Ҳамал
Дар ин рӯз бо ҳамкорон, роҳбарият ва ҳатто аҳли оила баъзе нофаҳмиҳо имкон дорад. Коре карда, ҳақ будани худро собит намоед, вале ба дағалгуфторӣ роҳ надиҳед. Нисбати мушкили наздикон бетаваҷҷуҳ нашавед, вагарна нофаҳмӣ боиси дилсардӣ ва гапу калочаи зиёд мегардад.
Савр
Шумо бояд муносибатҳои худро бо хешовандон беҳтар созед. Агар бо нафаре кайҳо боз дидорбинӣ накарда бошед, ақаллан ба ӯ занг занед. Фориғболӣ дар масъалаҳои молиявӣ боиси аз даст додани маблағи калон мегардад. Кӯшиш намоед, ки хӯрокҳои тунду шӯрро кам истеъмол кунед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз эҳсосоти худро аз атрофиён пинҳон созед. Хусусан агар хоҳиши бо касе оштӣ шудану муносибатҳои худро беҳтар карданӣ бошед. Ҷавзоҳое, ки корашон пеш намеравад, гирифтори руҳафтодагӣ мешаванд. Барои мустаҳкам сохтани мавқеятон бояд ҳунару маҳорати худро сайқал диҳед.
Саратон
Нақшаҳои кориятонро дида бароед ва барои расидан ба мақсад талош намоед. Муносибатҳои самимонаатон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, пур аз шодиву нишот мегардад. Мурғи илҳоми нафароне, ки бо эҷод машғуланд, ба парвоз медарояд.
Асад
Ба рух додани муноқишаҳои бардавом имкон надиҳед. Рафту муносибататон бо нафаре вайрон гардад, кӯшиши ислоҳ намудани вазъиятро накунед, беҳуда аст. Ба сухани шумо гӯш додан намехоҳанд. Нисбати баъзе камбудиҳои наздикон ботаҳаммул бошед.
Сунбула
Дар ин рӯз ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки диққати шуморо металабанд. Ташаббусро ба даст гиред. Аз ҷойҳои серодаму маъракаҳои серғавғо дурӣ ҷӯед. Беҳтараш нисбати саломатӣ диққати бештар диҳед. Баъди нисфирӯзӣ қарзатонро бармегардонанд.
Мизон
Вазъи молиявӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. На танҳо қарзҳоятонро бармегардонед, балки барои ҷашну хурсандиҳоятон маблағ захира карда метавонед. Нафароне ки ба тозагӣ ба кор шурӯъ намудаанд, дучори душвориҳо мегарданд. Агар душвориҳоро паси сар карда тавонед, кордатон болои равған мешавад.
Ақраб
Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои мусбӣ имкон дорад. Ақрабҳои муҷаррад оила бунёд мекунанд. Баъзеҳо тиҷорати шахсии худро мекушоянд. Ба ҳар коре ки даст мезанед, то охир бурда расонед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, боэҳтиёт шавед.
Қавс
Фаъолияти кориятон натиҷаи хуб ба бор меорад. Рӯзи хубест барои вохӯрӣ бо дӯстони дерин, робита бо ҳамкорон. Агар вақти холиятон пайдо шавад, нағзакак истироҳат кунед. Дар ҳаёти шахсиятон дигаргуниҳои куллӣ имкон дорад. Фаромӯш насозед, ки дар як дил ду муҳаббат ҷой надорад.
Ҷаддӣ
Имкониятҳои наву самарабахш дар ҷои кор имкон доранд. Чунин комёбиҳоро шумо ҳатто орзу ҳам карда наметавонистед. Дар ҷои кор мушкиливу ташвишҳо зиёд мешаванд. Хафагиву ранҷишҳои дерин ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсири худро мегузоранд.
Далв
Барои суҳбатҳои ошкоро вақти мусоид нест. Гуфтаҳои шуморо бар зидди худатон истифода мебаранд. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор аст. Камбудиҳои хурди молиявӣ асабатонро хароб месозад. Хусусан нафароне, ки тиҷорати шахсии худро доранд, имкони пулҷамъкунӣ намеёбанд.
Ҳут
Шумо имрӯзро дергоҳ дар хотиратон нигоҳ медоред. Дуруштгуфторӣ бо роҳбарият боиси мушкилиҳо мегардад. Бо аҳли оилаи худ ба сафар баромаданатон хуб аст. Бо нафароне ҳамсуҳбат мегардед, ки табъатонро болидаву хотиратонро шод мегардонанд.