Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Муносибати ҷиддӣ дар рафти кор дар корхона воситаи асосии мустаҳкам намудани муносибати шумо бо ҳамкоронатон мебошад. Аз фикратон корҳои гузаштаро дур созед ва алоқаҳои кандашударо аз нав барқарор намоед. Имрӯз аз кори зиёд хаста мешавед, вале муоширати ғоибонае, ки дар дилатон ҳаст, аз ин ҳолат шуморо мебарорад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз бисёр корҳоятон бобарор анҷом меёбад. Атрофиён барои дастгирии шумо миннатдорӣ баён мекунанд. Нимаи дувуми рӯз бо ҳамкоронатон муноқиша накунед. Мумкин аст, ки тафтиши ногаҳонӣ дар корхона нофаҳмиҳои шуморо бо раисатон ба миён орад. Буҳрони оилавиро эҳсос мекунед. Шуморо чизе нороҳат мекунад ва ин ҳолат парокандагии дӯстонатонро шаҳодат медиҳад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Шуморо зарур аст, ки дар аввали рӯз мақсади асосиатонро вобаста ба оила ва якдилӣ муайян кунед. Нимаи дувуми рӯз сӯҳбати дилгиркунандаи ҳамсуҳбатон шуморо нороҳат мекунад. Кӯшиш кунед, ки атрофиёнатон шуморо ба манфиати хеш истифода набаранд. Нисбати саломатии худ бетараф набошед, зеро охири рӯз каме бемор шуданатон дар назар аст.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар фаъолияти ақлонӣ қувваи зиёдеро сарф мекунед. Ҳар қадар иҷро кардани кореро, ки дар нақша доред, ҳамон қадар бовариатон пешорӯӣ шумо меистад. Хабарҳои хушҳолкунанда дар нимаи дувуми рӯз рӯҳатонро болида месозад. Муносибататонро бо атрофиён қавӣ нигоҳ доред, зеро дастгирии онҳо шуморо ба кор меояд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Аввали рӯз натиҷаҳои кореро, ки пештар анҷом дода будед, ба даст мегиред. Дастовардҳоятон вазъи молиявии оилаатонро боло мебардорад. Муноқишаҳое, ки нимаи двувми рӯз дар оила рух медиҳад, санҷиши шумост ва худатонро ба даст гиред. Сабру тоқати шуморо дар ин вақт атрофиён баҳои хуб медиҳанд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Сарфакориро дар сархати кори худ қарор диҳед. Кӯшиш кунед, то барои пешбурди оилаатон ҳатто вазнинтарин корҳоро ба анҷом расонед, вале ин ҳолат ба саломатии шумо бетаъсир намемонад. Аз вохӯриҳо ва гуфтугузорҳо даст накашед. Дар охири рӯз аз пешниҳодҳои сафари роҳи дур даст кашед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи гуфтушунидҳои бамаврид мизонҳоро дар назар аст. Ба атрофиён боэҳтиёт муомила карданро дар мадди аввал гузоред, зеро дар ояндаи наздик ба корҳои шумо вобаста шуданашон мумкин аст. Омадани меҳмони ногаҳонӣ ба хонаатонро ситораҳо пешгӯӣ мекунанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи бобарор дар тиҷоратро ситораҳо пешгӯӣ мекунанд. Дар нимаи дувуми рӯз тағйироти зиёд ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Барои оила ва муносибат ба фарзандон бояд ҳамеша омода бошед, зеро онҳо ба ин ниёз доранд. Қисмати охири рӯз вохӯрӣ дар назар аст. Бояд ба омодагии хубу сарулибоси зебо ба он ҷо равед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Аз корҳои ҳуҷҷатӣ асабатон харобу рӯҳан мондагиатонро тез-тез эҳсос мекунед. Ситораҳо рӯзро дар ҳалқаи оила ва аёдати падару модар гузаронданро тавсия медиҳанд. Беҳтараш дар аввали рӯз ба корҳои майдаи хона, аз қабили таъмири теникаҳои маишӣ, пешдолон ва ҷевон даст занед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Саломатиатонро дар мадди аввал гузоред. Барои ин шуморо лозим аст, ки аз муоинаи духтур гузаред. Нимаи дувуми рӯз маҷбур мешавед кореро иҷро намоед, ки табъи дили шумо нест. Вазъияти рӯҳиатон чандон хуб нест. Суҳбат ва тавсияи равоншинос ва шахси зиндагидида ба шумо зарур аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ҳаёти далвҳоро имрӯз рӯ додани каме нофаҳмиҳо дар назар аст. Дар коргоҳ барои баъзе нофаҳмиҳо асабӣ шуда, тамоми ҳафта азият медиҳад. Дар нимаи дувуми рӯз шуморо навгонии ногаҳонӣ ва муносибати шахси наздикатонро ситораҳо пешгӯӣ кардаанд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯзи навинро бо вохӯриҳое, ки дер боз интизораш будед, оғоз намоед. Ҳамеша кор гуфта, рӯҳу ҷисматонро хаста мегардонед. Ба кӯдакон машғул шуданро низ фаромӯш накунед. Ба аёдати волидон рафтанро низ фаромӯш насозед. Шом дӯстдоштаатонро ба мулоқот даъват кунед.