бузург ва ҷиддӣ аст. Бинобар ин, шумо бояд бодиққат бошед. Хастагиро эҳсос кунед ҳам, корҳоятонро ба вақти дигар ба таъхир нагузоред. Вазъи молиявиатон хуб мешавад ва чанд муддат азоби бепулӣ намекашед. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, имрӯз ҳангоми ҳаракат боэҳтиёт бошед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз машқҳои ҷисмонӣ ба саломатиатон таъсири хуб мерасонанд. Аз корҳои дастаҷамъӣ нагурезед, зеро он на фақат ба дигарон, балки ба худи шумо низ фоида меорад. Худбоварӣ ба шумо имкон медиҳад, ки қуллаҳои баландтарро фатҳ намоед. Шом хабари хуш мешунавед ва оромона мехобед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Давоми рӯз дар суҳбат бо наздиконатон сабукӣ карда, хотири онҳоро озурда накунед. Баъзе сирҳои ниҳонатон ошкор шуда, муносибататонро бо баъзе нафарон тағйир медиҳад. Барои оғоз кардани тиҷорат ва қабул кардани қарорҳои муҳим рӯзи неку бобарор аст. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз на аз рӯйи гуфтаи дигарон, балки бо ақли худ кор кунед. Бепарвоиятон билохира сари шуморо ба бало гирифтор мекунад. Барои аз ин вазъияти бад халос шудан, фавран чорае андешед. Ба нафароне, ки дар гирду атрофи шумо будан мехоҳанд, имконият диҳед, ки наздиктар шаванд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки эҳсоси худро таҳти назорат гиред. Ба кӯмаки ҳуқуқшиносони ботаҷриба эҳтиёҷ пайдо мекунед. Даромади иловагӣ дар назар нест, бинобар ин, беҳуда умед набандед. Бемориҳои куҳна дубора хуруҷ мекунанд, дар ҳолати омодабош қарор дошта бошед, аммо ба худтабобаткунӣ машғул нашавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои иҷрои корҳое, ки нерӯи зиёдро талаб мекунанд, рӯзи хубу бобарор аст. Дӯстони наздикатон кӯшиш мекунанд, ки шуморо ба дасиса ва задухӯрдҳояшон ҷалб созанд, аммо шумо худро канор гиред, беҳтар аст. Боду ҳавои тобистонро нигоҳ карда, мувофиқи он корҳоятонро ба нақша гиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз бо ҳамсояҳои худ муноқиша мекунед. Сабаби ҷангу нофаҳмиҳои шумо таъмири ким кадом як техника гуфта мешавад. Некбинӣ ва табъи болидаи худро кӯшиш кунед, ки аз даст надиҳед. Корҳои зиёдро ба уҳда нагиред ва танҳо аз пайи иҷрои амалҳое бошед, ки дар ҳоли ҳозир зарурианд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ситораҳо тавсия медиҳанд, ки аз ташриф ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоед. Эҳтимоли сар задани якчанд камбудӣ дар ҷойи кор вуҷуд дорад, аммо шумо ҳамаашро бартараф карда метавонед. Аз хатоҳои содиркардаатон сабақ гиред ва барои муваффақ шудан роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз иҷрои ҳар кори муҳимро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Баъзе дӯстонатон ба кӯмаки молиявии шумо ниёз пайдо мекунанд. Агар имконият дошта бошед, ҳатман дасти мадад дароз кунед. Ба васвасаҳо дода шуда, дар ҷойи коратон бо нафаре ишқварзӣ накунед, вагарна балои азимеро ба сар меоред.