Arzon Navruz
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
2733

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз имкони ба ғалат роҳ доданатон зиёд аст. Ба ин фориғболӣ, парешонхотирӣ, хомхаёлӣ ва хоболудии шумо сабаб мегардад. Вохӯрии корӣ ва хариду фурӯши хонаро ба таъхир гузоред, вагарна рақибон аз заифиҳоятон истифода бурдан мехоҳанд. Рӯзҳои наздик имкони сарфи пул вуҷуд дорад.  

Савр (21 апрел-20 май)                                

Имрӯз ба устувориву дилпурии ягон чиз умед набандед. Барои ҷарроҳиҳои тиббӣ рӯзи мусоид нест. Дар муносибатҳои ошиқонаатон бо сабаби шубҳаҳои пинҳонӣ ва мушкилиҳои хурди молиявӣ душвориҳо сар мезананд. Вохӯрии тасодуфӣ ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бебарор аст. Аз сайругашти дарозмуддат ва сайру саёҳат худдорӣ намоед. Эҳтимоли дучори дағалӣ ва рафтори манфурона шуданатон зиёд аст. Дар ин рӯз ситораҳо ба қабули табиб рафтану бо корҳое, ки диққатнокии зиёдро талаб мекунанд, машғул шуданро маслиҳат намедиҳанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз эҳсосоти худро назорат намуда, ба маслиҳати дӯстону наздикон бодиққат гӯш андозед. Муҳити оилавиятон дар давоми рӯз ноустувору нофаҳмо гашта, ба назар чунин мерасад, ки оилаатон ба пошхӯрӣ наздик шудааст. Вазъи саломатиятон аз ҳолати рӯҳиатон вобастагӣ дорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз миёни шумову шахси дӯстдоштаатон нофаҳмиҳои аҷиб рух медиҳанд. Эҳтимол, аз шахси бароятон азиз чизеро пинҳон мекунед ё баръакс аз шумо чизеро махфӣ нигоҳ медорад. Муноқишаҳои кутоҳмуддат, шубҳаву гумон ва рашки беасос боиси дилсиёҳии шумову ёратон мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба ҳодисаҳое, ки имрӯз рух медиҳанд, аз дур назорат намуда, танҳо дар ҳолати зарурат дахолат намоед. Муносибатҳои оилавиятонро рашки боасос вайрон месозад. Танҳо бо шарофати ҳушёриву дурандешии зотиятон аз мушкилиҳои зиёде халосӣ меёбед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ташвишовар мешунавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои бастани ақди никоҳ, бастани шартномаҳо, ҷӯстани миёнаравҳо ё мубориза бо рақибон рӯзи дигарро интихоб намоед. Эҳтимоли он ки шуморо фиреб мекунанд, имрӯз зиёд аст. Аз ҷароҳат бардоштану заҳролудшавӣ, фориғболиву қаҳру ғазаб худдорӣ намуда, машрубот истеъмол накунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Нафароне, ки дар ин рӯз баргардонидани қарзҳояшонро интизоранд ё аз маблағгузорӣ фоиз гирифтан мехоҳанд, дучори монеаҳо мешаванд. Дӯстону шиносони худро дар корҳои молиявӣ кафил нагиред, эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Хоби дар ин рӯз дидаатон пас як рӯз амалӣ мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи мусоидест барои шиносоӣ ва сайру саёҳат. Кушодадилӣ ва муомилаи хубатон бо одамон боиси болидарӯҳӣ мегардад. Тамоми корҳои вобаста ба касбу коратонро бо сабаби парешонхотирӣ ва хомхаёлӣ назорат карда наметавонед. Ба поквиҷдонии нафарони ношинос умед набандед, хусусан, ба хориҷиён.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ба осонӣ қурбони фиребу найранг мегардед. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, вагарна нафарони зиёд аз содагии шумо истифода мебаранд. Маблағи худро дар ҷойи дилпур нигоҳ доред. Парешонхотирӣ ва фориғболӣ ҳам ба натиҷаи кор ва ҳам ба афту башараатон бе таъсир намемонад.   

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ҳаётатон тағйиротҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Бо нафаре вомехӯред, ки аз дидораш табъатон хира мегардад. Дар масъалаҳои пулӣ пешравӣ дида намешавад. Маслиҳати дӯстону наздикон таъсири мусбӣ мерасонад. Дар ин рӯз бо нафарони шубҳанок робита накунед. Хобҳоятон хушбахтӣ меоранд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аз иғвоангезиҳое, ки дар ҷойи кор рух медиҳанд, эҳтиёт шавед. Аз ҷониби ҳамкорон ё зердастонатон фиреб имкон дорад. Саломатиятон аз истеъмоли дорувориҳои нодуруст интихобшуда ё одатҳои зарарнок нохуб мегардад. Аз ҷойҳои торик дурӣ ҷӯед. Хариди калон боиси сарфи маблағи зиёд мегардад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
сабрин 2021-02-18, 21:00
Махмадова
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
сабрин 2021-02-18, 21:00
Махмадова
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД