Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои изҳори муҳаббат ва мулоқоти ошиқона рӯзи хуб аст. Агар шахси дӯстдошта доред, бо ӯ бештар вақт гузаронед. Аммо барои ҳалли корҳои хонагӣ ва масъалаҳои рӯзгор рӯзи чандон мувофиқ нест. Дар оила масъалаҳои марбут ба хона ё молу мулк метавонанд ташвиш оранд. Дар кору зиндагӣ шитоб накунед, зеро қарорҳои саросемаву беандеша метавонанд боиси хатоҳо шаванд. Хароҷот зиёд мешавад, вале ба зудӣ вазъи молиявӣ беҳтар мегардад. Ба саломатӣ низ аҳаммият диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз муносибат бо баъзе одамон метавонад душвор шавад ва суҳбатҳо ба баҳс табдил ёбанд. Пеш аз ворид шудан ба баҳс хуб андеша кунед ва танҳо вақте фикри худро исбот намоед, ки далели қавӣ доред. Дар касбу кор фаъолияту меҳнатдӯстии шумо натиҷаи хуб медиҳад, аммо худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Дар масъалаҳои пулӣ ба дигарон кӯр-кӯрона бовар накунед. Хароҷотро бо ҳисобу китоб анҷом диҳед. Дар ғизо низ меъёрро риоя кунед, зеро зиёдхӯрӣ метавонад ба саломатӣ зарар расонад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар муносибат бо шахси дӯстдошта эҳтимол каме сардӣ ё дурӣ эҳсос шавад. Ин маънои онро надорад, ки муҳаббат аз байн рафтааст. Шояд танҳо каме истироҳат ва фосила лозим бошад. Бо наздикон ошкоро суҳбат кунед, эҳсосоти худро пинҳон насозед ва ба ҳамдигар бештар бовар кунед. Имрӯз барои иҷрои нақшаҳо неруи зиёд сарф мекунед. Дар масъалаҳои молиявӣ хушхабар дар пеш аст ва имкони беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ пайдо мешавад. Аз ғизои серкалория ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз рӯйдодҳои ғайричашмдошт рух дода метавонанд, бинобар ин ба ҳар гуна ҳолат омода бошед. Агар дар бораи худ овоза ё сухани нохуш шунидед, ба он аҳаммияти зиёд надиҳед. Аз баҳсу муноқиша бо дӯстону наздикон дурӣ ҷӯед ва бештар сабру таҳаммул нишон диҳед. Дар ҷойи кор нисбат ба роҳбар эҳтиёткор бошед ва суханони зиёдатӣ нагӯед. Корҳои тиҷоратӣ метавонанд пеш раванд ва ҳатто манбаи нави даромад пайдо шавад. Бегоҳ худро бо истироҳати ором хурсанд кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳтимоли шиносоии ошиқона зиёд аст ва эҳтимол аз шахсе суханони хушу гуворо бишнавед. Бо вуҷуди ин, дар масъалаҳои ошиқона шитоб накарда, каме оромиро интихоб намоед. Ҳоло беҳтараш ба корҳои рӯзгор ва мушкилоти хона диққат диҳед. Суҳбатҳои баҳснок бо дӯстҳоро низ ба вақти дигар гузоред. Дар ҷойи кор эҳтимоли ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале бо устуворӣ метавонед мақсади худро амалӣ созед. Корҳоро бо оромӣ анҷом диҳед ва аз корҳои ҷисмонии зиёд худдорӣ намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз байни шумо ва шахси наздик метавонад бар асари масъалаҳои пулӣ баҳс ба вуҷуд ояд. Фикри худро дуруст баён намуда, назари дигаронро низ эҳтиром намоед. Вақти бештар бо аҳли оила гузарондан ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Дар ҷойи кор хатои дигаронро фавран ба роҳбар хабар надиҳед, ин метавонад муносибатҳоро бад кунад. Имкони пайдо кардани даромади иловагӣ ҳаст, аммо бе зарурат таваккал накунед. Имрӯз нерӯ ва қувваи кофӣ доред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз барои шиносоӣ бо одамони нав рӯзи муносиб аст. Хусусан шиносоне, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд, метавонанд дар оянда ба дӯстӣ ё муносибати ошиқона табдил ёбанд. Аммо эҳтимол сухан ё рафтори шахси наздик шуморо ранҷонад. Ба масхара ва суханҳои нохуш бо асабоният ҷавоб надиҳед. Дар кор шояд ҳаваси зиёд надошта бошед, вале вазифаҳои худро ба таъхир нагузоред. Агар меҳнататон ба назаратон ба қадри кофӣ қадр нашавад, метавонед дар бораи тағйири самти кор фикр кунед. Барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар муносибате дигар барои шумо маънои пештараро надошта бошад, имрӯз вақти муносибест, ки дар бораи анҷоми он қарор қабул кунед. Ин кор осон нест, вале метавонад оғози марҳилаи нави зиндагӣ гардад. Барои таъмири хона, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ё нав кардани ашёи рӯзгор низ рӯзи хуб аст. Дар кор метавонед нақшаҳои худро бодиққат таҳлил карда, қарорҳои дуруст қабул намоед. Аз ҷиҳати молиявӣ хароҷоти ғайричашмдошт имкон дорад, бинобар ин пулро беҳуда сарф накунед. Барои оромии рӯҳ ба истироҳат ва бартараф кардани стресс аҳаммият диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ эҳсоси хеле қавӣ пайдо шуда метавонад. Шояд идора кардани ин эҳсос осон набошад, вале кӯшиш кунед қарорҳоро танҳо бо таъсири эҳсосот қабул накунед. Ба дӯстони худ таваҷҷуҳ зоҳир кунед, зеро эҳтимол яке аз онҳо ба дастгирӣ ё маслиҳати шумо ниёз дошта бошад. Дар ҷойи кори кунунӣ шояд имкони рушди минбаъда кам шуда бошад. Агар пешрафти касбӣ мехоста бошед, дигар имкониятҳои кориро низ баррасӣ кунед. Масъулиятҳои худро ба дигарон нагузоред ва дар ҳолатҳои душвор оромиро нигоҳ доред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бо вуҷуди баъзе нокомиҳои рӯзҳои гузашта, имрӯз эҳсоси хубе доред, ки корҳо ба самти дуруст ҳаракат мекунанд. Дар муносибатҳои шахсӣ имкони шиносоӣ ё муоширати хуб вуҷуд дорад. Оиладорҳо бояд ба ҳамсари худ бештар таваҷҷуҳ кунанд ва барои ӯ вақт ҷудо намоянд. Дар кор бо роҳбар баҳс кардан ба фоидаи шумо нест, зеро эҳтимол фикри шумо нодуруст бошад. Аз хатоҳои гузашта сабақ гиред, роҳҳои нави даромадро ҷӯед ва саводи молиявии худро баланд бардоред. Агар неруятон кам бошад, худро маҷбур накунед ва ба корҳои дӯстдошта машғул шавед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар муносибати ошиқонаатон ба анҷом расида бошад, муддати дароз ғам нахӯред. Ҷудоӣ метавонад барои оғози шиносоии нав роҳ кушояд. Имрӯз эҳсосотатон хеле қавӣ шуда метавонанд, бинобар ин кӯшиш кунед худро идора намоед ва пеш аз ҳар қарор хуб андеша кунед. Нерӯи шумо меафзояд ва ин вақти хубест барои беҳтар кардани муносибат бо ҳамкорон ва шарикони корӣ. Аз харидҳои хеле гарон ва сармоягузориҳои шубҳанок худдорӣ кунед. Агар фишори хунатон ноустувор бошад, худро аз корҳои ҷисмонии вазнин эҳтиёт намоед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти муҳим эҳтимол дорад. Барои баъзеҳо муносибати ошиқона метавонад ба анҷом расад, вале интихоби дуруст метавонад имкониятҳои нави хубро ба вуҷуд оварад. Ба овозаҳо ва суханони ғайбатгарон бовар накунед, зеро онҳо метавонанд шуморо бе сабаб ба шубҳа андозанд. Баъзе мушкилоти кӯҳна дубора пеш меоянд, аммо бо сабру ирода метавонед онҳоро ҳал кунед. Кӯшиш накунед ҳар мушкилро бо зӯрӣ ҳал намоед, зеро баъзе ҳолатҳо аз ихтиёри шумо берунанд. Барои нигоҳ доштани нерӯ ва саломатӣ ба хобу истироҳат вақти кофӣ ҷудо кунед.