ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1477

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Нимаи аввали рӯз хушҳолиҳои ба саратон омадаро баъзеҳо дида наметавонанд. Бо хориҷиён ҳамкорӣ карданро тавсия намедиҳем. Рақибон кӯшиши аз роҳ задани мизоҷони шуморо мекунанд. Нимаи дуюми рӯз аз пайи анҷом додани мушкилоти рӯзгор шавед. Аз хариди калон худдорӣ намоед, вагарна тамоман бепул монда, маҷбур мешавед бо пули қарз рӯз гузаронед.

Савр (20 апрел-20 май)

Нимаи аввали рӯз нохуб шудани вазъи саломатӣ ва бемориҳои наздикон табъатонро хира месозад. Хушбахтона шумо хеле оқилона роҳи аз мушкилиҳо баромаданро пайдо месозед. Нафароне, ки дӯсташон медоред, ташвиши зиёд ба саратон меоранд. Нимаи дуюми рӯз масуниятатон заиф гашта, эҳтимоли гирифтори бемории вирусӣ шуданатон зиёд аст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Аксари нафарони муҷарраде, ки дар мучали ҷавзо тавлид ёфтаанд, айни замон дар фикри оиладоршавиянд. Дар ҷои кор уҳдадориҳои нав ба дӯшатон бор мегардад. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки назари шуморо ба шахси дӯстдоштаатон тағйир медиҳад. Истеъмол намудани дорувориҳои зиёдро аз қабили доруҳои таскинбахшу рафъкунандаи фишори руҳӣ тавсия намедиҳем.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар шумо оиладор бошед, хуб мебуд, ки корҳои муҳими худро бо маслиҳати ҳамсаратон ба анҷом расонед. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур кунед. Аз комёбиву дастовардҳои наздикон шод мегардед. Эҳтимоли ба даст омадани пули ногаҳонӣ вуҷуд дорад, онро беҳуда сарф накунед. Дар муноқишае, ки байни наздиконатон рух медиҳад, бетарафӣ зоҳир карданатон беҳтар аст, ҳам касеро намеранҷонеду ҳам нофаҳмӣ зуд рафъ мегардад.

Асад (23 июл-22 август)

Барои расидан ба мақсад вақту қувваи зиёдеро сарф карданатон лозим меояд. Эҳтимоли бо наздикон ба сафари роҳи дур баромаданатон вуҷуд дорад. Дар сафар пул сарф карданатон лозим меояд, вале хушбахтона хароҷот аз кисаи шумо намешавад. Баъзе асадҳои қарздор маблағи хуб ба даст меоранд. Нимаи дуюми рӯз сири пинҳоне фош мегардад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Дар ин рӯз имкониятҳои худро ба назар гирифта, кори зиёдро ба душ нагиред. Яку якбора чанд корро ба анҷом расонида наметавонед. Агар нияти сафару истироҳат дошта бошед, бо сабаби бепулӣ онро ба таъхир нагузоред. Пулро қарз гирифта, баъдан бармегардонед. Бахти худро аз чашми ҳасудон пинҳон доред. Ба нақлиёти нафарони бегона нашинед ва ҳангоми аз роҳ гузаштан бодиққат бошед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Барои расидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта аз кумаки саривақтӣ рӯ нагардонед. Аввали рӯз дӯстон омодаанд ба кумаки шумо шитобанд. Дар ҷодаи муҳаббат масъулиятро ба дӯши худ гирифта, аз тағйиротҳо наҳаросед. Беҷуръатии шумо боиси ранҷиши дӯстдоштаатон мегардад. Нимаи дуюми рӯз яъсу ноумедӣ ба дилатон роҳ ёфта, руҳафтода мегардед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Дар ин рӯз кӯшиши яку якбора ба анҷом расонидани ҳама корро накунед, вагарна дучори душвориҳо мегардед. Дар ҳолатҳое, ки имконият надоред, кореро ба гардан нагиред. Бо наздикони худ баҳсу мунозира накунед. Сафару саёҳатҳо бобарор мешаванд. Аз ташвишу мушкилиҳо дар муҳити ором истироҳат намоед. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи пулӣ вуҷуд дорад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз на танҳо хонаву дар ва мавзеи корӣ, балки фикру андешаҳоятонро ба тартиб оред. Вақтҳои охир шумо хеле худпарастона рафтор намуда, боиси ранҷиши атрофиён гаштаед. Барои аз нофаҳмӣ эмин мондан, ботамкин бошед. Агар ба сергапӣ роҳ надиҳед, вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Вазъи молиявиатон боиси ташвиши зиёд намегардад. 

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Барои нафароне, ки тиҷорати шахсии худро доранд ё нав ба роҳ мондан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст. Агар аз рӯи нақша амал кунед, аз уҳдаи кори зиёде баромада метавонед. Нисбати роҳбарияти коргоҳатон ба ғайбату бадгӯӣ роҳ надиҳед, вагарна ҷои кори дигар ҷустанатон лозим меояд. Бо ҳар нафаре, ки шинос мешавед, дарҳол дарди дил накунед. Нимаи дуюми рӯз даромади пулӣ ба даст меоред.

Далв (20 январ-18 феврал)

Аввали рӯз бо нафаре вомехӯред, ки дар касбу коратон кӯмаку дастгирияш мерасад. Ҳангоми ба сафар баромадан эҳтимоли вайрон шудани нақлиётатон вуҷуд дорад. Миёнаи рӯз муносибати худро бо нафарони раҳдуре, ки бо ҳам робитаи корӣ доред, хубтар сохта, дар корҳоятон пешравӣ мебинед. Нафароне, ки бо мушкилашон ташвишатон медоданд, акнун бо шумо мефахранд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар бо зихнагӣ ном баровардан нахоҳед, аввали рӯз сарфакориву мумсикӣ накунед. Ҳангоми робита бо атрофиён ба дағалгуфторӣ роҳ надиҳед, вагарна гирифтори қаҳру ғазаби ҳамкорон мегардед. Эҳтимоли пайдо намудани сарчашмаи нави даромади пулӣ вуҷуд дорад, бо вуҷуди кӯтоҳмуддат буданаш, он табъи дили шумо мегардад. Вақтҳои охир шумо пули зиёд сарф мекунед, каме сарфакор шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД