Ҳамал
Дар ин рӯз корҳоятон барор намегиранд. Ҳаққи хизмати худро низ сари вақт ба даст оварда наметавонед. Мушкиливу уҳдадориҳои зиёде сар мезананд, ки дарҳол бояд аз пайи рафъ карданаш шавед. Кӯмаки шумо дар ин рӯз ба бисёриҳо лозим мешавад. Ба дӯстдоштаи худ бовар карданро омӯзед, вагарна ӯро аз даст медиҳед.
Савр
Дар ин рӯз асабӣ шудану ба ғазаб омаданатон эҳтимол дорад. Агар худро ба даст нагиред, бо аҳли оилаи худ муноқиша мекунед. Бо наздикони худ муносибатро вайрон накунед, вагарна руҳафтода мегардед. Хуб мебуд, ки ҷарроҳиҳои тиббиро ба таъхир гузоред. Мушкилиҳои пулиятон хеле хуб анҷом меёбанд.
Ҷавзо
Бо вуҷуди тира будани ҳаво самои қалби шумо дар ин рӯз офтобӣ аст. Ба ғизои мехӯрдаи худ бодиққат бошед, барои саломатии сутунмуҳраи худ машқ кунед, вагарна дар сафари роҳи дур азоб мекашед. Аз худхоҳиву худпарастӣ худдорӣ намоед ва танқиди одилонаро қабул намоед. Баъди нисфирӯзӣ аз ошиқатон хабари хуш мешунавед.
Саратон
Рӯйихати хароҷотҳои худро барои рӯзҳои наздик тартиб диҳед, ҳангоми сарф кардани маблағ боақлона рафтор кунед. Нисбати нафароне, ки чӣ будани меҳрубониро намедонанд, меҳрубонӣ зоҳир намоед. Бо шахси дӯстдоштаатон ба ҳамдигарфаҳмӣ омада наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ хастагиву асабониятатон зиёд мегардад.
Асад
Ҳангоми суҳбат бо роҳбарият нуқтаи назари худро иброз накунед, вагарна садди роҳи пешравиятон дар вазифа мегардед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон бепарвоӣ зоҳир накунед. Барои нафарони эҷодкор рӯзи бобарор аст. Аз шиносоӣ бо нафаре даромади пулӣ ба даст меоред. Баъди нисфирӯзӣ каме худро нотоб ҳис мекунед.
Сунбула
Барои нафарони эҷодкор рӯзи бобарор аст. Шиносоӣ бо нафаре ё ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, ки даромади пулӣ ба даст меоред. Нисбати шахси дӯстдошта фармонфармоӣ накарда, нуқтаи назари ӯро шунавед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ масунияти худро мустаҳкам карданатон лозим аст.
Мизон
Рӯзи орому бобарор аст. Барои ҳар рӯзи нави худ шукрона кунеду дилхушӣ намоед. Аз изҳори муҳаббат кардани дӯстдоштаи худ ҳайрон нашавед, зеро дар ин рӯз дилкашу дилработар мегардед. Вазъи пулиятон хуб асту корҳои рӯзгорро бояд фавран ба анҷом расонед. Агар шамол хӯрданатонро ҳис кунед, беҳтараш аз ҷойи кор ҷавоб гирифта, нағзакак табобат кунед.
Ақраб
Дар ин рӯз чунон корҳоятон зиёд мешаванд, ки вақти сархорӣ намеёбед, хеле рӯзи серташвиш аст. Баъди даву този зиёд аз дидори нафари бароятон азиз шод мегардед. Ақрабҳое, ки нияти оиладор шуданро доранд, бояд нағзакак фикр карда, баъдан қадами муҳими ҳаёти худро гузоранд. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Қавс
Танбалӣ ва фикри фардоро накарданатон боиси нофаҳмиҳои хурд мегарданд. Агар ба худ бовар дошта бошед, вазъиятро ислоҳ карда метавонед. Нияти ба мағозаву бозор рафтанро дошта бошед, дар ҳамин рӯз харидҳоятон бобарор мешаванд. Вазъи саломатии шумо аз худатон вобастагӣ дорад.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз табъи гирифтаву хотири парешонатон аз атрофиён пинҳон намемонад. Ин натиҷаи хастагӣ ва бехобиятон аст. Корҳои нотамом, хабари нохуш ва мушкилиҳои ҳаёти шахсӣ имкон намедиҳанд, ки нағзакак истироҳат намоед. Барои ба худ омадан бештар дар ҳавои тоза сайр кунед, вагарна руҳафтодагии зиёд ба саломатиятон беасар намемонад.
Далв
Нафаре аз наздикон ё хешовандон кӯмаки молиявӣ мерасонад. Барои таъмир ва ободонии хонаву дар рӯзи мусоид аст. Дар ҳаёти шахсӣ барои сари қарори муҳиме омадан, шитоб накунед, вагарна баъди пушаймон шудан чизеро баргардонида наметавонед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, ба сафари роҳи дур мебароянд.
Ҳут
Қабл аз он ки бо коре машғул шавед, бояд аз маслиҳату дасгирии дӯстони наздик истифода баред. Имкони иваз намудани касбу кор ва ба хориҷа сафар карданатон зиёд аст. Аз ғами дурии ёр дарун ба дарун хун мехуред. Аз яку якбора тағйир ёфтани табъатон эҳтиёт шавед, эҳтимол ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шавед.