arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2023
2020

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Агар рӯзҳои қаблӣ аз беақлона рафтор кардан худдорӣ карда бошед, ҳодисаҳои минбаъдаро хубтар ҳаллу фасл намуда, хулосаи даркорӣ бароварда метавонед. Беҳтараш ба маслиҳати дигарон гӯш надода, мувофиқи хости худ амал намоед, он гоҳ аз нофаҳмие, ки байни шумову атрофиён ва наздиконатон рух медиҳад, эмин мемонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи хубест барои ба тартиб овардани ҷиҳози хона ва харидорӣ намудани либоси нав. Дар хона бо яке аз наздикон гапатон мегурезад, худро ба даст гиред, ба дағалӣ роҳ надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои ба меҳмонӣ рафтану ба хона меҳмон даъват кардан рӯзи мусоид аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз бисёр чизҳо аз назари шумо пинҳон мемонаду кӯшиши аз ҳақиқат огоҳ шуданро мекунед. Агар гумон кунед, ки ҳақиқатро рӯйи об баровардед, хато мекунед. Имкони фиреб хӯрданатон зиёд аст, дурустии хабарҳои шунидаатонро санҷидан лозим меояд. Ба саросемагӣ роҳ надиҳед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ин рӯз ягон воқеаи махсус рух намедиҳад, вале вазъият аз худи шумо вобастагӣ дорад. Дар сурати даҳони худро аз дағалгуфторӣ нигоҳ дошта натавонистану беандеша амал кардан, дучори нохушиҳои зиёд мегардед. Аз нафароне, ки гирифтори зуком гаштаанд, дурӣ ҷустанатон беҳтар аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Барои бонувон рӯзи хубест барои ба тартиб овардани рӯю мӯй. Беҳтараш аз воситаҳои косметикии санҷидашуда истифода баред. Нафаре моли бесифаташро бо таърифу тавсиф пешкашатон месозад. Харҷу хароҷоти аз нақша берун накунед. Ба касе қарз надиҳед, вагарна пулро дигар барнамегардонанд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳатто корҳои майда-чӯйдаро ба анҷом расонида наметавонед, аз ин лиҳоз беҳуда кӯшиш ба харҷ надиҳед. Аз нобарории корҳо асабӣ нашавед, беҳтараш рӯзатонро бо ягон шуғли дигар гузаронед. Бегоҳирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи хубест барои муҳаббату ошиқон, барои вохӯриҳои ошиқона ва шиносшавӣ. Дар назари намояндагони ҷинси муқобил хеле зебову дилкаш менамоед. Бо дӯст ё ошиқи пештараатон аз нав оштӣ мешавед. Нисбати дарди дандон беэътиноӣ накунед, фаромӯш насозед, ки ҳар бемориро дар саршавияш табобат кардан осонтар аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз ягон коратон барор намегирад, аз ин лиҳоз кореро ба нақша нагиред. Вохӯриҳо ба таъхир гузошта шуда, маслиҳатҳои дирӯза тағйир меёбанд. Ҳодисаҳои ногуворе, ки чанде пеш ба саратон омада буд, бори дигар аз худ дарак медиҳанд. Муҳимаш, воҳима накарда, аз пайи рафъи мушкилиҳо шавед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дақиқкориву масъулиятнокӣ бояд шиори шумо дар давоми рӯз бошад. Агар бо нафаре шинос шавед ё аҳди муҳаббат бандед, паймонатон мустаҳкам мегардад. Агар ошиқ бошед, бароятон рӯзи бобарор аст. Ба шахси бароятон азиз вақти бештар ҷудо кунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз оромии хонадонатон халалдор мегардад. Сабаб дар рашк кардани ҳамсафари ҳаётиятон мегардад. Беҳтараш ба коре, ки мӯҷиби рашки ёратон мегардад, даст назанеду барои оштӣ шуданатон кӯшиш намоед. Вохӯриҳои ошиқона бебарор анҷом меёбанд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд аз пайи иҷрои корҳоятон мегардед. Чунин талошу заҳмат кашидан хуб аст, вале аз ҳад гузаронида, ба саломатиятон зарар расонида метавонед. Барои он ки чунин нашавад, барои барҳадар нарафтани талошҳоятон нағзакак андеша намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз танаффус карда, барои дар оянда ором кардани асабҳоятон тамоми кори аз дастатон меомадаро иҷро кунед. Хатогиҳои пешинаро такрор накунед ва барои он ки дар оянда аз вазъият фоида ба даст оварда тавонед, кӯшиш ба харҷ диҳед. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққат диҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД