arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2024
2129

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи серташвиш аст. Баъзеҳо маҷбур мешаванд, ки нақшаҳои аввалиндараҷаи худро иваз намуда, уҳдадориҳои иловагиро ба дӯш гиранд. Дар зарурат аз дӯстону наздикон кумак пурсед. Агар шумо шахси дӯстдошта дошта бошед, бегоҳирӯзиро ҳамроҳ гузаронед. Рафту муҷаррад бошед, барои шиносшавӣ омода бошед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз монеаву мушкилиҳои зиёде дар касбу коратон пеш меояд. Мардҳо орзуи деринаро ҷомаи амал мепӯшанд. Зиндадилиятон атрофиёнро мафтун месозад. Аз дағаливу якравӣ худдорӣ намоед. Бонувон ба асабхаробӣ ё хасташавӣ мубтало мегарданд. Имкони пайдо шудани дарди сар, ғамгинӣ ё бемадорӣ вуҷуд дорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Каме бад шудани вазъи саломатӣ ба касбу коратон таъсир мерасонад. Эҳтимол муносибататон бо ҳамкорон ва дӯстону наздикон бад мегардад. Қабл аз хоб сайругашт карда, як пиёла ширу асал нӯшед. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёде ба бор меорад. Ғалатҳои худро дар масъалае ба гардан гирифта, пушаймон намешавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз тамоми диққататон ба мушкилиҳои корӣ равона мегардад. Ба саломатии худ диққат диҳед, ба асабоният роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ дар муҳити ором истироҳат намоед. Дӯстдоштаи худро наранҷонед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Ҳангоми ба бозор рафтан чизҳои нодаркорро харидорӣ накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Қобилиятҳои кориятон баланд мегардад, вале хабар ё рафтори шахси наздик боиси хира гаштани табъатон мегардад. Вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Меҳнати коллективона дар ин рӯз самар намеорад, аз ин рӯ, танҳо ба қувваи худ умед бандед. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои он ки муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон нагардад, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Ин кор бо душворӣ даст медиҳад, вале сабру таҳаммул ба шумо мадад мерасонад. Айни замон мушкилиҳои ҷиддӣ пеши роҳатон намеоянд. Маблағи дар даст доштаро сарфакорона истифода кунед, рӯзҳои наздик маблағи хуб ба даст намеоред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст. Муносибататон бо ҳамкорон, дӯстон ва наздикон беҳтар мегардад. Вохӯрие имкон дорад, ки бароятон шодиву нишот меорад. Нимаи дуюми рӯз каме нотоб мегардед. Қабл аз хоб сайругашт кардан хуб аст. Маблағеро, ки кайҳо боз интизор будед, ҳамин рӯз ба даст меоред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳое имкон доранд, ки шуморо ба тағйиротҳои судманд водор месозанд. Вақте расидааст, ки зиндагиии худро беҳтар гардонед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, мушкилиҳоро рафъ намоед, то ки дигар пайдо нашаванд. Дар ҳаёти шахсиятон оромӣ ҳукмфармо бошад ҳам, ба тағйироти ногаҳонӣ омода бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз дар масъалаҳои пулӣ хеле сарфакор бошед. Ба касе қарз надиҳед. Ҳар чизе, ки бо сарф кардани маблағ вобастагӣ дорад, гузашт накунед. Ҳангоми харидорӣ намудани чизҳои даркорӣ ва хӯрока маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Вохӯрии ошиқона ногувориҳои зиёдеро ба саратон меорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бебарор аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан вазъиятро нағзакак ҳаллу фасл намуда, варианти беҳтаринро интихоб намоед. Маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале каме худро бемадор эҳсос мекунед. Дӯстдоштаатон бо рашкаш табъатонро хира мегардонад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҷодаи касбу кор танҳо бо майлу хоҳиши худ амал намоед. Вохӯриву масъалаҳои корӣ бобарор анҷом ёфта, даромади хуб ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳо имкон доранд, хусусан мардҳоро навигарӣ интизор аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Ба бурдбории рӯякӣ нигоҳ накарда, дар дилатон изтиробу асабоният ҷой мегирад. Барои он ки ба ғалат роҳ надиҳед, боқимондаи рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Саломатиятон аз шумо истироҳати бардавом ва чораҳои пешгирикунандаи бемориҳоро талаб мекунад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД