Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз хеле эҳтиёткор бошед, аз ҳама гуна ғайбату бадгӯиҳо дурӣ ҷӯед. Табъи болида ва эътимод ба худ пеши роҳатонро кушода ва мушкилиҳоро рафъ месозад. Баъди нисфирӯзӣ каме руҳафтода мегардед. Ба мушкилиҳо зиёд дода нашавед, вагарна муносибататон бо шахси дӯстдошта вайрон мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи покизагии қалб ва пӯзиши гуноҳон аст. Тағйиротҳои ҷиддии мусбӣ ва манфӣ дар назар аст. Чунин ҳам мешавад, ки қурбони дасисаҳои бадхоҳон мегардед ё аз ҳамкорони худ вобаста мегардед. Дар оилаатон мушкилиҳо имкон доранд. Таънаву маломати тарафайн имконпазир аст.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз аз доираи одобу ахлоқ берун нашавед. Агар то ба имрӯз рафтори зиёдатонро мебахшиданд, ин тасодуф буд. Барои он ки тақдир бо шумо бозӣ накунад, эҳсосоти худро идора намоед. Вагарна душвориҳои ба саратон омадаро ҳатто наздиконатон рафъ карда наметавонанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар оила ва муносибат бо дӯстонатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба назаратон чунин менамояд, ки тамоми мушкилӣ яку якбора ба саратон фурӯ рехтааст. Агар вазъиятро дуруст таҳлил намоед, аз нобарориҳо эмин мемонед. Нафароне, ки ба наздикӣ оила бунёд намудаанд, ташвиши зиёд ба сарашон меояд.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз нисбати кор фориғболӣ накунед, вагарна аз маблағи хуб бенасиб мемонед. Агар каме бепарвоӣ кунед, зери таъсири дигарон мемонед. Аз барор нагирифтани корҳоятон зиёд руҳафтода нагардед, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, боз муваффақ мегардед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои ҷиддӣ: ҳам мусбиву ҳам манфӣ имконпазир аст. Ба доми ҳиллаву найранги рақибон афтиданатон имкон дорад. Хароҷоти калон ба буҷаи оилавиятон таъсири сахт мерасонад. Камбудии молиявӣ дар хонадони ҳар нафар рух медиҳад, аз ин рӯ, руҳафтода нагардед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ҳатман бояд истироҳат кунед. Агар нақшаи ба рухсатӣ баромаданро дошта бошед, зудтар аз паяш шавед. Мизонҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, маблағи зиёдро аз даст дода ё сари вақт пулҳояшонро ҷамъ карда наметавонанд. Каме нотоб гашта, бе ягон сабаб ғаму андуҳ ба дилатон роҳ меёбад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз қувваву маблағи худро ба коре, ки ягон фоида намеорад, сарф накунед. Бо нафаре вохӯрданатон имкон дорад, ки дар корҳоятон шуморо дастгирӣ мекунад. Талаботи аз ҳад зиёд нисбати дӯстдоштаатон ва рашки бемавқеъ боиси рух додани нофаҳмӣ мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои ҷиддӣ имкон дорад, қурбони дасисабозиҳои рақибон мегардед. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад, ки дӯсти худ мешуморидед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна сахт бемор мешавед. Хоби дар ин рӯз дидаатон амалӣ мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар масъалаҳои молиявӣ душвориҳо сар зада, шахси дӯстдоштаатон аз шумо меранҷад. Баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад, аз ин рӯ, руҳафтода нагардед. Ростгӯву самимӣ буданатон хуб аст, вале беҳтар он аст, ки қабл аз гаперо ба забон овардан, хуб андеша намоед. Хобҳоятон баръакс амалӣ мешаванд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи душвор аст, ба саломатӣ ва зиндагиятон хатар таҳдид мекунад. Хабари ногувор муҳити оилавиятонро вайрон месозад. Бонувон бояд ба гуфтори худ диққат диҳанд ё нуқтаи назари худро пайгирӣ намоянд. Ба саломатӣ ва мушкили фарзандон бодиққат бошед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Мушкилиҳои молиявӣ рафъ намегарданд ва душвориҳои зиёдеро ба бор меоранд. Рӯзро барои робита бо наздикон гузаронед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад, ки нуқсҳои зиёдеро ба бор меорад. Дар сурати ба мутахассиси касбӣ муроҷиат накардан ҳолататон бадтар мегардад.