ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1513

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шиносоии нав рух медиҳад, вале ба муносибати ҷиддӣ намерасад. Бо роҳбар ё нафарони бонуфуз суҳбат кардан рӯзатонро самаранок мегардонад. Созишномаҳо ё шартномаҳо имрӯз натиҷаи хуб медиҳанд. Ҳар қадар фаъол бошед, ҳамон қадар пул ба даст меоред. Аз саломатии худ ғофил нашавед, таъсири ҳаво метавонад хастагӣ оварад. Варзиши шадид тавсия дода намешавад.

Савр (20 апрел-20 май)

Дӯстдоштаатон мехоҳад ба шумо гапи муҳиме бигӯяд, вале ҳанӯз ҷуръат намекунад. Сабр кунед, то хуб омода шавад. Нақшаҳои калонро ногаҳон тағйир надиҳед, мушкили ногаҳонӣ пеш меояд. Ба зиндагӣ бо диди мусбат нигоҳ кунед, ҳар мушкил дарси нав аст. Эҳтимоли беҳбуди вазъи молиявӣ зиёд аст. Ба ғизои ҳаррӯза аҳамият диҳед, витамину минералҳо дар ҷисматон каманд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои нафарони муҷаррад эҳтимоли вохӯрии ошиқона вуҷуд дорад. Рӯз ором мегузарад, масъалаҳои хонаводагӣ осон ҳал мешаванд. Нисбати ҳамкоратон асабонӣ нашавед, вагарна низоъ пеш меояд. Дар бораи ояндаатон бо оромӣ андеша кунед. Имрӯз барои иқдомҳои молиявӣ, шартномаҳо ва сафарҳо рӯзи хуб аст. Шом кӯшиш кунед барвақт бихобед, як пиёла гиёҳчой бо асал истироҳататонро беҳтар мекунад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз шояд байни ду мушкил бимонед. Пешакӣ роҳи баромадро фикр кунед. Дар ҷодаи муҳаббат бештар меҳрубонӣ нишон диҳед. Бо аҳли хона нофаҳмӣ имкон дорад, вале оромиро нигоҳ доред. Муносибати нек бо ҳамкорон фоида меорад. Имрӯз шартномаҳо ва нақшаҳои молӣ муваффақ мешаванд. Аз амалиётҳои косметикӣ худдорӣ кунед, метавонанд зарар расонанд. Ба ҳолати меъда ва саломатии худ бодиққат бошед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз аз иқдомҳои нав наҳаросед. Таҷрибаи нав эътимод мебахшад ва шуморо ҷолибтар месозад. Агар нахоҳед бо дӯст ё ҳамкоратон ҷанҷол кунед, аз зӯрӣ ва якравӣ дурӣ ҷӯед. Рухсатиҳо бо муваффақият мегузаранд. Рӯйдодҳои ғайриоддӣ метавонанд нақшаҳоро тағйир диҳанд. Барои беҳбудии рӯҳия ва саломатӣ вақти худро дар ҳавои тоза гузаронед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Дар муносибатҳои ошиқона аз интизориҳои зиёд худдорӣ кунед, вагарна нофаҳмӣ пеш меояд. Оиладорон метавонанд бо ҳамсарашон дар масъалаҳои пулӣ ихтилоф дошта бошанд. Шояд аз шумо маълумоти муҳим пинҳон бошад. Имрӯз пурэнергия ҳастед, инро барои беҳтар кардани робита бо ҳамкорон истифода баред. Рӯз барои харидани мошин ё ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ хуб аст. Ба ҳолати буғумҳо ва фишори ҷисмонӣ диққат диҳед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Шиносоии навро ҳамчун муҳаббати ҳақиқӣ қабул накунед, барои шинохти одам вақт лозим аст. Дарк кунед, ки ҳамдигарфаҳмии комил номумкин аст, танҳо кӯшиш кунед, ки ҷанҷол зиёд нашавад. Корҳои вобаста ба ҳуҷҷат вақти зиёд мегиранд. Хабарҳои зиёде мешунавед. Имрӯз имкони хуби молӣ пеш меояд, харидҳои хурд табъатонро болида месозанд. Агар аз кори дилатон қаноатманд набошед, назди духтур равед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Барои нафарони муҷаррад рух додани вохӯрии ҷолиб имкон дорад, ки метавонад оғози муносибати нав шавад. Вақти шом хабаре мешунавед, ки дар муносибатҳои ояндаатон таъсир мегузорад. Имрӯз барои омӯзишу гирифтани малакаҳои нав рӯзи муваффақ аст. Агар муддати дароз масъалаеро ҳал карда наметавонед, ҳоло имкони мусоид пайдо мешавад. Таъсири ҳаво метавонад каме гарангатон кунад, вақти бештарро бо корҳои дӯстдошта гузаронед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ доред? Имрӯз беҳтараш ҳама чизро бо оромӣ фаҳмонед. Эҳтимол корҳои хона, мисли рӯбучин ва поккорӣ ё мубориза бо ҳашарот, вақти зиёдатонро гиранд. Дар касбу кор шитоб накунед. Имкони шиносоӣ бо шахси бонуфуз зиёд аст, фоидааш ба шумо ҳатман мерасад. Гаштугузор дар назди дарё ё кӯл саломатиятонро беҳтар мекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Эҳсосотатонро идора кунед, хусусан назди дӯстдоштаатон дағалӣ накунед. Ҷанҷол зуд пушаймонатон мекунад. Имрӯз имкони дидор бо дӯстони кӯҳна ҳаст. Ҳуҷҷатҳои кориро ба тартиб дароред, эҳтимол санҷиши ногаҳонӣ шавад. Дар масъалаҳои пулӣ ба хости худ амал кунед, на ба гапи дигарон. Сабаби хастагии шумо стресс ва кори зиёд аст. Оромиву ҳузури шахси дӯстдошта беҳтарин дору аст.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз каме ғамгин мешавед, аз ин рӯ вақти худро бо шахси дӯстдошта гузаронед. Дар назди одамон сухани зиёдатӣ нагӯед, душманон метавонанд истифода баранд. Дар касбу кор бо масъулият амал кунед, ин ба муваффақият меорад. Имкони беҳбуди вазъи молӣ вуҷуд дорад. Варзиш ё сайругашти сабук дар ҳавои тоза ба саломатиятон манфиат дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз бештар дар бораи дӯстдоштаатон фикр мекунед. Аз дудилагии зиёд бахт намеёбед, ба дили худ гӯш диҳед. Вақти муносиб барои корҳои хона ва таъмир аст. Барои мусоҳиба ё гуфтушунид рӯзи мувофиқ нест. Дарк кардани нияти одамон душвор мешавад, вале ин фаҳмост. Шомро ором гузаронед, мусиқӣ ё хомӯшӣ нерӯ мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД