Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз фикру андешаҳои гуногунро аз саратон дур созед, вагарна табъатон хира гашта, сарҳисоби коратонро гум мекунед. Барои доимо хушҳол будан Шуморо мебояд хандаҳои самимии атрофиёнро нодида нагиред . Нафарҳои муҷаррадро вохӯрии ногаҳонӣ интизор аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз аз оне ки мудом ба дигарон дасти ёрӣ дароз менамоед, изҳори қаноатмандӣ мекунед. Ба дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои нотакрору гувороро ҳадя созед, то ӯро ба худ боз ҳам ошиқтар кунед. Агар дар ҷои кор ҳама ҷоро ба тартиб дароред, бурд мекунед. Саломатии наздиконатонро беназорат нагузоред.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Барои харидани тӯҳфа рӯзи бобарор аст. Ситораҳо аз ҳад зиёд нӯшидани машруботро тавсия намедиҳанд, вагарна дар сари мастӣ ҳаргуна беақлиҳо карданатон мумкин аст. Аз ҳад зиёд ман-маниву худпарастӣ накунед. Бо ин роҳ дӯстони деринаи худро аз даст дода, дар чорроҳаи зиндагӣ тани танҳо мемонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз бо суханҳои аҷибу ғариб хотири наздиконатонро шод мегардонед. Хотири дӯстдоштаатонро бошад, на бо сухани хуб, балки бо туҳфае шод намоед. Саратонҳое, ки нияти оиладоршавӣ доранду то ҳол дудилаанд, хубтараш имрӯз сари ягон қарор наоянд, зеро эҳтимол корҳояшон барор намегирад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз аз пайи иҷрои корҳое шавед, ки то ин муддат ба таъхир мегузоштед. Нафароне, ки муҳосиб ҳастанду бо ҳуҷҷатҳои молиявӣ сару кор доранд, дучори ғалату мушкилӣ мешаванд. Баъзе асадҳо самти фаъолияти худро дигар карда, баъзеҳои дигар ба манзили нав мекӯчанд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бисёриҳо аз шумо маслиҳату машварат пурсида, табъи шуморо болида мегардонанд, зеро худро одами даркорӣ ҳис мекунед. Нафаре бо хушомадгӯӣ шуморо ба худаш тобеъ карда метавонад. Худро зӯр гирифта, ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, даст назанед. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои мизонҳо рӯзи бебарор аст, зеро туҳмати ногаҳонӣ зиндагиатонро бемазмун мегардонад. Эҳтимоли бо наздикон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Ба корҳои шубҳанок машғул нашавед, вагарна ба доми фиреб афтида, пушаймон мешавед. Агар дӯстонатон кӯмак пурсанд, ба ёриашон шитобед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ақрабҳои муҷаррад дар ин рӯз ошиқ мешаванд. Он қадар ошиқ мешавед, ки тамоми рӯз бо дили лабрези орзуву ҳавасҳо мегардед. Орзуи беҳтарини худро имрӯз ҷомаи амал пӯшонида метавонед. Барои иваз кардани ҷойи кор ва кӯчидан ба хонаи дигар рӯзи хуб аст. Гурдаҳоятон шамол хӯрда, шуморо азият медиҳанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Хоби шаб дидаатон шуморо аз рух додани бисёр ҳодисаҳо ҳушдор медиҳад. Нафареро дастгирӣ карда, маслиҳати судманд низ медиҳед. Ин хуб аст, ки ба дигарон кӯмак мекунед, аммо барои худу оилаатон низ вақт ҷудо кунед. Аз ҷойҳои торик ва серодам дурӣ ҷӯед. Бо дӯстдоштаатон оштӣ мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз дар сари қаҳру ғазаб аз дӯстдоштаи худ ҷудо шуда, баъдан эҳсоси пушаймонӣ мекунед. Оростани зиёфат ва даъват кардани меҳмони зиёдро тавсия намедиҳем. Дӯстонатон шуморо ба ҳамкорӣ даъват мекунанд ва маслиҳат медиҳем, ки бо дили пур розӣ шавед. Эҳтимол, шамол хӯрда, бемор мешавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Беҷуръатӣ накарда, нақшаҳои навро тарҳрезӣ кунед ва аз пайи амалӣ кардани онҳо шавед, зеро айёми мувофиқу мусоид аст. Дӯсти нав пайдо карда, дӯстони пешинаро фаромӯш накунед. Барои хариди калон рӯзи бобарор нест. Бо нафаре, ки қаблан хафааш карда будед, оштӣ шавед ва аз ӯ узр пурсед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз мушкилоти пуливу оилавиро мустақилона ҳаллу фасл кардан мехоҳед. Ин коратон хуб аст, аммо аз кӯмаки дӯстони наздик низ истифода кунед. Дар роҳи ишқу муҳаббат ҳодисаи ногувор рух медиҳад, ки шуморо дилшикаста мекунад. Дубора ба нафаре ошиқ мешавед, ки ӯ оиладор аст.