Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2022
5129

Ҳамал

 

Имрӯз қурбонии бесаранҷомии худ мегардед. Ақидаву ниятҳоятон чунон зиёд мегарданд, ки тамоми қувваву маҳорати худро барои яку якбора амалӣ сохтанашон равона месозед, вале натиҷае ба даст оварда наметавонед. Беҳтараш аз пайи кори бароятон муҳимтар гардед.

 

Савр

 

Аз шумораи зиёди корҳое, ки иштироки шуморо талаб мекунанд, бояд якеро интихоб намуда, муҳимтарашро гиреду дуюмдараҷаашро мадди назар намоед. Баъди нисфирӯзӣ вазъият ва хотиратон аз шунидани хабар ва таъсири нафарони бароятон писанд хуш мегардад. 

 

Ҷавзо

 

Ақидаҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, аҷоибу олиҷаноб менамоянд. Мутаассифона баъди чанд рӯз вазъият тағйир ёфта, ин ақидаҳо бароятон пучу бемаънӣ менамоянд. Агар истироҳат кардан хоҳед, ба кино ё мулоқоти ошиқона равед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

 

Саратон

 

Дар ин рӯз ба пухтакориву зиракии худу атрофиёнатон умед набандед. Аз муноқишаву зиддиятҳо ва ҳатто муҳокимаи мавзӯҳои бемаънӣ худро канор гиред. Дар ҷодаи муҳаббат ҷасуру дурандеш бошед, он гоҳ ба мақсад мерасед.

 

Асад

 

Рӯзи пур аз баҳсу мунозира мегардад. Аз ҳар гапу кор ранҷида беҳуда худро таҳқиршуда ҳисоб накунед. Агар тамоми рӯзро бо ҷангу муноқиша гузаронидан нахоҳед, бо тамоми ҳастӣ аз мавзӯҳои баҳсбарангез дурӣ ҷӯед.

 

Сунбула

 

Имрӯз бо субот ба мақсад наздик шудан мехоҳед, хусусан агар мақсадатон ба даст овардани маблағ бошад. Касе наметавонад шуморо аз ниятҳоятон дур намояд. Тамоми имкониятҳои хубтар намудани вазъи молиявиро дар ин рӯз пайдо менамоед.

 

Мизон

 

Имрӯз ба сайругашт ё кино, ба мағоза рафтан хуб аст. Орзуҳоятон амалӣ нашаванд ҳам, эҳсоси қаноатмандӣ меоранд. Мизонҳое, ки худро аз ҷашнҳои идона дур мегиранд, сахт пушаймон мешаванд. Имкониятро аз даст надода, дилхушӣ кунед. 

 

Ақраб

 

Асабонияту руҳафтодагиро танҳо баъди холӣ кардани дили худ рафъ карда метавонед. Як чизро фаромӯш накунед, ки ҳар як рафтори дар ин рӯз содиркардаатон оқибати нохушро ба бор меорад, аз ин хотир қабл аз коре кардан нағзакак андеша намоед.

 

 

 

Қавс

 

Чанд муддат аст, ки бо шахси бароятон азиз аз таҳти дил ҳамсуҳбат нашудаед ва байнатон нофаҳмиву хафагӣ пайдо шудааст. Барои ислоҳ намудани вазъият, имрӯз кореро, ки боиси бадтар гаштани вазъият мегардад, накунед. Суҳбат сари як пиёла чой нофаҳмиҳоро рафъ намуда, меҳру муҳаббататон дучанд мегардад.

 

Ҷаддӣ

 

Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст занед, муваффақ мегардед. Тамоми нақшаву ниятҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ҷасурона аз пайи корҳое шавед, ки то ба имрӯз накарда будед. Баъзе нафарони дар ин моҳ тавлидёфта аз дӯстдоштаашон хабари хуш мешунаванд.

 

Далв

 

Дар ин рӯз аз мушкилиҳои ногаҳоние, ки эҳтимоли дар ҳаётатон пайдо шуданро доранд, эҳтиёт шавед. Нимаи аввали рӯз нисбати атрофиён дағалӣ накунед, вагарна боиси ранҷиши наздикон мегардед. Ҳар як мушкилӣ роҳи ҳалли худро дорад ва баъзан гузашт кардан ба фоидаи шумо хоҳад буд.

 

Ҳут

 

Имрӯз мисоли оҳанрабо дигаронро ба худ ҷалб месозед. Атрофиён бо мушкиливу хурсандиҳояшон ба шумо муроҷиат мекунанду кӯмак ва дастгириятонро мебинанд. Некиҳои шумо ҳатман бармегарданд ва бар ивазаш нафареро пайдо месозед, ки сахт дӯсташ медоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД