Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз имкониятҳои нав ба рӯятон кушода мешаванд, ҳар амалу суханатон метавонад тақдиратонро дигар кунад. Аз ин рӯ, пеш аз коре кардану гапе гуфтан хуб андеша кунед. Асабоният ва хастагиятон маънои онро дорад, ки ба истироҳат сахт эҳтиёҷ доред. Аз хароҷоти бефоида парҳез кунед. Танҳо чизҳои даркориро харид кунед. Рӯзҳои наздик хароҷотатон зиёд мешавад.
Савр (20 апрел-20 май)
Муҳаббат метавонад ногаҳон ба сӯи шумо ояд, аммо боақлона рафтор кунед. Агар оиладор бошед, беҳуда фикри ишқбозиро накунед. Агар муҷаррад бошед, дарҳол ошиқ шуданатон имкон дорад. Ба ғизои солим диққат диҳед. Бо шиками пур хоб наравед. Нӯшокиҳои сард нанӯшед. Даромади нави пулӣ имконпазир аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Ҳар ҳодисаи хурд метавонад роҳи ояндаи шуморо дигар кунад, омода бошед! Ҳолати рӯҳиятонро назорат кунед. Агар шумо худро бад ҳис мекарда бошеду шабҳо аз бехобӣ азият кашед, сари вақт ба духтур муроҷиат кунед. Асаби харобатонро харобтар накунед. Дар масъалаҳои пулӣ шитобкорӣ накунед. Агар хона хариданӣ бошед, пулро ба касе нишон надиҳед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Оромӣ ва андешаи солим ба шумо кӯмак мекунад, ки роҳи дурустро пайдо кунед. Имрӯз кӯшиш намоед, ки стрессро кам кунед. Агар асабӣ бошед, хоб равед ё сайругашт кунед. Агар рӯзадор бошед, инро баҳона карда бо атрофиён муноқиша накунед. Харидҳои бузургро ба вақти дигар гузоред.
Асад (23 июл-22 август)
Равобити шумо бо атрофиён хубтар ва самимитар мешавад. Энергияатон баланд аст, аммо онро сарфакорона истифода баред. Шонси молиявӣ доред, вале боэҳтиёт бошед. Дар бораи он маблағе ки дар даст доред, ба касе нагӯед. Вагарна нафарони зиёде қарз пурсида, ҷонбезор мекунанд. Дар натиҷа муносибатҳоятон вайрону хафагӣ рух медиҳад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Агар танҳо бошед, муҳаббат метавонад ногаҳон пайдо шавад, агар дар муносибат бошед, имкон барои рушди якҷоя фаро мерасад. Барои пешгирии бемориҳо, бештар ҳаракат кунед. Даромади пулӣ меёбед. Одати қарз гирифтанро партоед. Зеро қарз баракатро аз хонаву кисаатон гум мекунад. Беҳтараш пулро барои ҳар рӯзи худ тақсим карда, то охири моҳ расонед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Баъзан шумо хеле саросема мешавед. Бо тасмимҳои муҳим шитоб накунед, мушоҳида ва интизор шуданатон беҳтар аст. Имрӯз истироҳати равонӣ ба шумо лозим аст. Кӯшиш кунед, ки рӯзро дар хона гузаронед. Бо нафароне ки аз диданашон асабӣ мешавед, худро канор гиред. Аз қарз гирифтан худдорӣ кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз барои барқарор кардани муносибатҳои ошиқона мусоид аст, агар қаҳрӣ бошед, зудтар оштӣ шавед. Дар атрофатон нафароне ҳастанд, ки дар рӯятон механданду аз пуштатон ғайбат мекунанд. Шумо онҳоро хуб медонед. Аз хастагии равонӣ худдорӣ кунед. Шарти муваффақият – идораи дурусти маблағҳо мебошад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Нофаҳмиҳо метавонанд пайдо шаванд, аммо роҳи ҳалли онҳо дар дасти шумост. Хусусан бо нафароне ки дуруяву дурӯғгӯ ҳастанд, беҳуда худро азоб надиҳед. Беҳтараш худро аз онҳо дур гиред. Ба саломатии меъдаву узвҳои ҳозимаатон диққат диҳед. Маслиҳати молиявиро аз шахсони боэътимод гиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Дар масъалаҳои молиявӣ тағйироти назаррас намебинед, аммо имрӯз барои банақшагирии оянда мувофиқ аст. Хоби кофӣ гиред. Агар хона ё мошин хариданӣ бошед, дурудароз фикр накунед. Вале аз онҳое ки харид мекунед ҳушёр шавед, эҳтимоли фиреб хурданатон дар назар аст.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз рӯзи ором аст. Ба фишори хунатон аҳамият диҳед. Агар худро бад ҳис кунед, дарҳол ба духтур муроҷиат кунед, эҳтимол хунатон ғафс шуда бошад. Дар хароҷот эҳтиёткор бошед. Ба нафаре, ки аз шумо пул мепурсад, кӯмак кунед, вале фаҳмонед, ки шумо халтаи пул нестед ва пули бисёр надоред.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ҷаззобияти шумо болотар аз ҳамеша хоҳад буд, муҳаббат ба сӯи шумо меояд! Дӯстдоштаатон шуморо мафтун мекунад. Ба асаби худ диққат диҳед. Фурсатҳои нави молиявиро аз даст надиҳед. Хусусан агар имкони пулкоркунӣ пайдо шавад, танбалӣ накарда, Аз пайи кор шавед.