Ҳамал
Рӯзи бебарор аст. Вазъият тавре сурат мегирад, ки маблағи пулиятонро аз даст медиҳед. Хабаре ки дар ин рӯз мешунавед, шуморо маҷбур месозад, ки аз дӯстонатон кӯмак пурсед. Эҳтимоли бемор шуданатон хеле зиёд аст. Ба роҳи макру фиреб қадам нагузоред. Хусусан дар муносибатҳои ошиқона самимӣ бошед.
Савр
Рӯзи душвор аст. Тақдир ба шумо санҷишу имтиҳонҳоеро пеш меорад, ки чӣ гуна онро рафъ кардан аз худатон вобастагӣ дорад. Нисбати шахси дӯстдоштаатон ба дағаливу муноқиша роҳ надиҳед. Саломатии саврҳое, ки зуд-зуд асабӣ мешаванд, баъди нисфирӯзӣ нохуб мегардад. Барои саломатӣ пулро дареғ надоред.
Ҷавзо
Рӯзи душвор аст. Ташвишу уҳдадориҳоятон бештар мегардад. Хабарҳои нохуш ё гапи дурӯғ боиси ба ғалат роҳ додану нофаҳмиҳо дар касбу кор мегардад. Эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Ба сарфи беҳудаи маблағ роҳ надиҳед. Агар шумо муҷаррад бошед, маҳз дар ҳамин рӯз сахт ошиқ мешавед.
Саратон
Рӯзи хеле бобарор аст. Табъатон болидаву ҳатто муноқишаҳои ночиз наметавонанд боиси нороҳатиятон гарданд. Заҳмати зиёд кашида меҳнататон қадрдонӣ мегардад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб гаштанатон имкон дорад. Нисбати дӯстдоштаи худ бепарвоӣ накунед, вагарна муносибатҳоятон вайрон мешаванд.
Асад
Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон ва қабули меҳмонон. Бонувон метавонанд ҳунари кадбонугии худро нишон диҳанд. Мардҳо бояд вақти бештари худро дар ҳавои тоза гузаронанд. Нисбати фарзандони худ ботаваҷуҳ бошед. Ба хабаргирии нафароне равед, ки бароятон хеле азизанд.
Сунбула
Рӯзи пур аз воқеаҳост. Агар имкони истироҳат карданро дошта бошед, ҳатман истифода баред. Нисбати ҳамсуҳбати худ фишор наоред. Ҳангоми бартараф намудани мушкилиҳои кориву оилавӣ хастагиву асабоният ҳис мекунед. Ман-маниву худнишондиҳӣ дар ин рӯз бар зарари шумо аст. Инчунин аз қарз гирифтани пул худдорӣ намоед.
Мизон
Рӯзи хубест барои корҳои ҷисмонӣ, сафару саёҳатҳои дарозмуддат. Барои он ки рашки дӯстдоштаатонро наоред, аз маъракаҳои дилхушкунанда дурӣ ҷӯед. Бо наздикон ва дӯстдоштаи худ муноқиша накунед. Саломатиятон аз тарзи хӯрокхӯриятон вобастагӣ дорад.
Ақраб
Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳед. Барои раҳоӣ ёфтан аз муноқишаву низоъ нисбати дӯстдоштаатон меҳрубон бошед. Барои аз даст надодани маблағи пулӣ имкониятҳои молиявии худро нағзакак ба нақша гиред. Қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану аз таъсири офтоб бемор шуданатон имкон дорад.
Қавс
Рӯзҳои наздик шахси дӯстдоштаатон ба шумо ташвиши зиёде меорад. Кирдори ӯро ба дил наздик қабул накунед. Бо шиносҳоятон хушгуфтор бошед ва нисбати дӯстон сабру таҳаммулро пеша намоед. Хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани асбобҳои мусиқӣ аз хабари хуш дарак медиҳад.
Ҷаддӣ
Рӯзи бебарор аст. Ба роҳи фиребу найранг наравед. Ҳодисаҳои рӯз ё душмании рақибон маҷбуратон месозанд, ки пайваста нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед. Мушкилиҳое, ки дар ҷои коратон сар мезананд, бо душворӣ рафъ мегарданд. Руҳафтода нашаведу бо роҳбарият муноқиша накунед.
Далв
Нимаи аввали рӯз барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба роҳбарият мусоид аст. Барои рафъи нофаҳмие, ки бо ҳамкорону наздиконатон рух медиҳад, вақту қувва ва маблағи худро сарф карданатон лозим меояд. Вазъи саломатиятон аз тағйир ёфтани вазъи ҳаво вобастагӣ дорад.
Ҳут
Дар ин рӯз ба туҳмату буҳтон ва бадхоҳии нафаре гирифтор мешавед. Нафаронеро, ки ба шумо дӯст нестанд, ба худ наздик шудан нагузоред. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Барои хурӯҷ накардани бемориҳои музмин пешакӣ чора андешед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона аз бадгумонӣ худдорӣ кунед.