Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои машғул шудан ба корҳои эҷодӣ ва анҷом додани корҳои хона вақти муносиб аст. Агар муҷаррад бошед, эҳтимол дар масъалаи ошиқона назди интихоби муҳим қарор гиред. Ба ҳар як узви оила таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир кунед, ин муносибатҳоро гармтар месозад. Дар кор аз усулҳои нав истифода баред. Сармоягузорӣ метавонад фоида оварад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ аз ғизои равғанину дуддодашуда худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Ба худ бештар бовар кунед ва агар муносибати арзишмандеро барқарор кардан хоҳед, қадами аввалро гузоред. Нимаи дуюми рӯзро барои истироҳат ва корҳои дӯстдошта ҷудо кунед. Имрӯз дар масъалаҳои муҳим аз мавқеи худ даст накашед. Аз гирифтани қарз ё имзои ҳуҷҷатҳо бе мутолиаи бодиққат худдорӣ намоед. Агар худро каме бемадор ҳис кунед, беҳтараш бештар истироҳат кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар давоми рӯз эҳтимоли шиносоӣ бо шахси хушмуомила вуҷуд дорад ва ин вохӯрӣ метавонад барои шумо муҳим гардад. Агар миёни шумо ва наздикон нофаҳмӣ пайдо шавад, онро ба ҷанҷол табдил надиҳед. Барои иҷрои корҳои хизматӣ ва ҳалли масъалаҳои молиявӣ рӯзи хуб аст. Имкони гирифтани маблағи иловагӣ ё мукофот вуҷуд дорад. Харидҳои имрӯза низ муваффақ хоҳанд шуд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Якравӣ метавонад сабаби нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта гардад. Агар мулоимӣ ва гузашт нишон диҳед, вазъият ба фоидаи шумо ҳал мешавад. Аз моҷароҳои нолозим дурӣ ҷӯед ва муносибатҳои шахсиро бо кори хизматӣ омехта накунед. Ҳангоми харид эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Ба саломатии ҷигар ва ғизои худ низ диққати бештар диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳтимоли оғози як ишқи пурҳаяҷон вуҷуд дорад, вале он метавонад кӯтоҳмуддат бошад. Фурсатро аз даст надиҳед, то бо наздикон муносибатҳои худро беҳтар кунед. Дар кор натиҷаи беҳтарро бо ҳамкорӣ ба даст меоред. Агар вазъият ногаҳон тағйир ёбад, ҳушёрона амал кунед. Аз корҳои хатарнок ва истифодаи таҷҳизоти барқӣ бо эҳтиёт кор гиред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Шиносоии нав метавонад эҳсосоти шуморо тоза гардонад. Ба ҳисси ботинии худ эътимод кунед ва аз муоширати нав наҳаросед. Барои тозагии хона ҳар рӯз каме вақт ҷудо намоед, то корҳои зиёд ҷамъ нашаванд. Дар кор фишор камтар мешавад ва ҳатто имкони такмили ихтисос пайдо мегардад. Варзиш барои шумо судманд аст, инчунин ба саломатии чашмон аҳамият диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз пеш аз ҳама ба худ ва эҳтиёҷоти шахсии худ диққат диҳед. Сухани беандеша метавонад боиси мушкил гардад, бинобар ин эҳсосотро идора кунед. Шояд маҷбур шавед чанд масъалаи ҷамъшударо якбора ҳал намоед. Барои бастани шартномаҳои муҳим рӯзи мувофиқ нест. Агар аз зиракӣ ва қобилияти таҳлил истифода баред, вазъи молиявии шумо тадриҷан беҳтар мешавад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ҳаёти шахсии баъзе мардон тағйироти ғайричашмдошт рух дода метавонад, вале аз онҳо нигарон нашавед. Ба асабонияти атрофиён аҳамияти зиёд надиҳед ва оромии худро нигоҳ доред. Муоширати хуб имрӯз барои пайдо кардани дӯстону ҳамкорони нав мусоидат мекунад. Бо ҳамкорон муносибати хубро нигоҳ доред, то мушкилоти корӣ пеш наояд. Аз кори вазнин худдорӣ кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар чанде пеш аз шахси дӯстдошта ҷудо шуда бошед, гузаштаро қабул кунед ва ба зиндагии нав қадам гузоред. Муносибатҳои оилавӣ беҳтар мешаванд ва барои нақшаҳои оилавӣ рӯзи хуб аст. Аз ишқбозии беҳуда дурӣ ҷӯед. Пеш аз қабули ҳар қарор бодиққат андеша кунед. Агар касе пешниҳоди сармоягузории шубҳанок диҳад, онро рад намоед ва ба худ эътимоди бештар бахшед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Шахси дӯстдоштаатонро дар ҷои аввал гузоред ва барои ӯ вақт пайдо кунед. Рӯз метавонад пурташвиш бошад ва барои ҳимояи мавқеи худ талош намоед. Дар кор масъулият зиёд мешавад, вале шумо аз уҳдаи он мебароед. Агар аз имконияти пешомада хуб истифода кунед, орзуи деринаатон амалӣ мегардад. Барои ҳифзи саломатӣ аз асабоният ва фишори зиёдатӣ дурӣ ҷӯед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз барои муҳаббат ва баён кардани эҳсосот рӯзи мусоид аст. Дар муҳити оила эҳтимоли нофаҳмиҳо вуҷуд дорад, бинобар ин бо сабру таҳаммул рафтор кунед. Агар соҳиби тиҷорат бошед, вақти васеъ кардани фаъолият фаро расидааст. Ба хароҷоти ногаҳонӣ омода бошед ва маблағи худро оқилона сарф кунед. Агар худро нотоб ҳис кунед, беҳтар аст як рӯз истироҳат намоед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Шом метавонад бо лаҳзаҳои хуш ва муҳаббат хотирмон гардад. Аз изҳори эҳсосоти худ натарсед. Касоне, ки оиладор ҳастанд, бояд ба ҳолати рӯҳии ҳамсар диққати бештар диҳанд. Эҳтимол касе аз кори шумо интиқод кунад, аммо онро оромона қабул намоед. Масъалаҳои молиро бо одамони ношинос муҳокима накунед. Саломатӣ хуб буда, барои иҷрои нақшаҳои муҳим қувваи кофӣ хоҳед дошт.