arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2025
1677

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҳаёти шахсии шумо тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад, аммо муносибатҳо бо наздикон рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Хастагии ҷамъшуда метавонад нақшаҳоятонро ба таъхир андозад. Беҳтараш истироҳат кунед ва аз рӯйдодҳои атроф канорагирӣ намоед. Фаҳмидани эҳсосоти дигарон ба шумо дар қабули қарорҳои дуруст кумак мекунад. Имрӯз табъатон болидаву қалбатон саршори муҳаббат аст.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар муҳаббат марҳилаи нави муҳим фаро мерасад. Шумо дар рӯ ба рӯи интихоб қарор доред, ки роҳи дурустро бояд интихоб кунед. Беҳтар аст, ки саросема нашавед ва интизор шавед, то фурсати муносиб фаро расад. Муносибатҳо бо ҳамкорон гармтар мешаванд ва дар муҳити корӣ фазои мусбат ҳукмфармо мегардад. Ба саломатии дандонҳоятон диққат диҳед ва дар сурати дард, ба духтур муроҷиат намоед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз шахсе бо манфиатҳои шахсӣ метавонад ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Дар танҳоӣ фикр кунед, ки оё ин шахс барои шумо мувофиқ аст ё не. Барои пешгирӣ аз якрангӣ, кӯшиш кунед, ки ҳунарҳои нав омӯзед. Имрӯз шумо метавонед ба осонӣ мушкилотро дарк кунед ва роҳҳои ҳалли онро пайдо намоед. Аз муошират бо одамони манфӣ худдорӣ кунед, зеро онҳо метавонанд ба шумо таъсири бад расонанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шумо эҳсоси хушбахтӣ ва орзуҳои ширин мекунед. Эҳтимол аст, ки шахси ҷолибе ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Бо ҳамсаратон эҳтиёт бошед, зеро эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад. Агар аз кори ҳозираатон қаноатманд набошед, вақти он расидааст, ки имкониятҳои навро ҷустуҷӯ кунед. Ба саломатии худ, махсусан фишори хун диққат диҳед ва чораҳои лозимро андешед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз барои нишон додани хислат ва изҳори назар вақти муносиб нест. Беҳтар аст, ки интизор шавед, то фурсати беҳтар фаро расад. Агар эҳсос кунед, ки ба фароғат ниёз доред, ба хоҳиши дили худ гӯш диҳед. Шояд тағйири касб барои шумо фоидаовар бошад. Ба садои қалби худ гӯш кунед, он метавонад шуморо ба самти дуруст роҳнамоӣ кунад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар дар гузашта дили шумо шикаста бошад, ғамгин нашавед, зеро вохӯриҳои нав дар пешанд. Бо наздикон ҳамдардӣ ва дастгирӣ нишон диҳед. Имрӯз шумо бояд вазифаи муҳимеро иҷро кунед, ки меҳнат ва устувории шуморо талаб мекунад. Қарорҳое, ки имрӯз қабул мекунед, метавонанд ба муваффақияти молиявии шумо оварда расонанд. Аз муноқишаҳо канорагирӣ кунед ва ҳангоми кор бо техника эҳтиёт бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Эҳтимол аст, ки шумо бояд барои муддате аз шахси наздик дур шавед. Аммо муҳаббат масофаро намешиносад ва дилҳоро мепайвандад. Барои пешгирӣ аз низоъ, кӯшиш кунед, ки ба атрофиён фишор наоред. Дар ҳама кор манфиат наҷӯед, зеро арзишҳои дигар низ муҳиманд. Агар хоҳиши тағйир додани муҳит дошта бошед, шояд кӯчидан ба ҷои нав барои шумо муфид аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шояд муҳаббат дигар мисли пештара шуморо ба ҳаяҷон наорад, аммо ин ҳолати муқаррарӣ аст. Имрӯз вақти хубест барои ҳалли масъалаҳои манзилӣ ва ташриф ба идораҳои давлатӣ. Шароит барои пешрафт ва сюрпризҳои гуворо мусоид аст. Ба саломатии худ таваҷҷуҳ зоҳир кунед, зеро хатари гирифторӣ ба бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ вуҷуд дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз шахси наздик метавонад шуморо бо сюрпризи гуворо шод гардонад, масалан, даъват ба кино ё тарабхона. Шумо метавонед бо сабру таҳаммул ва интихоби дурусти қарорҳо ба муваффақият ноил шавед. Корҳоятон бобарор хоҳанд шуд. Агар дар ҷустуҷӯи даромади иловагӣ бошед, бо дӯстону шиносҳо маслиҳат кунед. Нисбат ба хариди ашёи гаронбаҳо эҳтиёткор бошед. Иммунитети шумо устувор аст, аммо худро эҳтиёт кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар зиндагии шахсӣ дигар шуморо қонеъ намекунад, вақти тағйир фаро расидааст. Шояд робитаи кӯҳнаро хотима диҳед ё муносибати наверо оғоз кунед. Имрӯз барои андеша кардану фикррониҳои шахсӣ, ҳамчунин барои корҳои ҷиддӣ мувофиқ аст. Лекин аз ҳад зиёд кор накунед, суръатро кам кунед. Агар ҳушёрӣ накунед, хатари иштибоҳҳо зиёд аст. Фурсати муносиб фароҳам мешавад, то роҳҳои нави даромади пулиро пайдо кунед. Ҳангоми кор бо ашёи тези хатарнок эҳтиёткор бошед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Далвҳо бояд ба овози дили худ гӯш диҳанд. Аз вазифаҳои ҳаррӯза сарпечӣ накунед, гарчанде хоҳиши каме танбалӣ кардан дошта бошед. Имрӯз барои касоне, ки дар соҳаи хизматрасонӣ кор мекунанд, хеле бобарор аст. Фурсати хуб барои бастани шартномаҳо аст. Гарчанде шодиро бо пул харида намешавад, вале бе пул ҳам хушбахт будан душвор аст. Даромади бештар мехоҳед? Аз пайи кор шавед. Ба саломатии қалб ва фишори хун аҳамият диҳед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз шумо эҳсосотӣ хоҳед буд. Барои пешгирӣ аз муноқиша, бо наздикон эҳтиёткор бошед. Беҳтараш, дар бораи мушкилоти оилавӣ суҳбат накунед, балки меҳру муҳаббатро афзоиш диҳед. Робитаҳоро мустаҳкам намуда, ба ҳамдигар эътимод кунед. Шояд сарфи ғайриинтизори маблағҳо пеш ояд, аммо ҳолати молиявии шумо устувор боқӣ мемонад. Ба хоб ва оромии рӯҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунед, шояд сайругашт ё нӯшидани шир бо асал кумак намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД