Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ НОЯБРИ СОЛИ 2024
2522

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Аз ваъда додан, қасам хӯрдан ва суҳбатҳои нодаркор худдорӣ намоед. Ба корҳои хатарнок даст назанед, бо хариду фурӯши хонаву мошин машғул шуданро тавсия намедиҳем. Нисбати дӯстону шиносон бодиққат бошед. Вазъияти пурмоҷарое имкон дорад, ки оқибати ногувор ба бор меорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ҳаётатон ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Муносибати худро бо баъзе атрофиёни худ тағйир доданатон лозим меояд. Аз шиносоиҳои нави ошиқона худдорӣ намоед. Бо харид ё савдо машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимол маблағи калонро аз даст медиҳед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ҳаётатон гардишҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Бо корҳои хатарноку санҷиданошуда машғул нашавед, вале пешниҳодҳоро барои машғул шудан бо тиҷорат ҳатман қабул кунед. Шахси дӯстдоштаатон бо меҳрубониву ғамхорӣ дар ҳама ҳолат дастгириятон мекунад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар гуфтор андозаро нигоҳ доред, аз ҳад нагузаронед. Бештар гӯш кунеду нуқтаи назари худро кам баён намоед. Дар касбу коратон тағйирот рух медиҳад. Ҳар орзуву ҳавасе, ки нисбати шахси дӯстдоштаатон доред, ҷомаи амал мепӯшад. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим боэҳтиёт бошед.

Асад (23 июл-23 август)

Боҷуръатӣ ва дурандешӣ ҷиҳатҳои манфии рӯзро кам месозанд. Дар ин рӯз аз ваъда додану гуфтори нодаркор ва кор бо ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед. Харид кардану савдои хона ва мошинро тавсия намедиҳем. Санҷишҳоеро, ки имрӯз тақдир насибатон мегардонад, бо ҳамфикр ва шахси боваринок рафъ карда метавонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи бе ташвиш аст. Агар хоҳиши харидорӣ кардани чизеро дошта бошед, дарҳол аз паяш шавед. Бо корҳои хатарнок машғул нашавед, вале бо тиҷорат машғул шуданро маслиҳат медиҳем. Ба дӯстону шиносон диққат диҳед. Муноқишае рух медиҳад, ки оқибати ногувор ба бор меорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барор дар касбу кор ва муносибатҳои ошиқона ҳамсафари шумо мегардад. Айни замон худро ба даст гирифта, эҳсосоти манфиро ба дил роҳ надиҳед. Дар ҷодаи касбӣ муноқиша имкон дорад. Аз ин рӯ, пешакӣ коре кунед, ки ҷангу ҷанҷол рух надиҳад. Зану шавҳарон ва дӯстдоштаҳо ба якдигарфаҳмӣ меоянд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз хеле ҳассос мегардед ва зери таъсири ҳар нафар афтиданатон имконпазир аст, аз ин лиҳоз хеле эҳтиёткор бошед. Ташаббускори муноқишаву низоъ нагардед, вагарна ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Табъатон худ ба худ тағйир меёбад. Ба хӯроки мехӯрдаи худ бодиққат бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Дар касбу кор ва муносибатҳои шахсӣ вазъият номусоид мегардад. Дар корҳои вобаста ба тиҷорат фаъолият нишон надиҳед. Бо вуҷуди имкон доштан монеаҳоро убур карда наметавонед. Табъатон якбора ва худ ба худ тағйир ёфта, аз дарди сар азият кашида, хобҳои бад мебинед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз нисбати шиносони нави худ бодиққат бошед, эҳтимоли рух додани муноқиша дар назар аст, ки оқибати нохуш ба бор меорад. Агар шумо ҳанӯз ҳам бахти худро пайдо накарда бошед, имрӯз имкони мувофиқ фаро мерасад. Ба атрофиён хубтар зеҳн монда, танқидро раво набинед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи бобарор аст. Ба ягон нафар ваъда надиҳед. Вазъият тавре сурат гирифта метавонад, ки бо сабабҳои бароятон номаълум ваъдаҳоятонро амалӣ сохта наметавонед. Аз рафъ намудани мушкилоти пулӣ худдорӣ намоед. Дар ин рӯз қарз нагиреду ба касе қарз надиҳед. Меҳмони ногаҳонӣ ё хабари ногувор имкон дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар касбу кор ва муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор аст. Агар вохӯриятон ба таъхир монад, руҳафтода нашавед, аз тақдир роҳи гурез нест. Нафароне ки асаби ҳассос доранду ҳолати руҳияшон нохуб аст, бояд эҳтиёткор бошанд. Вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД