Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3130

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Баъзе ҳамалҳо имрӯз аз як қисми мушкилиҳояшон халосӣ меёбанд. Аз робита бо нафароне, ки бахилу найрангбозанд, дурӣ ҷӯед. Бахтатон баландӣ мекунаду мушкилоти молиявиро рафъ месозед. Нафаронеро, ки дар ҷустуҷӯи ҷои нави корӣ ҳастанд, барор интизор аст. Муноқишаро ба ҳамсафари ҳаётӣ рафъ месозед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Саврҳо дар ин рӯз ӯҳдадориҳои аввалиндараҷаи худро бояд осонтар намоянд. Дар ин сурат, нерӯи зиёдатон сарф нашуда, хастагиро эҳсос намекунед. Асабҳоятонро эҳтиёт кунед. Муноқишаи оилавӣ ё нофаҳмие, ки бо ҳамкоратон сар мезанад, ҳамчунин, мушкилоти рӯзгор нерӯи зиёдро талаб менамоянд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба ҳама дасти кӯмак дароз кардан мехоҳед. Рӯз барои оғози идеяҳои эҷодӣ ва тиҷоратӣ созгор нест. Нафароне, ки бо масъалаҳои бокортаъминкунӣ машғуланд, бояд ба шахсияти корфармо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Эҳтимоли ба доми фиребгарон афтиданатон хеле зиёд аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар рафтору кирдори баъзе аз саратонҳо дудилагӣ ва тарс эҳсос мегардад. Сабаби ба эҳсосот дода шуданатон чорабиниҳои зиёди дарпешистода аст. Сабаби сар задани асабониятро муайян намуда, роҳҳои бо он мубориза бурданро пайдо намоед. Дӯсти беҳтарини худро хабар гирифта, ба синамо ё қаҳванӯшӣ равед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз асадҳо мехоҳанд, ки ҳарчӣ зудтар сарватманд шаванд ва аз вазни зиёдатӣ халос шуда, курсии роҳбариро соҳибӣ кунанд. Қабл аз амал кардан хатарҳои эҳтимолиро дида бароед. Ба нафароне, ки ба наздикӣ бемориеро аз сар гузаронидаанд, бори дигар аз назораи табибон гузаштанро тавсия медиҳем.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Фикри ҳамин рӯзи худро кунед ва саломатиро назорат намоед. Аз нафарони бадқаҳр ва рӯҳафтода дурӣ ҷӯед. Агар нафаре аз пайвандони калонсолатон дар ҳоли душвор қарор дошта бошад, ҳатман ба ӯ кӯмаки молиявӣ расонед. Барои ошиқон рӯзи бобарор нест.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳо дар ин рӯз каме инҷиқ мешаванд. Маҳз бо ҳамин рафтори худ ба мақсаде, ки кайҳо боз дастнорас буд, ноил мегарданд. Дар касбу кор зиндадил буданатон лозим аст. Ҷидду ҷаҳди шумо аз чашми роҳбарият дур намемонад. Вазъи молиявиатон чандон бад нест, вале хариди калон накунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аксари ақрабҳо ба муваффақияти бузурги касбӣ умед баста метавонанд. Эҳтимоли гирифтани мукофотпулӣ ё ба вазифаи хуб ноил шудан вуҷуд дорад. Нафароне, ки дар рухсатии меҳнатӣ қарор доранд, беҳтар аст, ки имрӯзро аз хона берун гузаронанд. Ақрабҳои муҷаррадро лозим аст, ки андаке хушмуомила бошанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бепарвоӣ зоҳир накунед. Барои ноил шудан ба комёбӣ бо тамоми қувва кор карданатон лозим аст. Бегоҳирӯзӣ барои истироҳат мувофиқ аст. Барои мағозагардӣ ва фитнес низ рӯзи мусоид аст. Дар ин рӯз интихоб намудани мошин созгор нест, беҳтараш фикри мошинхариро аз сар дур созед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ақидаву пешниҳодҳои ҷолиби ба саратон омадаро дар амал татбиқ сохта наметавонед. Ба шумо ҳамкору ёрдамчиёне лозиманд, ки дар амалӣ сохтани ин ақидаҳо кӯмак расонанд. Имконияти мусоидро аз даст надиҳед, аз дӯстони худ кӯмак пурсида, ба маслиҳатҳояшон гӯш диҳед, вагарна шикаст мехӯред. 

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи тағйирёбанда аст. Шуморо лозим меояд, ки ба вазъият тобеъ бошед. Эҳтимоли сар задани муноқиша бо шахси дӯстдошта бо ҳамсафари ҳаётӣ, фарзандон ё волидайн вуҷуд дорад. Агар ба гузашт кардан омода бошед, сазовори муҳаббату эҳтиром мегардед. Даромади пулӣ дар назар аст, аммо на он қадар зиёд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нафарони оиладор нақшаҳои ба ҷои дигар кӯчидан ё иваз намудани хонаи худро мекашанд. Бо волидонатон мушкилиҳо сар мезананд, эҳтимоли нотоб шуданашон вуҷуд дорад. Бо вуҷуди мушкилиҳо шумо бояд сабур бошед, зеро мушкилиҳои сарзадаро танҳо худатон рафъ сохта метавонед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД