Ҳамал (21 март-20 апрел)
Беҳтараш имрӯз корҳое, ки суръат ва қобилиятро талаб мекунанд, ба нақша нагиред, зеро эҳтимол аз ӯҳдаашон баромада наметавонед. Истироҳат карда, қувва ва тавоноии худро барои рӯзҳои дигар барқарор кунед. Барои харид ва захира кардани маводи ғизоӣ рӯзи хубу бобарор аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз барои саврҳо рӯзи орому мусоид аст. Аз касе натарсед ва ин рӯзро танҳо барои ниёзҳои шахсии худ истифода кунед. Устуворӣ ва худбоварӣ дар шумо зиёд мегардад, ки барои рӯзҳои оянда лозим меояд. Ба шумо имкон медиҳанд, ки қудрати қаблии худро ба даст оред.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки рӯзи пӯшида ва ором дошта бошеду аз ошкорбаёнӣ ва корҳои нолозим худдорӣ намоед. Рӯзро хуб шурӯъ мекунед, аммо дар давоми он танбал ва ғайрифаъол мешавед. Барои истироҳат ва тановули ғизои дӯстдошта рӯзи мувофиқ аст. Ин ба шумо таъсири мусбӣ мерасонад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ба шумо имкон медиҳад, ки орома дар фикри ояндаи худ бошед. Ба баҳси тӯлонӣ пирӯз мешавед. Муносибатҳои сардшудаатон бо дигарон барқарор мешавад. Соҳиби имтиёз ва афзалиятҳои нав мешавед. Барои таҷлили иду ҷашнҳои рӯзи мусоид аст.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шумо ба чанд кори худ муваффақ мешавед, ба шарте ки ҳадди эътидолро риоя намоед. Ин як шарти калидии эътимоди шумо ба оянда хоҳад буд. Инчунин, хароҷоти иловагии мақсаднок имкон медиҳад, ки шумо боз ҳам рӯҳбаланд ва хурсанд шавед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Барои сунбулаҳо имрӯз рӯзи хушбахтӣ аст. Агар аз коре қафо мондаеду мавқеи пешинаи худро соҳиб шудан мехоҳед, пас ин хушбахтиро самаранок ба фоидаи худ истифода баред. Мукофот мегиред ё касе шуморо дастгирӣ мекунад. Ин хеле муҳим аст. Барои дидани ширкат, донишгоҳ ё сафорате дер накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мизонҳо имрӯз муваффақиятҳои назаррасро умедвор шуда метавонанд. Новобаста аз он ки ҳодисаҳо чӣ гуна рух медиҳанд, шумо боварӣ дошта бошед, ки ҳама чӣ дер ё зуд ба охир мерасад. Молу мулк, оила ва лоиҳаҳои худро эҳтиёт кунед. Соҳиби даромади ногаҳонӣ мешавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо имрӯз ба хотимаи баҳсҳову мушкилиҳои чандвақта умед баста метавонед. Эҳтимол, чизеро ба даст меоред, ки дер боз дар орзуяш будед. Худро ба даст гиред. Меҳнати худро нодида нагиред ва қадри худатонро донед, зеро барои бисёриҳо бо шумо кор кардан шараф аст. Шаъну шарафи худро ҳимоя кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ҳатто хурдтарин чиз аз шумо масъулият ва кордониро талаб мекунад. Агар масъулият ҳис кунед, бурд хоҳед кард. Ситораҳо маҳз барои ҳамин кор шуморо меозмоянд. Танҳо дар охири рӯз маълум мешавад, ки то чӣ андоза корҳоро оқилона ба сомон расонидаед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ситораҳо шуморо аз ҷиҳати ахлоқӣ дастгирӣ мекунанд. Мукофотҳои моддӣ низ истисно нестанд. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, қарзашро бармегардонад ё барои ягон амали хубатон ба шумо миннатдорӣ мекунанд. Ҳатто агар коре кунеду мукофот ҳам надиҳанд, боварӣ дошта бошед, ки шумо инсони хубу хайрхоҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ин рӯзро пурра ба оилаи худ бахшед. Зиёфати шоҳона биороед ва бо аҳли оила ин рӯзро, ки ҳарчанд рӯзи муҳим нест, ҷашн бигиред. Ин барои сарҷамъӣ ва барқарорсозии муносибатҳо мусоидат мекунад. Аз чизҳое, ки ба шумо зарар мерасонад, парҳез кунед, вагарна дер хоҳад шуд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шумо бахту иқболро ҳис карда, то охир ба он боварӣ мекунед. Тани танҳо муваффақ шуда метавонед, вале боз ба кӯмаки дӯстону наздикон низ умед бандед. Дудила нашавед, онҳо ҳатман ба шумо кӯмаки хешро дареғ намедоранд. Кӯшиш кунед, ки назди нафарони бегона сархам нашавед.