arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1766

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ин рӯз барои муҳаббат ва эҳсосоти ширин басо мусоид аст. Агар шумо муҷаррад бошед, дида ба атроф дӯзед, шодии дили шумо наздик аст. Аммо аз ошкорбаёнӣ худдорӣ намоед: гапи зиёдатӣ метавонад бар зарари шумо тамом шавад. Беҳтар аст бо одамон камтар муошират кунед, зеро эҳтимоли ҳасад ва фитна зиёд аст. Дар масъалаи пул бо шиносҳои нав суҳбат накунед. Нимаи дувуми рӯз хабари хуб меорад, орзуе метавонад амалӣ гардад. Агар аллергия доред, пешакӣ дору омода кунед ва эҳтиёт бошед.

Савр (21 апрел-21 май)

Муҷаррадон бахти худро меёбанд, ҳатто вопасин мулоқот метавонад тақдирсоз гардад. Шодии ногаҳонӣ ва хабарҳои хуш эҳтимол доранд. Агар фаъол бошед, ба натиҷаҳои бузург мерасед. Дар масъалаҳои корӣ беҳтар аст фишор наоред ва неруро барои лоиҳаҳои оянда нигоҳ доред. Хонаи худро покиза нигоҳ доред. Эҳтимоли ба доми фиреб афтодан вуҷуд дорад. Аз сабаби камбудии қувва, худро зиёд серкор накунед, саломатиро эҳтиёт кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Муносибатҳои нав аввал дӯстонаро мемонанд, аммо дертар ба муҳаббат табдил меёбанд. Ремонти хона ё корҳои сохтмонӣ дар назар аст, он маблағ талаб мекунад, вале натиҷааш хонаатонро зебо мекунад. Ба овозаҳо аҳамият надиҳед, рақибон метавонанд шуморо гул зананд. Парҳези муътадил шуморо аз вазни зиёдатӣ нигоҳ медорад. Онҳое, ки кори нишаста доранд, бояд бештар ҳаракат кунанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз имконият доред, ки муносибатҳои куҳнаро аз нав барқарор кунед ва ҳатто натиҷаи мусбат бигиред. Муносибатҳои ошиқонаи солҳо давомдошта низ метавонанд дубора шавқовар гарданд, агар ба онҳо фантазия илова кунед. Аз худ тамоми қувваро нишон диҳед, натиҷаи меҳнати худро мебинед. Энергияи шумо кам хоҳад буд, неруро беҳуда сарф накунед. Ба истироҳат ва техникаҳои оромкунанда таваҷҷуҳ диҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Хабарҳое, ки имрӯз мешунавед, метавонанд равобити шуморо бо маҳбубатон тағйир диҳанд. Корҳои хона шуморо банд мекунанд ва хароҷоти ғайриинтизор низ пеш меояд. Шумо мефаҳмед, ки зиндагӣ танҳо аз хурсандӣ не, балки аз заҳмати рӯзмарра низ иборат аст. Кӯшиш кунед, ки мушкилот эҷод накунед, ҳал кардани онҳо одатан ба дӯши наздиконатон меафтад. Танҳо таоми хонагӣ бихӯред, хатари заҳролудшавӣ аз маҳсулоти нимтайёр зиёд аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз рӯзи хубест барои барқарор кардани муносибатҳои кандашуда. Бо суханони дуруст ба осонӣ оштӣ кардан мумкин аст. Дар муошират бо наздикон сабру таҳаммул нишон диҳед. Ба ҳадафҳо бо суръати муътадил, вале бо эътимод ҳаракат мекунед. Вазъи молиявиатон чандон хуб нест. Шояд лозим шавад, ки қарз гиред. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷойҳои серодам ва нақлиёти ҷамъиятӣ дурӣ ҷӯед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар бо касе ҷудоӣ дар пеш бошад, қавӣ бошед. Ғамгин нашавед, фардо беҳтар хоҳад шуд. Эҳтимол аст, ки шумо аз ҳад зиёд ба мушкилоти дигарон диққат медиҳед. Имрӯз шояд ба шумо мансаби нав пешниҳод шавад, ин имкони хубест барои дигаргунсозии зиндагӣ. Дар масъалаи пул тағйироти мусбат эҳтимол дорад, вале қарзҳо ва хароҷоти ногаҳонӣ тамоми фоидаи шуморо фурӯ мебаранд. Бештар истироҳат кунед ва беҳбудии саломатиро нодида нагиред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз сабри шумо санҷида мешавад, вале муҳаббат ва эҳсосот маркази рӯз хоҳанд буд. Фурсати хубест, ки эҳсосотро озодона баён кунед. Вақти мусоид барои тағйири касб фаро расидааст. Вале пеш аз раҳоӣ аз кори ҷорӣ, кори навро биёбед. Даромади иловагӣ дар назар аст. Ба он аҳамият диҳед, вале ҳадафҳои дарозмуддатро фаромӯш накунед. Парҳези сабук ва машқи ҷисмонӣ ба шумо фоида меоранд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар имрӯз хафагиҳои гузашта дар муносибатҳои ошиқона зоҳир шавад, ором бошед ва ба ғазаб дода нашавед. Заҳмати зиёд метавонад эътибори шуморо дар ҷомеа боло барад, вале худро фаромӯш накунед. Шонси хуб барои хариди арзон ва деринтизор мавҷуд аст. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Агар бо системаи дилу рагҳо мушкилот доред, эҳтиёткор бошед, шояд беморӣ шиддат гирад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Муҳаббат эҳсос нест, балки мубориза барои бахт аст, имрӯз заҳмат кашидан лозим меояд. Фурсати барқарор кардани муносибатҳои шахсӣ, бахусус бо хешовандони наздик даст медиҳад. Агар мехоҳед кор ё соҳаи фаъолияти худро иваз кунед, ҳозир вақти муносиб аст. Муносибатҳои шахсӣ ба самаранокии кори шумо таъсир мерасонанд. Роҳҳои мубориза бо фишори равониро ёбед, дар зарурат ба мутахассис муроҷиат намоед. Саломатии равонӣ саломатии ҷисмониро низ таҳти таъсир қарор медиҳад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҷодаи муҳаббат шумо шоистаи беҳтарин ҳастед. Барои дӯстдоштаатон сюрприз омода кунед. Рӯзи серташвиш ва мураккаб пешбинӣ мешавад. Ҳушёр бошед ва сирру асрори худро фош накунед. Дар масъалаи пул ба интуитсияи худ гӯш диҳед. Қарорҳои дурустро дилатон ба шумо мегӯяд. Имрӯз барои ташхис ва амалҳои косметикӣ рӯзи мувофиқ аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ба ҳисси дарунии худ такя кунед, он шуморо фиреб намедиҳад. Мушкилоти хурд бо дӯстдошта ва баҳсҳои бемаънӣ имкон доранд. Аз таъмир даст кашед, натиҷа хуб нахоҳад шуд ва эҳтимоли баҳс зиёд аст. Рақибон саъй мекунанд шуморо боздоранд, аз ин рӯ, дар ҳолати омодагӣ бошед. Бар зидди онҳо мубориза мебаред, вале неруи зиёд талаб мекунад. Имрӯз метавонед кори нав оғоз кунед. Даромад метавонад зиёд шавад. Аз кори зеҳнии зиёд худдорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД