arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1729

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Рӯзи беҳтарин барои мулоқот бо одамоне мебошад, ки ба онҳо меҳру дилбастагӣ доред. Шиносоиҳои нав пайдо кардан ва бо дӯстдоштаи пешинаатон оштӣ шудан имкон дорад. Бо атрофиён забон ёфта наметавонед, аммо ҳушёрии шумо имкон медиҳад, ки аз мушкилот дурӣ ҷӯед ва аз домҳои ҳасудон пешгирӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз барои ҳалли масъалаҳои пулӣ муносиб аст. Имкони хариди муфид карданатон дар назар аст.

Савр (20 апрел-20 май)

Агар шумо аллакай шарики зиндагии худро пайдо карда бошед, пас имкон дорад, ки аз амали ногаҳонии ӯ ҳайратзада шавед. Тайёр бошед барои як сюрпризи гуворо! Вақти худро бо наздикон гузаронед, дар оила муҳити гарму самимиро фароҳам созед. Барои ҳалли масъалаҳои баҳснок ба шумо сабр лозим мешавад. Ба ҳар коре ки даст мезанед ё суханеро ба забон меоред, аввал фикр кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Барои дур шудан аз хастагии равонӣ ва стресс, бо дӯстдоштаи худ ба меҳмонӣ ё ба сайругашт равед. Муноқишаҳои тӯлонӣ бо аъзои оила ҳолати рӯҳии шуморо беҳтар намесозанд, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки аз баҳсҳо ва масоили душвор дурӣ ҷӯед. Дар ҷои кор эҳтимоли ба миён омадани мушкилот вуҷуд дорад. Каме хастагӣ эҳсос мекунед, вале рӯз дар маҷмуъ фоидаовар хоҳад буд. Бештар пиёда гардед, зинапояҳоро истифода баред, аз лифт худдорӣ намоед. Ин саломатии дилу рагҳоро тақвият мебахшад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар шумо фикр мекунед, ки бояд дар муносибатҳо романтикаро барқарор кунед, пас ин вақти беҳтарин аст. Муддати тӯлонӣ шумо чунин рӯзҳои орому осуда надоштед. Беҳтар аст, ки чанд рӯзро бо шахси наздик гузаронед. Агар дар ҷои кор тағйироти ғайричашмдошт ба амал оянд, шояд беҳтар бошад, ки чанд рӯз ба рухсатӣ бароед. Барои кам кардани асабоният бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шиносоиҳои ошиқона муваффақ хоҳанд буд ва метавонанд идомаи нек дошта бошанд. Барои муҳаббат давраи аҷибе фаро расидааст. Онҳое, ки ҳамсар доранд, бо баъзе мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Кӯшиш кунед, ки масъалаҳои баҳснокро оромона муҳокима кунед. Имконияти кушодани тиҷорати шахсӣ ба миён ояд. Агар хӯроки лазиз хӯрдан хоҳед, фаромуш накунед, ки он метавонад ба қаду қомататон зарар расонад! Ғизои камкалория хуред.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Шумо метавонед ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳимеро пайдо кунед. Барои пешравӣ дар кор ё тиҷорат имкониятҳои хуб ба вуҷуд меоянд. Агар шумо нақшаи тағйири ҷои кор ё фаъолиятро дошта бошед, ин рӯз барои гузоштани қадамҳои аввал мувофиқ аст. Муносибатҳои ошиқона низ хуб рушд хоҳанд кард. Ба саломатии худ диққат диҳед, истироҳати кофӣ ва хӯроки дуруст муҳим аст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз шумо бояд ба эҳтиёҷоти шахсии худ бештар диққат диҳед. Муҳим аст, ки вақти худро барои истироҳат ва барқарор кардани қувва ҷудо кунед. Агар масъалаи муҳиме шуморо нигарон кунад, онро бо шахси боэътимод муҳокима намоед. Имкони шиносоии нав вуҷуд дорад, ки метавонад ба муносибатҳои дарозмуддат табдил ёбад. Ба саломатии худ таваҷҷуҳ кунед ва аз стресс канорагирӣ намоед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз шумо бо корҳои шахсӣ ва касбӣ зиёд машғул мешавед, кӯшиш кунед, ки дар ҳама кор оромиро нигоҳ доред. Имкони гирифтани хабарҳои муҳим ё таклифҳои ҷолиб вуҷуд дорад. Дар муносибатҳои ошиқона шояд тағйироти ногаҳонӣ рух диҳанд, аммо он метавонад ба фоидаи шумо бошад. Ба саломатии худ диққат диҳед ва кӯшиш кунед, ки аз хастагӣ пешгирӣ намоед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Шиносоии ҷолибе тамоми диққати шуморо ба худ ҷалб хоҳад кард, ки метавонад оғози як муносибати пурҳаяҷони ошиқона гардад. Бо вуҷуди ин, худро ба даст гиред, беҳуда нагуфтаанд, ки чашми ошиқ кӯр аст. Фаъолиятҳои ҷисмонӣ на танҳо тандурустиро тақвият мебахшанд, балки ба шумо имконият медиҳанд, ки худро дар ҳолати олӣ нигоҳ доред.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Бо атрофиён забон ёфта наметавонед ва ин метавонад шуморо ба вазъияти мушкил рӯ ба рӯ созад. Зуд ба ғазаб омаданатон атрофиёнро аз шумо дур менамояд. Дар ҳаёти шахсӣ ноумед мешавед. Ба саломатии худ таваҷҷуҳ кунед, эҳтимол аст, ки гастрити музмин аз нав зуҳур кунад. Ғизои сабук ва дорои калорияи кам барои шумо айни муддао хоҳад буд.

Далв (20 январ-18 феврал)

Агар худро табиӣ ва самимӣ нишон диҳед, имкони пайдо кардани муносибати ҷиддӣ бо шахси арзанда хеле баланд аст. Вақти муносиб барои барқарор кардани муносибат бо хешовандони солхӯрда аст. Аз нигоҳи молиявӣ, рӯз хеле мусоид аст! Имкониятҳои хубе барои беҳтар кардани вазъи пулӣ фароҳам мешаванд. Агар эҳсос кунед, ки вазни шумост зиёд шудааст, шояд сабабаш камхобӣ бошад. Бехобӣ ба мубодилаи моддаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз барои саргузаштҳои ошиқона хеле мувофиқ аст. Рӯзро дар ҳалқаи наздикони худ гузаронед. Танҳо дар муҳити хона шумо метавонед воқеан истироҳат кунед ва оромии равонӣ эҳсос намоед. Имконияти муноқиша ва нофаҳмиҳо бо наздикон хеле кам аст. Имрӯз қарз гирифтан ё додан метавонад оқибатҳои нохуб дошта бошад. Барои бартараф кардани энергияи манфӣ хонаатонро тоза кунед. Бо вуҷуди он ки хеле пуртоқат ҳастед, вале ҳатто ба шумо истироҳати хуб зарур аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД