Ҳамал
Рӯзи бебарор аст. Кӯшиши ба даст овардани маблағ натиҷа намеорад. Аз корҳои фаъоли ҷисмонӣ ва маъракаҳои серодам дурӣ ҷустанатон беҳтар аст. Дар муносибатҳои оилавӣ мушкилӣ ва нофаҳмӣ имкон дорад. Мушкилоти саломатиятон баъди нисфирӯзӣ роҳи ҳалли худро пайдо месозад.
Савр
Дар ин рӯз ба ҷангу муноқиша роҳ надиҳед, вазъиятро дар коллектив муташаниҷ нагардонед. Аз таҳти дил заҳмат кашида ба дили роҳбарият роҳ меёбед. Рӯзи хубест барои истироҳат дар гӯшаи табиат ва сафару саёҳат. Саври ошиқ дӯстдоштаашро на танҳо бо рафтори ғайриодӣ, балки бо туҳфа болидаруҳ месозад.
Ҷавзо
Дар ин рӯз мушкилоти вобаста ба манзили худро рафъ карданатон лозим меояд. Баъзеҳо соҳиби хонаи худ мешаванд. Агар нисбати шахси дӯстдоштаатон дар дил шубҳаву норизоӣ дошта бошед, рӯирост бо ӯ гап занед. Бегоҳирӯзӣ дӯстатон бо занги телефонӣ хабари аҷиб мерасонад.
Саратон
Дар ин рӯз оромонаву бе шитоб бо наздикони худ мушкилоти оилавиро ҳаллу фасл намоед. Ба саволҳое, ки шуморо ташвиш медиҳанд, ҷавобҳои дуруст пайдо кунед. Дар ҳаёти шахсӣ саратон бояд каме истиҳола намуда, воқеаҳои рухдодаро таҳлил намояд.
Асад
Дар ин рӯз тамоми маблағи худро барои харид сарф карданатон лозим меояд. Шитобкорӣ бар зарари худатон аст. Аз ҷониби нафаре, ки ҳамроҳ кор мекунед, сюрприз имкон дорад. Эҳтимол шуморо ба мулоқоти ошиқона даъват мекунанд ё изҳори муҳуббат мекунанд.
Сунбула
Барои он ки дар оянда дилмонда нашавед, бояд тамоми ҳодисаҳоро дарк карда тавонед. Аз корҳои оилавӣ дур нашавед, зеро мушкилиҳо бо кӯмаки шумо рафъ мегарданд. Агар аз ғалатҳои пештара сабақ гиред, дар зиндагӣ хушбахт мешавед. Дар ин рӯз каме нотоб шуданатон имкон дорад.
Мизон
Дар ин рӯз танҳо ба корҳое даст занед, ки аз уҳдааш баромада тавонед. Вазъи молиявиатон чандон хуб набошад ҳам, ба корҳои хатарнок даст назанед. Барои болидаруҳ гаштан на танҳо аз муошират, балки аз мутолиаи китобҳо ҳаловат бардошта метавонед.
Ақраб
Ҳаволаи худро ба тақдиру насиб супориданатон кори ғалат аст. Агар мушкиле сар занад, ҳатман аз пайи рафъи он гардед. Нерӯятон барои корҳои банақшагирифта кифоя намекунад. Бештар бо нафарони дилкаш дар робита бошед, ҳам табъатон болида мегардаду ҳам ҳикматҳои олӣ мегиред.
Қавс
Дар ин рӯз аз корҳои тавакалӣ ва ҳилаву найранг худро канор гиред. Рӯзи тақдирсоз аст, дар дафтари ҳаётатон нақш мебандад. Нафарони муҷаррад дар муносибатҳои ошиқона набояд ба саросемагӣ роҳ диҳанд. Агар хоби дар ин шаб дидаатонро қаблан дида бошед, он амалӣ мегардад.
Ҷаддӣ
Бо вуҷуди сар задани мушкилоти пулӣ ба амалҳои номатлуб даст назанед. Дар ҷойи кор ба иғвогарӣ роҳ надиҳед, вагарна обрӯятонро мерезонед. Бо хешовандони дур ё ҳамсояҳо муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Баъди нисфирӯзӣ танҳо буданат беҳтар аст.
Далв
Дар ин рӯз вазъи молиявиро ислоҳ карданатон лозим меояд. Барои рафъи мушкилиҳои корӣ рӯзи бобарор аст. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон душвориҳо сар зада боиси нохуш гаштани табъатон мегардад. Ба кӯмаки дӯстону наздикон умед баста метавонед.
Ҳут
Дар ин рӯз аз пайи рафъ намудани мушкилиҳои шахсӣ машғул шуданатон лозим меояд. Баъзе ҳутҳо метавонанд орзуи тамоми зиндагии худро ҷомаи амал пушонанд. Аксарияти ҳутҳо худро дар иҳотаи дӯстони дерини вафодор роҳат эҳсос мекунанд.