ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1464

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона ростқавл бошед: агар бо дӯстдоштаатон сард шуда бошед, шояд дар паҳлуи шумо шахси мувофиқ нест. Дар хона чанд нофаҳмӣ рух медиҳад, беҳтараш роҳи созишро пайдо намоед. Дар ҷои кор масъулияти дигаронро ба дӯш мегиред. Аз ҷароҳатҳои хурд бардоштан, бахусус ҳангоми корҳои хона эҳтиёт кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз хастагӣ ва дилсардӣ ба намуди зоҳирии шумо таъсир мерасонад, барои ҳамин каме муҳит ва услуби худро тағйир диҳед. Фарзандон бо рафторашон метавонанд шуморо нороҳат кунанд, вале сахтгирӣ даркор нест, худро дар ҳамон синну сол ба ёд оред. Бо сабаби бепарвоӣ хатари талафи пул вуҷуд дорад, ҳамёнро эҳтиёт кунед. Ба ҳодисаҳои манфӣ диққати зиёд надиҳед, асабро эҳтиёт кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз муносибатҳои ошиқонаатон беҳтар мешаванд, барои оиладор шудан низ рӯзи хуб аст. Ба дӯстдоштаатон дилро боз кунед, ин боиси бештар гаштани меҳру муҳаббат мегардад. Дар касбу кор аз ташаббусҳои нолозим худдорӣ намоед, то мушкил эҷод нашавад. Кӯшиш кунед корҳои осону бехатарро иҷро кунед. Имрӯз нерӯятон хеле баланд аст, худро пурқувват эҳсос мекунед, аз ин рӯ аз пайи пеш бурдани нақшаҳои дерина шавед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо наздикон ва аҳли оила самимона ҳарф занед, кӯшиш намоед, ки дар хонаатон ҷангу ҷанҷол рух надиҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт шавед, аз хароҷоти шитобкорона худдорӣ намоед. Зеҳни қавии шумо барои анҷоми корҳои касбӣ кумак мекунад. Хариди либос низ дар ин рӯз мувофиқ аст. Аммо гуфтушунидҳои муҳимро ба дигар вақт гузоред, зеро имрӯз қувваатон каме коҳиш ёфтааст.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз эҳсосотатон беҳтарин роҳнамо мебошанд. Дар оила нагузоред муносибатҳо якранг шаванд, самимиятро фаромӯш накунед. Дар касбу кор метавонанд ихтилофҳо ба вуҷуд оянд, вале бо ҷасорат ва устуворӣ онро паси сар мекунед. Пулро аз рӯи нақша сарф кунед. Имрӯз эҳтиёткор бошед: хатари ҷароҳат бардоштан ё бемории тӯлонӣ вуҷуд дорад, аз кори вазнин ва саросемагӣ худдорӣ кунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз ҳодисаҳои ногувор шуморо водор месозанд, ки обрӯи худро ҳимоя кунед. Барои изҳори муҳаббат вақти мувофиқ аст. Шиносоиҳои нав ва мулоқотҳои самимӣ имкон доранд. Дар касбу кор бо роҳбар ё ҳамкорон нофаҳмӣ эҳтимол дорад. Нақшаи харидҳоятонро аз нав тартиб диҳед ва хароҷотро кам кунед. Аз одатҳои бад ва ҳатто аз фикрҳои манфӣ дурӣ ҷӯед, ин ба саломатӣ фоида меорад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз барои вохӯриҳо ва базму хурсандӣ рӯзи хуб аст. Агар бо ҳамсаратон ба меҳмонӣ равед, ба ӯ диққати бештар диҳед. Нофаҳмиҳои оилавӣ ба зудӣ ҳал мешаванд. Имрӯз қарор қабул кардан лозим мешавад, онро ба таъхир нагузоред. Бо шахсони бегона баҳс накунед, эҳтимол ба одамони руҳан носолим дучор шавед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз барои мустаҳкам кардани риштаи муҳаббат вақти мувофиқ аст, муносибати ошиқонаро бо як сюрпризи хурд гарм кунед. Ба аҳли хонадон таваҷҷӯҳ диҳед, дилгармӣ бештар мешавад. Дар кор имкони пешрафт мавҷуд аст, агар ташаббус нишон диҳед. Имкони ба даст овардани даромади нав вуҷуд дорад. Нафарони муҷаррад бояд қарорҳоро бо ақли солим қабул кунанд. Барои саломатӣ бештар ба ҳавои тоза бароед ва аз нишастҳои тӯлонӣ канорагирӣ намоед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Шояд аз вазъияти душвори муносибатҳои ошиқона каме дур шудан хоҳед, ин фосилаи кӯтоҳ ба шумо фоида меорад. Имрӯз ҳар сухан таъсири ҷиддӣ дорад, бинобар ин, пеш аз гуфтан андеша кунед. Барои дархости баланд шудани маош вақти хуб аст. Мушкилиҳои рӯз бештар бо хароҷоти ногаҳонӣ вобаста мешаванд. Барои бардоштани чизҳои вазнин эҳтиёт кунед, хатари ҷароҳат бардоштани сутунмуҳра зиёд аст. Ба саломатӣ бодиққат бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз эҳтимол бе ягон сабаб аз ҳамсаратон меранҷед ва ин сабаби бо ҳам қаҳрӣ шуданатон мегардад. Бо ҳамсояҳо низ баҳси хурд эҳтимол дорад, аммо онро ба ҷанҷол табдил надиҳед. Ҷустуҷӯи кор ҳоло натиҷаи калон намедиҳад, вале ҳунару маҳорати худро такмил медиҳед. Барои оғоз кардани парҳез рӯз хуб аст, метавонед чанд килограмм вазн кам намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Муҳаббати худро пинҳон накунед, шояд бахти худро пайдо карда бошед. Дар қарорҳои муҳим ҳамаи тарафҳоро баррасӣ кунед. Дар касбу кор интизомро риоя намоед, эҳтироми болоравӣ дар вазифа вуҷуд дорад. Имрӯз корҳои хона зиёд шуда, шояд касе нисбати шумо фикри бад дошта бошад. Эҳтимоли хариди гаронбаҳо вуҷуд дорад. Аз хастагии рӯзҳои охир худро ҳифз кунед, ба худ каме оромӣ диҳед, ҷисматон истироҳат мехоҳад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз сафарҳои банақшагирифта имкон доранд ва чанд рӯзи дурӣ аз дӯстдоштаатон метавонад фоида биёрад. Аз суханчинӣ ва ҳасудон дурӣ ҷӯед, дар баҳсҳои бегона иштирок накунед. Дар масъалаҳои муҳим то аниқ шудани нақшаҳо қарор қабул накунед. Агар каме исрофкор бошед, мушкилоти молиявӣ пайдо мешавад, вале ҷиддӣ нест. Имрӯз барои варзиш хуб аст: сайр, машқ ё ҳавои тоза ба шумо қувваи нав мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД