arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1746

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз беҳтар аст ҳама корро ба таъхир гузошта, ба зиндагии шахсӣ диққат диҳед. Агар дар танҳоӣ умр ба сар мебаред ва орзуи муҳаббати ҷиддиро доред, имкон дорад касе ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Аз нофаҳмиҳо бо наздикон худдорӣ намоед. Дар масъалаҳои хонаводагӣ эҳтиёткор бошед. Аз кори зиёд хаста мешавед, вале ин ногузир аст. Ба саломатӣ ғамхорӣ кунед, истироҳати саривақтӣ муҳим аст.

Савр (21 апрел-21 май)

Шоми имрӯз вохӯрии гуворо имконпазир аст, ки метавонад ба муносибати ошиқона оварда расонад. Дар хона нофаҳмиҳои хурд эҳтимол доранд, аммо шумо ғолиб мебароед. Дар кор боэҳтиёт бошед, вақти худро беҳуда сарф накунед. Нуфузи шумо дар миёни дӯстон меафзояд. Аммо эҳтимол аст, ки имрӯз худро каме нотоб ҳис кунед, боэҳтиёт бошед ва саросема нашавед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Акнун метавонед худро ба орзуву ҳавасҳои дилхоҳ бахшед! Зиндагиро бо шодиву рақс истиқбол гиред! Шояд хоҳиши хариди гаронбаҳо пайдо шавад, агар маблағ дошта бошед, озодона амал кунед. Ҷиҳати пешрафти касбӣ фаъол бошед, натиҷаашро базудӣ мебинед. Имкони хароҷоти калон вуҷуд дорад, эҳтимол қарз гирифтан лозим шавад. Низоми хӯрокро риоя кунед, аз хӯроки равғанин худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Тарсу ҳарос монеаи эҳсосоти ошиқонаи шумо шудаанд. Худро ором созед ва кӯшиш кунед, эҳсосоти худро озодона баён кунед. Қаҳру гила боиси нофаҳмӣ мешавад, беҳтараш онро ба фардо монед. Шонси хуби шиносоии нав ё муваффақият дар кор доред. Бизнесменҳо метавонанд бо пули калон харид кунанд. Аз хӯрокхӯрии тасодуфӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ парҳез кунед, хавфи заҳролудшавӣ зиёд аст.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз нафарони танҳо метавонанд ишқи самимӣ пайдо кунанд, барои ин танҳо бояд баъзе маҳдудиятҳои дохилиро бартараф намоед. Аз суханони сахт нисбати наздикон худдорӣ намоед. Ронандаҳо эҳтиёткор бошанд. Аз қарорҳои шитобкорона дар масъалаҳои молӣ худдорӣ намоед. Фишори равонӣ метавонад ба ҳолати шумо таъсири бад расонад, аз хабарҳои бад канорагирӣ кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар дар зиндагии шахсӣ хушбахтед, шояд ба дӯст ё хешованд дар корҳои ошиқонааш кумак расонед. Монеаҳое, ки дар корҳоятон пайдо мешаванд, беҳуда нест, шояд сарнавишт шуморо муҳофизат мекунад. Муаммоҳои ахирро сабурона қабул кунед, ҳар душворӣ фурсати рушд аст. Ҳангоми харидҳои гарон ояндаро фикр кунед. Аз пурхӯрӣ парҳез намоед, имкон дорад узвҳои ҳозима осеб бинад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар муносибат бо маҳбубатон бад шуда бошад, кӯшиш кунед илҳоми нав бахшед. Бо наздикону дӯстон нофаҳмиҳо эҳтимол доранд. Вазифаҳои зиёд шуморо хаста кардаанд, беҳтараш қисме аз онҳоро ба шахси боэътимод вогузоред. Барои касоне, ки ба шуҳрат майл доранд, фурсати хубе барои беҳтар намудани вазъи молӣ фаро мерасад. Энергияи шумо зиёд мешавад, ки барои амалҳои нав кумак мерасонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шумо зеботар шудаед ва дигарон бештар ба шумо таваҷҷуҳ мекунанд. Аммо дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед сабур бошед ва роҳи созиш ҷӯед. Қарорҳои муҳимро худатон қабул кунед, танҳо ҳамин тавр аз найрангҳо эмин мемонед. Қарори ҷиддиро ба таъхир гузоред, шояд маълумоти наве пайдо шавад. Эҳтимоли хастагӣ вуҷуд дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба ишқи худ эътимод дошта бошед ва аз шарму ҳаё гузар кунед, вақти амал аст! Муносибатҳо бо наздикон беҳтарин хоҳанд шуд. Шояд сардор кори муҳим пешниҳод кунад, розӣ шавед. Аз хариди калон худдорӣ кунед, инчунин сафарҳоро ба таъхир андозед. Барои саломатӣ, ба ҳавзи шиноварӣ ва толори варзишӣ рафтанро оғоз намоед. Дар ҳавои гарм зиёд нагардед, фоида надорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Зангҳои пайдарпай ва таърифу танқидҳои зиёд танҳо ба муносибати ошиқонаи шумо зарар мерасонанд. Бозгашти ногаҳонии хешованд метавонад шуморо ҳайратзада кунад, беҳтараш хонаатонро тоза кунед. Эҳтимоли хастагӣ ва фаромӯшкорӣ зиёд аст, масъалаҳои муҳимро ба таъхир гузоред. Қарзи “фаромӯшшуда” метавонад баргардонида шавад, вале хароҷоти ғайричашмдошт ҳам рӯй медиҳад. Рӯҳия метавонад тағйир ёбад, ин муваққатист.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар муносибатҳои ошиқона набудани созиш метавонад боиси хунукӣ гардад. Суҳбати рӯбарӯ бо шарик ёрии зиёд мерасонад. Сардоратон шояд сахтгиртар шудааст, вале сабаб шояд мушкилоти шахсии ӯ бошад. Саломатиятон хуб хоҳад буд, аммо аз хӯроки тезу шӯр худдорӣ намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ба маҳбубатон озодӣ диҳед, рашк ва шубҳа фақат муносибатҳоро хароб мекунад. Имрӯз бо як ҳодисаи хуш фаромӯшнашаванда хоҳад шуд. Вақтатонро бо дӯстон ва наздикон гузаронед. Дар ҷои кор меҳнати шуморо қадр мекунанд, эҳтимоли гирифтани мансаби нав ё афзоиши маош ҳаст. Аммо вазъи молӣ метавонад муваққатан заиф шавад. Назди дастархони пур аз ғизо фикри меъдаро кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД