Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар муносибатҳо баъзе рафтор ё суханони ҳамсаратон метавонанд шуморо ба андеша водор намоянд. Кинаву ранҷишҳои кӯҳнаро дар дил нигоҳ надоред, зеро ҳар кас метавонад хато кунад. Дар кор аз иҷрои вазифаҳои масъулиятнок натарсед. Агар бо ҷиддият ва тамоми қувва кор кунед, барои пешрафти касбӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Машғулияте, ки пештар танҳо шавқ медонистед, метавонад дар ояндаи наздик ба манбаи даромад табдил ёбад. Ба ғизо низ диққат диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз шумо ва шахси дӯстдоштаатон ҳамдигарро хубтар мефаҳмед ва суҳбатҳои самимӣ метавонанд рӯҳияатонро болида созанд. Аммо шиносоии зиёд бо одамони нав метавонад боиси рашки ҳамсаратон гардад. Кӯшиш кунед миёни дӯстону оила тавозунро нигоҳ доред. Эҳтимол шахсе, ки дӯсташ меҳисобед, назди ҳамкорон ё роҳбарият дар бораи шумо сухани нодуруст паҳн кунад. Барои корҳои маъмурӣ вақт сарф мешавад. Имкони даромади иловагӣ пайдо шавад, аз он истифода баред, вале дар корҳои ҷисмонӣ эҳтиёт бошед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар масъалаҳои ошиқона имрӯз ҳодисаи гуворое шуморо ногаҳон хушҳол карда метавонад. Бештар ба масъалаҳои рӯзмарра ва корҳои вобаста ба хона машғул мешавед. Ба корҳое, ки зуд ва босифат иҷро карда наметавонед, даст назанед. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ кунед, зеро вазъ метавонад ғайриинтизор тағйир ёбад. Ба саломатӣ низ аҳамият диҳед: аз ҳад зиёд хӯрок нахӯред, хуб истироҳат кунед ва қувваатонро эҳтиёт намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз бо дӯстону ҳамкорон бештар дар муҳити ғайрирасмӣ мулоқот кунед ва доираи шиносҳоятонро васеъ намоед. Эҳтимол вохӯрии муҳиме дар ҷойе рух диҳад, ки умуман интизораш нестед. Ранҷишҳои гузашта метавонанд дубора ба ёд оянд, вале вазъ то охири рӯз метавонад ногаҳон дигар шавад. Шиносони нав ҳатто метавонанд дар пайдо кардани кор ёрӣ расонанд, аммо беҳтараш пеш аз ҳама ба қувваи худ такя кунед. Эҳтимоли даромади ғайричашмдошт низ вуҷуд дорад. Аз асабонияту изтироби сахт худро нигоҳ доред.
Асад (23 июл-23 август)
Дар масъалаҳои ошиқона эҳтиёт кунед: эҳсоси муваққатиро бо муҳаббати ҳақиқӣ омехта накунед. Барои фаҳмидани эҳсоси воқеии худ каме танҳо монда, ба дили худ гӯш диҳед. Оиладорон бояд эҳсосоташонро бештар назорат кунанд. Имрӯз шитобкорӣ ва фаъолияти беандеша метавонад танҳо қувваатонро кам кунад. Агар маблағи иловагӣ дошта бошед, метавонед имкониятҳои боэътимоди молиявиро бодиққат баррасӣ намоед. Ҳадафҳои калонро ба вазифаҳои хурд ҷудо кунед. Аз хӯрокҳои кӯчагӣ ё ғизои ношинос худдорӣ кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Шахси дӯстдошта метавонад имрӯз шуморо бо як сюрпризи гуворо хурсанд кунад, масалан, ба тарабхона ё тамошои филм даъват намояд. Ин рӯз барои корҳои созанда ва муфид мувофиқ аст. Наздикон низ ба шумо ғамхории бештар нишон медиҳанд. Вақти холиро дар паҳлуи онҳо гузаронед ва аз баҳсу мунозираҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дур бошед. Дар масъалаҳои корӣ бозорро бодиққат омӯзед, зеро имкони бастани муомилаҳои хуб вуҷуд дорад. Ҳангоми муносибатҳои молиявӣ ба баҳодиҳии вазъ бодиққат бошед ва аз муоинаи профилактикӣ низ сарфи назар накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Сафари дарпешистода метавонад барои шахсони танҳо шиносоии ҷолиб оварад. Барои ҷуфтҳо низ тағйироти мусбат дар муносибатҳо эҳтимол дорад. Имрӯз шитоб кардан лозим нест: вақти худро дуруст ба нақша гирифта, корҳоро пайдарпай анҷом диҳед. Эҳтимол баъд аз нисфирӯзӣ бо ҳамсояҳо баҳс ба миён ояд. Агар фикр кунед, ки ҳанӯз барои истироҳат барвақт аст, ба кори оғозкардаатон идома диҳед, заҳматҳоятон дар оянда натиҷаи хуб медиҳанд. Ба суханони ноумедкунандаи дигарон зиёд аҳамият надиҳед. Бегоҳ бо варзиш худро ором кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз имкони барқарор кардани муносибатҳое пайдо мешавад, ки кайҳо қатъ шуда буданд ва натиҷа метавонад мусбат бошад. Тағйири хурд дар ороиши хона ё таъмири сабук метавонад ба шумо рӯҳияи тоза бахшад. Дар кор бештар ба таҷрибаи худ такя кунед, на ба андешаи дигарон. Хусусан дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед: харидҳои калон ва сармоягузорӣ ба корҳои шубҳанокро ба таъхир гузоред. Қувваи шумо зиёд аст, вале баъзе ҳолатҳо метавонанд ба муносибат бо дигарон ва иҷрои нақшаҳо халал расонанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Муносибатҳои наздикатон имрӯз метавонанд каме ноором шаванд. Барои пешгирии баҳсу ҷанҷол беҳтараш як-ду рӯз муоширатро каме маҳдуд кунед. Айни замон, суҳбат бо дӯстону ҳамфикрон бароятон муфид хоҳад буд ва мубодилаи маълумот метавонад ба ҳар ду ҷониб фоида расонад. Дар кор заҳматҳои шуморо роҳбарият қадр мекунад ва эҳтимоли гирифтани мукофоти молиявӣ вуҷуд дорад. Ба ҷузъиёти майда зиёд аҳаммият надиҳед. Хариди баъзе ашё низ метавонад бароятон муфид бошад. Имрӯз худро хуб ҳис хоҳед кард.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон шояд якранг ва дилгиркунанда шуда бошад. Имрӯз каме фосила гирифтан ва муддате камтар суҳбат кардан метавонад муфид бошад. Ба худ ва қувваи шахсии худ бештар бовар кунед. Дар рӯзҳои наздик кору вазифаҳои касбӣ диққати асосии шуморо талаб мекунанд. Хароҷот метавонад аз даромади пешбинишуда зиёд шавад, бинобар ин маблағи захиравӣ доштан хуб аст. Аз якравӣ ва беҳаракатӣ худдорӣ кунед. Қувваи худро ба корҳои созанда равона карда, ҳар қадаматонро пешакӣ андеша намоед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Вақти якҷоя бо шахси дӯстдошта гузаронидан метавонад шиддати муносибатҳоро кам кунад. Кӯшиш кунед ба ҳамсаратон суханони нешдор нагӯед. Эҳтимол бо наздикон ихтилофи кӯтоҳе ба миён ояд, аммо сулҳро зуд барқарор кардан мумкин аст. Дар масъалаҳои корӣ андеша ва мавқеи худро ошкоро баён кунед ва аз ҳимояи фикратон натарсед. Барои соҳибкорон сабру таҳаммул ва баҳои ҳамаҷониба ба вазъ барои бартараф кардани мушкилот кумак мекунад. Имрӯз будан дар назди одамони дӯстдошта ба рӯҳия ва ҳолати умумии шумо таъсири хуб мерасонад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар муносибатҳо аз ҳад зиёд талабгор ё исроркор набошед ва ба фазои шахсии ҳамсаратон эҳтиром гузоред. Агар аз корҳои якранги рӯзмарра хаста шуда бошед, истироҳат гирифтан ва бо шахси дӯстдошта ба сафар рафтан метавонад рӯҳияатонро беҳтар кунад. Эҳтимол роҳбар имрӯз беасос эрод гирад, аммо онро ба дил наздик нагиред. Ба пулу ҳуҷҷатҳо диққати махсус диҳед ва онҳоро бе назорат нагузоред. Ҳангоми машқи варзишӣ низ эҳтиёт кунед, зеро имрӯз хатари осеб дидан ё осеб расонидан ба буғумҳо бештар аст.