Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз аз муносибати сарди Шумо чанд ҳамкоратон ранҷида, сафи душманонатон зиёд мегарданд. Агар муносибатҳоятонро вайрон кардан нахоҳед, аз аспи ҷаҳл фароед. Бо наздиконатон муноқиша накунед, вагарна, муноқишаатон тӯл кашида, боиси асабхаробиатон мегардад.
Савр (21 апрел-20 май)
Бо аҳли оила истироҳатро ба нақша гиред. Наздикон ба меҳрубонии шумо ниёз доранд. Наздикон аз дастгирии Шумо миннатдор шуда, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ такягоҳатон мегарданд. Дар ҳаёти шахсии саврҳои муҷаррад тағйиротҳои куллӣ рух медиҳанд. Шиносоии дар ин рӯз ба вуқӯъомада тақдирсоз аст.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ба назаратон чунин мерасад, ки озодиятонро маҳдуд месозанд. Барои ба тартиб овардани андешаҳоятон ба назди дӯстон равед. Робита бо эшон бароятон муҳим аст, онҳо низ ба маслиҳати Шумо ниёз доранд. Баъди нисфирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем, ба нохушии зиёд гирифтор мешавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз корҳоятон бобарору муваффақият ҳамсафаратон мегардад. Хусусан, дар ҷодаи муҳаббат комрон мегардед. Модоме тақдир мададгоратон гаштааст, имконияти мусоидро аз даст надода, дӯстдоштаи худро хушбахт гардонед. Аз ҷониби нафаре, ки ба дастгирияш умед надоштед, кӯмаки молиявӣ мегиред.
Асад (23 июл-22 август)
Барои рафъ намудани хастагиҳои рӯзҳои пешин дӯстонро ба хона даъват кунед ё ба қаҳвахона равед. Нишастҳои дӯстона, мусиқии форам, муҳаббат ва хӯроки бомазза табъатонро болида месозад. Рӯз барои ба хонаи нав кӯчидан ва фурӯши хона мусоид аст. Дӯстдоштаатон ба дастгирии Шумо ниёз дорад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ҷодаи ишқу муҳаббат барор ҳамсафари Шумо мегардад. Дар ин рӯз ҷасурона ба садои қалби худ амал кардан гиред. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, вагарна сахт фиреб мехӯред. Айни замон бароятон такягоҳи боэътимоде лозим аст. Дар оилаи баъзе сунбулаҳо таваллуди фарзанди нав имкон дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи хубест барои ташхиси бемориҳо ва аз пайи табобат шудан. Нияту нақшаҳои деринаро низ ҷомаи амал пӯшида метавонед. Нисбати наздикони худ ғамхориву муҳаббат зоҳир намоед. Масъалаҳои молиявиро дар ин рӯз ба миён нагузоред, бо фоизи баланд низ қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Муваффақият танҳо ҳамроҳу ҳамсафари нафарони ҷасуру боақле мегардад, ки дар ҳама ҳолатҳо роҳи худро меёбанд. Вазъиятро бодиққат таҳти назорат бигиред, онгоҳ аз чанд муноқиша эмин мемонед. Рӯзи хубест барои оштӣ шудан бо дӯстону ҳамкорон. Дар ин рӯз харидани асбобҳои рӯзгорро тавсия намедиҳем.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз саросемавор амал намуда, вазъиятро ҳаллу фасл карда наметавонед. Як маслиҳати одӣ: қабл аз онки ба коре даст мезанед, аз рӯи шиори “ҳафт бор чен куну як бор бур” амал намоед. Вазъи молиавиатон хуб нест, вале дар ҷодаи муҳаббат бурд мекунед. Баъзеҳо бо собиқ дӯстдоштаи худ аз нав наздик мешаванд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи хубест барои рафъи нофаҳмиҳо. Он чизҳоеро, ки донистан мехостеду аз пурсидан шарм мекардед, имрӯз бе дудилагӣ фаҳмида метавонед. Дар ин рӯз ростқавлу ҳамсӯҳбати хуб бошед. Баъзе ҳодисаҳои ҳаёти шахсиатон боиси хира гаштани табъатон мегардад. Бадгумон нашавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Тамоми фикру андешаҳоятонро барои пайдо намудани манбаи даромад равона созед. Нафаре, ки кӯшиши бо Шумо ҳамкорӣ карданро дорад, найрангбозу фиребгар аст. Аз нӯшидани машрубот худдорӣ намоед, вагарна ҳам ба саломатиатон зарар мерасаду ҳам бо дӯстдоштаатон низоъ мекунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз қабл аз гаперо гуфтан нағзакак андеша намоед. Аз ҳамин рӯз сар карда, парҳезро риоя намоед, зеро хатари хуруҷ намудани бемориҳои меъдаву рӯда зиёд аст. Робитаро бо нафароне, ки аз сӯҳбаташон хаставу дилгир ва сардард мешавед, қатъ намоед. Дӯстдоштаатон интизори ҳарфи пурмуҳаббати Шумост.