Ҳамал (21 март-20 апрел)
Бо вуҷуди хуб будани вазъи саломатӣ бояд аз пайи мустаҳкам сохтани масунияти бадан шавед. Эҳтимоли рух додани реаксияҳои аллергикӣ ва каме бемор шудани меъдаатон вуҷуд дорад. Аз хӯрдани ширинӣ ва хӯроки равғанин худдорӣ намоед. Аз танқид кардани ёру наздикон наранҷед, он ба фоидаи шумо аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятонро пинҳон доред, вагарна бадхоҳону ҳасудон халал мерасонанд. Дар ҳаёти шахсӣ рафтори дӯстдоштаатон боиси ташвишу рашки беасос ё норозигии тарафайн мегардад. Барои он ки минбаъд чунин ҳодисаҳо рух надиҳанд, нисбати шахси бароятон наздик диққати бештар ҷудо кунед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед, вагарна қаҳру ғазабатон зиёд гашта, бо наздикон муноқиша мекунед. Дар байни дӯстон худро осудаву роҳат эҳсос мекунед. Бо сабаби сари вақт нагирифтани музди меҳнат асабатон хароб мегардад. Бегоҳирӯзӣ хабари нохуше мешунавед, ки бо сабаби рафтори ноҷои яке аз аъзоёни оилаатон алоқамандӣ дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Натиҷаи заҳматҳои пештараи худро мебинед. Баъзе дӯстон ва наздикон барои пешравии корҳоятон кӯмаку дастгирӣ мекунанд. Мутаассифона, аз пеш монеаҳо зиёд мешаванд. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмонон боиси хароҷоти зиёд карданатон мегардад. Бегоҳирӯзӣ бо дӯсти деринатон вомехӯред.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ба нафароне, ки вазъи молиявиатон аз онҳо вобастагӣ дорад, якравии худро нишон надиҳед. Қабл аз он ки дигаронро танқид мекунед, ба камбудиҳои худ диққат диҳед. Бонувон дар ҳалли мушкилиҳои рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунанд. Бо дӯстону наздиконатон муноқиша карданатон имкон дорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Нақшаву ниятҳои зиёди худро аз атрофиён пинҳон нигоҳ доштан мехоҳед. Агар зиндагии орому аз нохушӣ ориро мехоста бошед, аз таваккал кардану корҳои хатарнок худдорӣ намоед. Бо нафаре, ки чанд муддат риштаи дӯстиятон канда шуда буд, аз нав наздик мешавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз нисбати шахси дӯстдоштаатон садо баланд накунед. Худро ба даст гиред ва ба шахсияти инсон кордор нашавед. Дар акси ҳол, дар сари қаҳру ғазаб коре мекунед, ки ба зудӣ боиси пушаймониятон мегардад. Дӯсти наздикатон туҳфаи ногаҳонӣ мекунад, хуб мешуд, ки шумо низ дар ҷавоб туҳфаи хотирмон тақдим намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ба нафароне, ки хуб намешиносед, чизеро ваъда надиҳед. Мусаллам аст, ки саховатмандии худро нишон додан мехоҳед, вале имрӯз барои чунин корҳо мусоид нест. Муҳаббати пайдошударо беҳтараш нишон надиҳед. Аз нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар нисбати дӯстдоштаи худ чӣ гуна амал карданро намедониста бошед, аз дӯстонатон маслиҳат пурсед. Хусусан аз нафароне, ки таҷрибаи бой доранд. Аз асбобҳои вайроншудаи техникӣ эҳтиёт шавед. Барои сафари берун аз шаҳр рӯзи мусоид нест. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз мисоли кӯдак шоду масрур мегардед, зеро ноумедиҳои умратон паси сар гаштанд. На танҳо дар фикру андешаҳо, балки дар ҷевони либосҳоятон тартиботро ҷорӣ намоед. Шиносоии тасодуфӣ бо мурури вақт ба муҳаббат мубаддал мегардад. Вазъи молиявиатон хуб мегардад, туҳфа ё хариди бобарор имкон дорад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Ба роҳи дур, бо тайёра ё мошин сафар карданро тавсия намедиҳем. Хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, аз ин лиҳоз, рӯзро дар хона гузаронед. Дӯсти наздикатон дар бораи шахси бароятон хеле азиз хабаре мерасонад, ки ягон зарра ҳақиқат надорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба коре, ки боиси пеш омадани мушкиливу ташвишатон мегардад, даст назанед. Беҳтараш бо рафъ намудани камбудиҳои хона машғул шавед. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, пулро бармегардонад. Ҳангоми робита бо нафарони воломақом ба дағалӣ роҳ надиҳед.